Имрӯз барои мардуми тамаддунофари тоҷик қисмат имтиҳони дигареро пеш овардааст. Бархе аз саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ ва азҳоби сиёсӣ барои халалдор кардани оромии кишвар бо истифода аз расонаҳои гуногуни хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ рахна ба мазҳабу ваҳдати бадастомадаи мардум зада истодаанд. Инҳо намояндагони ташкилоти терористиву экстремистии  наҳзатиҳоянд, ки агар дар кишвари мо қаноти парранда шиканад ҳам табли шодӣ мезананд ва барои ҳангомасозиҳои бемантиқ азм мегиранд.

Дар кишвари мо низ бо дасти наҳзатиён низ солҳои қабл амалҳои террористӣ дар ноҳияи Данғара, зиндонҳои шаҳрҳои Хуҷанду Ваҳдат ба вуқӯъ пайвастанд, ки масъулияти онро бо сабабҳои гуногуне ДИИШ бар дӯш гирифт. Ва мо албатта инро медонем, ки ДИИШ ваТЭТ ҲНИ дар ин самти манфиатҷӯёиву ҷангҷӯи шарики стратегиянд.  

Маҳалгароию тафриқа миёни мардумон ин аз паст будани маънавиёти онҳост. Мо бояд донем, ки афзоиши маҳалгароӣ ин теша задан ба решаи миллат ва арзишҳои миллӣ аст. Вале аз рӯи мушоҳидаҳо барало эҳсос мегардад, ки аллаккай ин падидаи манфӣ дар тафаккури ҷомеаи мо реша давонида истодааст.

Дар асл ба инсони поквиҷдону барӯманд, нексиришту ватандӯст ва боақл ягон инкишофи техникӣ сабаб шуда наметавонад, ки ҳаёти худро барбод дода ватани худро, оилаи худро ва ояндаи худро зери хатар бимонад.

Бо боварии комил иброз менамоям, ки касе ба ин тӯҳмати мазҳабфурӯшон дода нашуда, барои маҳкум намудани ақидаҳои моҷароҷӯёнаи наҳзатиҳо далелҳои инкоркуннадаро пайдо созанд. То тамоми мардум, бахусус наҳзатпарастҳо донанд, ки миллати тоҷик аз азал башардӯсту фидокор ва масъулиятшинос буд. Ва то кунун ин урфу одатҳои неки ниёгон сармашқи кори имрӯзиён аст.

Ин ҳама таблиғоти бемаъно танҳо ба хотири он аст, ки миллати мо ба ҳар гуна дасисаҳои нобакорон овара гашта, аз ҳоли рушд боз монад.

Мо бояд барои амалигашти чор ҳадафи кишвар мусоидат намоем, то зиндагониамон аз ин ҳам ободтару озодтар ва Истиқлолияти кишварамон ҷовидон бошад.

Бобоҷонова Н.И.          сардори маркази тахсилоти фосилавӣ