Саодати ҳар як халқу миллат аз он иборат аст, ки миллати ободу озод ва соҳибистиқлол дошта бошад. Мардумонаш закию зиррак ва ҳушёрии сиёсӣ дошта бошад, чун дар гирдбоди бархе магасон фурӯ нараванд.

Мо миллати озодем ва насли озодагонем. Ҳамин асолати миллии мо буд, ки бар зиддии ҳамаи нерӯҳои ифротгаро муқовимат намуда, решаи наҳзатиҳои терористро ҳанӯз аз давраи сабзишаш решакан мекунем. Мо рисолати худро ҳамеша дар назди хақу Ватан иҷро намуда, барои мубориза бо чунин нобакорҳо дар канор нахоҳем истод. Зеро мо миллати башардӯсти тоҷик медонем ва аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат баҳра гирифтаем, ки нерӯе дар ин гетӣ тавонотар аз қудратӣ тавонои некӣ нест ва қудрате азимтар дар ин ҷаҳон аз қудрати тавонои озодӣ нест.

Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш бояд донанд, ки мо қувваи шикастнопазир дорем ва аз чунин баромаду изҳоротҳои бӯҳтонагези нокасон нахоҳем тарсид. Мо ҷавонон ба хотири зинда нигоҳ доштани номи ҷовидони онҳое, ки ба хотири манфиатҳои миллиамон сина сипар сохтаанд, талоши худро дареғ намедорем. Ба ҳамин маъни ҳамчун як шаҳрванди кӯчаки Тоҷикистон хостори онам, ки арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии бузургам фарохтар ва гироишҳои он бобақотар шавад ва умри безаволи миллатам дар қатори тамаддунҳои дигар поянда монад ва намиранда гардад, зеро ҳастии миллат ҳастии ман аст. Истиқлолу ваҳдаташ тамомии зиндагӣ ва уммеду орззуҳои чандинасраи мардумон аст.

Мо набояд побанди “дилсӯзӣ”-и Кабириву хоҷагони манфиатҷӯ ва терористон шавем. Мо бояд дарк намоем, ки созандаву бунёдкори миллат танҳо сарсупурдагони ҷоннисорони миллатамон ҳастанд. Ҳеҷ гоҳ бегонае хону хонаи моро обод нахоҳад кард. Агар мо имрӯз ба суханони тӯҳматгини он носипосон гӯш диҳем, онҳо доди  моро боло хоҳанд кард, на ба доди мо расид. Он суханрониву баромадҳои бемантиқи Кабирӣ аз САҲА ва дигар созмонҳо танҳо он аст, ки ин василаи баҳамовардани хоинон аст. Дигар ҳадафе надоранд, чун худро инқадар сухандону доно мепиндоранд. Вагарна як нафаре, ки аз “тӯдаи доноҳо” мебуд, ин ҳеҷ гоҳ ба дасисаву ҳангомасозӣ, ки мардумро иғво меангезанд, даст намезаданд. Дар ҳақиқат замоне миллат бо айби ҳамин миллатгароён ба вартаи ҷанги хонумонсӯз гирифтор шуду касе бо матонати мардонагӣ барои хомӯш кардани оташи ҷанг ҷасорат карда натавонист. Пешвои муаззами миллат аз  рузе, ки ҳамчун сарвари давлати тоҷикон интихоб шуд, тамоми тоҷикони ҷаҳонро, ки фирори шуда буданд, сарҷамъу якҷо кард.

 

Мавлнова Маърифат                              сарлаборанти ДПДТТ