Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ шинохта шудааст ва ин амал аз ҳар як шаҳрванди соҳибҳуқуқи кишвар тақозо менамояд, ки сатҳи маърифат ва фарҳанги сиёсии худро афзун намоянд. Дар воқеъ, имрӯз маърифати сиёсии шаҳрвандон боло рафтааст, ки инро мо дар ҳаёти ҳаррӯза аллакай мушоҳида карда истодаем.

Сиёсати сулҳхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ҷиноятпешагон ва ифротгароёнро мегиранд. Азбаски халқи Тоҷикистон нисбат ба сарвари оқили худ меҳру муҳаббати беандоза дорад ин ғояҳои вайронкорона ҳоло дар ибтидои сабзиш решакан мешаванд.

Таъмини амният ва оромиву осудагӣ миёни мардумони кишвар дар мадди аввали таваҷҷӯҳи Пешвои миллат қарор дорад. Ин аст, ки дар баробари дигар масоили ба ин муаммо вобаста аз рафти фаъолияти кормандони мақомотҳои дахлдор натиҷагирӣ карда шуд, ки имрӯз сифати кор ва натиҷаи ба даст омада, ҳукумати кишварро маҷбур сохтааст, то ба хотири рафъ намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои пешгирикунандаро биандешад.

Наҳзатиёни ифротгаро бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ бо таҳдид баён доштаанд, ки мақомоти давлатӣ ба корҳои сиёсие даст зада истодаанд ва намеандешанд, ки охираш бо бадӣ анҷом меёбад. Бо ибрози ин фикраш Кабирӣ рӯи рост тарафи мо таҳдид карда истодааст. Инчунин тӯҳмат зада истодааст, ки ҳазорон аз набудани волоияти конун гуё аз давлат фирор карда истодаанд. Ин баръакс аст, Кабирӣ инро ту низ медонӣ, ки замоне Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон барои фирориёни ҷанги бародаркушро ба ватан баргардонидан, борҳо ҷони хешро ба хатар гузошт, то эшон дар миллати худ дар зодгоҳи азизи худ, зиндагии арзанда дошта бошанд. Устоди тӯҳматчиён шудаед, куллатон, ки чанде пеш ҳодисаи куштори сайёҳонро ба ДОИШ бало монда будед, акнун ба фикрам тирро ба хадаф расонида натавонистед, ки инро чониби мақомотҳои давлатӣ ҳавола додед. Шояд шумо шунидаед, ин ҳодисаро, ки кадом ҷониб содир намудааст, мо бошем дидем бо ду чашми сар, ки шогирдони "вафодор"- шумо бо амри бевоситаатон ба ин амали нангин даст задаанд.

Ин суханон дар назди ҳама як худсафедкуниро мемонад ва бояд қайд намуд, ки ин худсафедкунии Кабирӣ ягон асосе надорад. Чунки он намояндагони ҳизб, ки тибқи қонунҳои амалкунанда ба ҳабс гирифта шудаанд, бевосита дар асоси факту далелҳои раднопазир гуноҳашон исбот гардида, дар ҳодисаҳои рӯй дода, исён қатлу куштор ва ё табадуллоти давлати даст доранд. Зеро аъзоёни фаъоли ҲНИ, мақсад доштанд, ки тавассути ин хама амалиётҳои ҷангӣ, аз ҷумла табаддулоти давлатӣ сулҳу суботи ҷомеаро аз байн бурда, Ваҳдати миллиро поймол созанд ва хушбахтона ин амали нангин ба бахти миллати тоҷик ба нокомӣ дучор гардид.

 

Низомадинова Р. А. 

ДПДТТХ