Ҳар як халқу миллат аз замонҳои қадим мехост ба худ як ҷой ва мақомеро ба даст оварад, ки он барои инкишоф додани ояндаи худ мутобиқ бошад. Халқи тоҷик низ яке аз ҳамин халқиятҳо ба ҳисоб меравад, ки аз қадим мубориза барои ба даст овардани истиқлолият кӯшиш мекард ва ин кӯшиши халқ бесамар набуд. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон ба яке аз дастовардҳои нодиртарин, ки ин Истиқлолияти давлатӣ мебошад ноил гашт. 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти худро эълон кард, орзӯи деринаи халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшид. Аз оғози истиқлолият Тоҷикистон ба бисёр чиз ноил гашт, ки асоситарини он қабули Конститутсия мебошад. Баъд аз истиқлолият Тоҷикистон ба мушкилиҳои бисёр рӯ ба рӯ гардид. Ба ин мушкилиҳо нигоҳ накарда барои пойдор сохтани давлат қонунҳои муҳиме қабул ва баррасӣ карда шуданд. Баъди қабули Конститутсия Тоҷикистони соҳибистиқлол пули ягонаи худро ба муомилот баровард.

Барои мустаҳкам намудани пояи давлати ҷавон Пешвои миллат яъне Эмомалӣ Раҳмон кӯшишҳои зиёде намуда натанҳо давлати моро ҳаматарафа рӯ ба тараққӣ раҳсипор намуданд, балки марому мақоми тоҷиконро дар тамоми ҷаҳон баланд бардоштанд. Тоҷикистон баъд аз қабули истиқлолият Артиши миллии худро низ таъсис кард, ки он рӯз аз рӯз пурқувват шуда истодааст. Вақте ки артиш ташкил шуд, амнияти давлат низ пурқувват мегардад. Баъд аз пойдор гардидани пояи давлат, давлатро бояд давлатҳои дигар низ шиносанд, ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам ҷиҳати иҷтимоӣ. Барои мустаҳкам кардани пояи давлатдории Тоҷикистон Президени мамлакатамон ба давлатҳои дигар шартномаҳои судманд бастанд, ки барои пешрафт ва шукуфоии мамлакат имкониятҳо фароҳам омаданд, инчунин бо бастани шартнома робитаҳои худро бо мамлакатҳои хориҷа мустаҳкам карда истодаем.

Якумин дастоварди миллат ин истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки барои халқи тоҷик ин яке аз дастоварди муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Дуюмин дастоварди муҳими давлати навбунёд ин ташкил кардани Артиши миллии худ мебошад, ки барои мустаҳкам кардани марзу буми ин кишвари навташкил яке аз дастоварди муҳим низ ба ҳисоб меравад. Сеюмин дастоварди бузурги мардуми тоҷик ин қабул шудани Конститутсияи нави он мебошад. Дар ин Конститутсия бисёре аз қонунҳои муҳими давлатдорӣ ҷорӣ ва баррасӣ карда шудааст, ки то ҳол аз рӯйи ин қонунҳо тамоми ҳалқ дар як чаҳорчӯбаи муайян кор ва фаъолият карда истодааст.

Яке аз дастовардҳои дигари даврони истиқлолият ин пойдор намудани сулҳ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ин ҳаёти халқи тоҷикро куллан дигаргун сохт. Чуноне ки мо аз таърих медонем, ҷанге, ки дар Тоҷикистон шуда гузашта буд, бар сари халқи тоҷик бисёре аз мушкилотҳоро овард.

Дастоварди дигари Тоҷикистон ин ба муомилот баровардани пули ягонаи миллии он мебошад. Дар давлате, ки асъор нест, он давлат ягон зарра тараққӣ ё пеш намеравад, аз ҳамин сабаб Тоҷикистон низ аз соли 2000 пули ягонаи худро яъне “сомонӣ”-ро ба муомилот баровард.

Тоҷикистон дар давраи истиқлолияти ба бисёр дастовардҳои хурду бузург ноил гаштааст.

Расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, ки яке аз муҳимтарин дастоварди давлат ба ҳисоб меравад.

Ташкил шудани парламенти Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси Намояндагон, ки барои ҳаллу фасл кардани қонунҳои хурду бузург ёрии хеле калон мерасонад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат кишварамон баъзе аз ҷашнвораҳои халқи Ориёӣ яъне ҷашни Наврӯз, ки тамоми дунё ҳамчун ид ҷаҳонӣ ҷашн мегиранд. Ин ҳам яке аз дастоварди бузурги даврони истиқлолият мебошад.

Дастоварди дигари байналмилалии мо халқи тоҷик дар солҳои охир ин бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ки дар минбари СММ истода бо забони тоҷикӣ соли 2018-2028-ро соли “Амал об барои рушди устувор” эълон карданд мебошад.

Дар инҷо мо ба хулосае омада метавонем, ки Тоҷикистони соҳибистиқоли мо дар тӯли 28 соли Истиқлолияти худ ба дастовардҳои хурду бузург ноил гаштааст ва он мақсадҳое, ки дар назди худ гузоштааст дар оянда низ метвонад ба ин ҳадафҳои худ расад ё ба даст орад.

 

Машарипова М.Э.

ДПДТТХ