Ҷавонони кишвар ҳидоятнамоеро, ки роҳбари давлат дар паёми имсолаи хеш изҳор доштаанд, ҳамеша мақсаду мароми ояндаи худ қарор дода, ба иҷрои содиқонаи онҳо чун вазифаҳои муқаддаси кастиву инсонии хеш камари ҳиммат хоҳем баст ва барои гул – гулшукуфии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.

Дар шароити кунунӣ ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа зарур аст, то ки амнияти миллии кишварро таҳти фаъолияти созандаи худ устувор гардонем ва бар зидди гурўҳҳои ифротгаро муборизаи беамон баранд.

Ин тадбирҳо метавонанд пеши роҳи воридшавии ақидаҳои бегонаву ифротгароро гиранд ва ба фаҳмишу ҷаҳонбинии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон таъсири мусбат расонанд.

Тавре, ки аз баромаду паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат ба ин қишри ҷомеа беш аз пеш буда, ояндаи миллатро пурра ба ҷавонон нисбат медиҳанд. Ва ба ин нерӯи созанда ва бунёдкор итминони комил низ доранд.

Мо бояд ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи неку пурмаҳсул меҳнат намуда, ҳамагонро ба таҳкими сулҳу ваҳдат, Истиқлолият ва давлатдории миллӣ даъват намоем. Моро зарур аст, ки дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳмгузор бошем ва баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани азиз сина сипар созем. Бар зидди мухолифону хиёнаткорони ватан мубориза бурда, афкороти ифротии эшонро маҳкум намоянд, зеро ҳеҷ гоҳ қавму миллати тоҷик, гузаштагони тоҷик чунин хиёнаткору ифротгар набуданд. Аз ин лиҳоз ин ҷо замини поки муқаддасон буд ва хоҳад монд.

 қаюмова С.А.                                                                              кафедараи Молия ва қарз