Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ шинохта шудааст ва ин амал аз ҳар як шаҳрванди соҳибҳуқуқи кишвар тақозо менамояд, ки сатҳи маърифат ва фарҳанги сиёсии худро афзун намоянд. Дар воқеъ, имрӯз маърифати сиёсии шаҳрвандон боло рафтааст, ки инро мо дар хаёти ҳарруза аллакай мушоҳида карда истодаем.

      Баромадҳои Муҳиддин Кабирӣ моро водор месозад, ки гӯё ба андешаҳои ӯ ва аъзоёнаш, ки дар Аврупо ва созмонҳои байналхалқӣ баромад намуданд боварӣ ҳосил намоем, аммо афсӯс.  Он  чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.

Ин суханон дар назди ҳама як худсафедкуниро мемонад ва бояд қайд намуд, ки ин худсафедкунии Кабирӣ ягон асосе надорад. Чунки он намояндагони ҳизб, ки тибқи қонунҳои амалкунанда ба ҳабс гирифта шудаанд, бевосита дар асоси санаду далелҳои раднопазир гуноҳашон исбот гардида, дар ҳодисаҳои рӯй дода, исён катлу куштор ва ё табадуллоти давлатӣ даст доранд. Зеро аъзоёни фаъоли ҲНИ, мақсад доштанд, ки тавассути ин ҳама амалиётхои ҷангӣ аз ҷумла табаддулоти давлатӣ сулҳу суботи ҷомеаро аз байн бурда, Ваҳдати миллиро поймол созанд ва хушбахтона ин амали нангин ба бахти миллати тоҷик ба нокомӣ дучор гардид.

Аз ҳодисаҳои вақтҳои охир ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи аъзоёни ҲНИТ ба амал омада истодааст, ин нанговар аст.   Дар ҳақиқат ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҲНИТ бениҳоят боварии калон дошт, мардум фикр мекарданд, ки ин ҳизб дар хақиқат барои манфиати халқу миллат кор мебарад ва барои пешрафти Тоҷикистон саҳмгузор мебошад, чунки ин ҳизб ҳизби амалкунанда мебошад.

Солхои охир мардуми кишвар  ба ин ҳизб боварӣ пайдо намуда аъзо мешуданд, дареғо ки аъзоёни ин ҳизб ба номи исломе, ки тозаву пок аст доғ оварданд. Пас ба кӣ бовар кунем…..

  Имрӯз ки Тоҷикистони азизи мо гул-гул шукуфта истода аст ва мо мехоҳем, ки барои пешрафти он саҳмгузор бошем ва аз ҳавои сулҳу осоиштагӣ нафаси озод кашем. Ба қавле шоир фармудааст:

Мардуми Тоҷикистон ҳодисаҳои солҳои 1992-94-ро ҳеҷ гоҳ фаромӯш наменамояд, чунки он солҳо халқ ташнаи сулҳу субот буд ва ин сулҳу осоиштагӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Ҳамаи   ҷонфидоиҳои  фарзанди фарзонаи миллат Пешвои мардуми тоҷик ҷаноби олӣ-Эмомалӣ Раҳмон буд. Шаҳрвандони Тоҷикистон намехоҳанд, ки ин тинҷиву оромиро боз аз даст диҳанд. Мардум пайваста баҳри ободонии кишвар камар мебанданд, то боз ҳам кишвари мо гул-гулшукуфон бошад ва фарзандони мо дар фазои сулҳу субот умр ба сар баранд.

 

Мавлонова Маърифат                                          

мутахассиси шуъба