Мо хуб медонем, ки бо айби бархе “исломдонҳо”- и аз ислом бехабар барои манфиатҳои худхоҳон кор карда, вазъи тамоми оламро муташанниҷ карданианд. Ва ин Илҳом Ёқубови базӯраки илҳомпайдокарда чи васвасаҳои меандешаду гӯё амалӣ мекунад. Маълум аст, ки ин бадкешон аз рӯи ин амали худ пули муфте ба даст меоранду ба ин воситаи ба мисоли “ҷаноби Кабирӣ” сармояву молу мулкро ҷамъ менамоянд.

Барои тамоми оламиён мусаллам аст, ки бо ташаббусҳои фитнаҷӯёне ҷаҳони имрузаро падидаҳои номатлуб аз қабили пайдошавии гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва сиёсатбозиҳои “сиёсатмадорон” фаро гирифтааст. Ва дар ҳамин баробар минбари розу ниёзи ин “сиёсатмардорон” сомонаҳое ҳастанд, ки бо воситаи ақидаҳои тундгарои ин нохалафон миёни мардуми олам иғвову дасисаҳо меангезанд.

Миллати тоҷик ба осонӣ суҳлу ваҳдатро ба дас наовардааст, ки онро инқадар осон аз даст диҳад. Сулҳе, ки онро миллати тоҷик соҳиб аст, на танҳо давлату миллатии моро аз гурӯҳбозону тафриқаандозон наҷот дод, балки дар дилу дидаҳои мардум донаи уммед аз ояндаи неку дурахшон ва саодатманди дар зиндагонии шоистаро эҳдо намудааст. Шукрона ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ки фазои ниҳоят озоду хуррами Ватанро фаро гирифта. Зеро ин таҷрибаи сулҳофаринии миллати моро ҳазорон аҳсант хондаву ситоиш карда.

Он “ватандор”- е, ки ҳатто маҳфуми Ватанро намедонад, бо ин ки номи муқаддаси Ватанро ба забон мегирад, ба миллати худ ҷабр мекунад, касифи меоварад. Айнан ба мисоли наҳзатиҳо, ки худро “ватанхоҳ” эълон карда, дар назди сафорати “Ватан” - и худ дар кишварҳои Аврупо бар зидди он садо баланд карда ҷангида истодаанд.

Аминам, ки ин шармандагии хоинони ватанфурӯшро тамоми мардуми шарафманди тоҷик эътироф менамоянд ва бар зидди ақидаҳои нопоки онҳо вокунишҳо нишон хоҳанд дод.

 Гайбуллоева Д.А.                                                      кафедраи Молия ва қарз