Миллати тоҷик, ки тӯли қарнҳо арзи ҳасти намудааст, имрӯз низ мақому манзалати хешро дар байни дигар давлатҳо дар арсаҳои баландпояи ҷаҳонӣ муаррифӣ  менамояд ва Тоҷикистон чун ба маънои томи худ тоҷдор бо халқу мардуми куҳантамаддунаш  бо пояҳои устувору мустаҳкам ҷовидона боқӣ мемонад. Дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо бисёр миллату халқиятҳо арзишҳои миллии худро гум намуда, дар натиҷаи нофаҳмию нобасомониҳо сол аз сол амнияти сиёсии худро аз даст дода истодаанд. Туфайли он нафароне, ки ба хотири имрӯзу фардои мо ҷоннисориҳо кардаанд, то имрӯз ҳамаи мо тоҷикони соҳибтамаддун дар замони орому осоишта зиндагӣ намуда истодаем. Аз ин лиҳоз мо бояд фарҳанги бойи миллатамонро пос дошта, якпорчагии ин марзу бумро ҳифзу ҳимоя намоем. Пас бояд ҷавонон дар вобастагӣ ба вазъияти имрӯзаи кишвар тамоми қувваи маънавии хешро сарф намуда, душманонро бо маърифати худ забонкӯтоҳ намоем.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш ҷавононро ҳамчун нерӯи бузурги ояндасоз эътироф намуда, барои рушди зеҳнии онҳо шароити мусоидро фароҳам меоварад. Аммо тавре аз мушоҳидаҳо аён мегардад, нафаронеро низ вохӯрдан мумкин аст, ки имрӯз тақдирашонро дар майдони хунину набарди давлати Сурия ва Ироқ пайваста истодаанд. Бо ин рафторашон ба ҷони ҷавони худ ҷабр намуда, наздикону пайвандони худро дар вазъияти ногувор гузошта истодаанд.

 Воқеаҳое,  ки имрӯз дар кишварҳои арабиву Украина рух додаву то имрӯз ба вуқӯъ омада истодаанд, баёнгари гуфтаҳои болоианд. Азбаски ҷавонон қишри асосии ҷомеаро дар бар мегиранд, маҳз гурӯҳҳои тундрав ба ин насл бештар такя мекунанд. Он ҷавоне, ки донишу маърифати сиёсӣ дораду хатари оқибатҳои ин амалро бахубӣ дарк мекунад, худро дур аз ин амалҳои номатлуб мегирад. Мутаассифона, иддае аз ҷавонон даргири банди ҳавову ҳавас ва афкори бегона монда, худро қурбони ҷаҳолат мекунанд.

Ашурова Ш.                   

Устоди ДПДТТ