Экстремизм яке аз зуҳуроти хатарноки амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.  Равандҳои экстремистӣ ба аз байн рафтани арзишҳои инсонӣ, меъёрҳои эътирофшудаи ахлоқ ва қонун мусоидат намуда, ба мавҷудияти ҷомеаи ҳуқуқбунёд таҳдид мекунад. Тадқиқотчиёни муосир қайд менамоянд, ки равандҳои экстремистӣ ҳамчун падидаи манфӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ зиёда аз 100 сол пеш ба вуҷуд омадааст. Миллатгароӣ,  фашизм, рад кардани гуногунии қавмӣ ва мазҳабӣ, сепаратизм ва терроризм,  унсурҳои асосии экстремизми муосир мебошанд.

Сабабҳои асосии пайдоиши равандҳои экстремистӣ пеш аз ҳама мавҷудияти муаммоҳои  иҷтимоию иқтисодӣ, паст гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, заиф гардидани ҳокимияти давлатӣ ва интизоми иҷроия; ташкили гурӯҳҳои мухолифи иҷтимоӣ,  афзоиши зуҳуроти поймолкунии шаъну эътибори миллӣ ва ғайра шуда метавонанд. Ташкилотҳо ва ҳаракатҳои экстремистӣ, сарфи назар аз санадҳои конститутсионӣ ва қонунҳои дигар, амали сиёсии худро анҷом медиҳанд. Умуман ҳаракатҳои экстремистиро ба намудҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:

Экстремизми сиёсӣ;

Экстремизми миллӣ;

Экстремизми динӣ;

Экстремизми экологӣ ва ғайра.

 Экстремизми сиёсӣ ин ҳаракат алайҳи системаи конститутсионии мавҷуда мебошад. Экстремизми миллӣ зери шиорҳои ҳимояи «як халқ», манфиатҳои иқтисодии он, арзишҳои фарҳангӣ, бар зиёни намояндагони дигар миллатҳо амал мекунад.

Экстремизми динӣ ҳамчун таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ихтилофи намояндагони ҳамон ва ё дигар дин пай бурда мешавад. Дар солҳои охир, мушкилоти экстремизми исломӣ боз ҳам шадидтар гардид. Таърихи муноқишаи исломӣ аз Ҷиҳод сарчашма мегирад. Муҳаққиқони ислом сабаби пайдоиши экстремизми диниро дар нодуруст шарҳ додани истилоҳҳои "ҷиҳод" мебинанд. Баъзе аз аҳкоми динӣ ин мавҳумро нодуруст шарҳ дода, моҳият ва мазмуни ахлоқии худро таҳриф мекунанд. Аслан маънои асосии он мубориза бо бадӣ ё мубориза барои зиндагӣ тибқи қонунҳои ислом тарҷума мешавад. Қуръон мегӯяд, ки иҷозати ҷанг ба онҳое дода шудааст, ки мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, ва онҳо аз беадолатӣ азият мекашанд ва Худо қодир аст ба онҳо кумак кунад.

Экстремизми экологӣ  - нуқтаи назари радикалиро нисбати ташкилотҳо ва корхонаҳое, ки ба бад шудани вазъи экологӣ мусоидат мекунанд, ифода менамояд.

Фаъолияти экстремистӣ метавонад бо истифодаи васоити ахбори омма, ки барои интишор, даъват ба фаъолияти экстремистӣ ё зарурати чунин фаъолият, истифода бурда мешавад, ба роҳ монда шавад. Хатари паҳншавии экстремизм фавран тақвияти чораҳои пешгирии зуҳуроти номатлуби сиёсиро тақозо мекунад. Вобаста ба ин, дар баробари тадбирҳои амалӣ, лозим аст фаъолиятро дар самти мустаҳкамкунии асосҳои ғоявӣ,  пурзӯр намуд. Пеш аз ҳама бояд таҳқиқотҳои илмии пояҳои таърихӣ, фарҳангӣ, фалсафӣ ва иҷтимоию сиёсии равандҳои мухталифро ба роҳ монда, дар байни ҷавонон корҳои дахлдори тарбиявӣ, тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида шаванд.

Ахмедова М.М.

ДПДТТХ