Имрӯзҳо ҳолати фаъолияти терроризм тавре шакл гирифтааст, ки аз кӯдаки хурдсол то мӯйсафед метавонад ин амали носозро содир кунад. Бинобар ин, дар назди кишварҳои олам ва ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифаи меҳварӣ – бо роҳҳои самараноку таҳқиқшуда ҳарчӣ зудтар маҳв ва ё паст намудани сатҳи фаъолияти ин зуҳурот даҳшатафкану нафратовар меистад.

Аз ҷумла, мутобиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2019 чанде аз занон ва кӯдаконе, ки ҳамроҳ бо оилаҳои гумроҳшудаи худ ба сафи ДИИШ ва дигар неруҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, ба Ватан баргардонида шудаанд, ки иҷрои ин амали хайрхоҳонаи Пешвои муазами миллат барои дигар мақому манзалати инсондӯстонаи миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ баландтару устувортар намуд.

Раванди ҷаҳонишавӣ бо вусъати фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва гурӯҳҳои муташаккил фаромарз, ҳимояи осудагӣ ва сулҳу суботро барои ҳар як шаҳрванди диёр бояд ба вазифаи аввалиндараҷа мубаддал гардонад. Зеро ҳеҷ ҷойи шаку шубҳа нест, ки шабакаи байналмилалии Интернет як майдони васеи судманд барои паҳн намудани ҳама гуна ақидаю мафкура мебошад, новобаста аз он ки чунин фаҳмишҳо самараи мусбат ба бор меорад ва ё манфӣ.

Албатта, муноқиша ва амалҳои номатлубе, ки байни миллатҳо ва дину мазҳабҳо мегузаранд, пеш аз ҳама, равияҳоеро ба вуҷуд овардаанд, ки алакай тӯли асрҳо нишонаи онҳо дида мешуданд, вале асри техникию техналогияҳои навин ин ҷараёнро боз ҳам даҳчанд вусъат дода, рушдашонро бештар намудааст.

Дар бораи куштори одамони зиёд ҷанги шаҳрвандӣ ва бародаркуши солҳои 90-уми асри пешин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро мо калонсол нағз медоним ва хуб дар ёд дорем, гузаштаи айём собит намудааст, ки таҳдоби саркардаи ин ҳама ҷангу низоъ худи маслакону пайравони  ҲНИ буданд. Амалҳои террористии водии Рашт, ки боиси марги 25 сарбози бегуноҳ шуд, кӯшиши табаддулоти давлатии соли 2015, марги фоҷеабори саёҳони  бегуноҳ Данғараи вилояти Хатлон ва ҳуҷуми 20 нафар шахси ниқобдори ин гурӯҳи ба дидбонгоҳи сарҳади “Султонобод”-и ноҳияи Рудакӣ, аллакай ба тамоми ҷаҳониён маълум кард, ки ин ҳама амалу тарҳи разилона кор ва иқдоми аъзо ва роҳбарияти ин ҳизби мамнӯъ мебошад.

Мардуми шарифи кишвар аз кинаву ғараз ва нияту нақшаҳои нопоки ташкилоти экстрамистӣ-террористии ҳизби мамнуъншудаи наҳзати ислом ба хубӣ огоҳӣ доранд. Хусусан, пинҳону ошкоро амал намудани хоинони миллати тоҷик, ки тариқи навориҳо мехоҳанд ҷавононро ба доми фиреби худ бикашанд. Ростӣ, чунин аз таърихи хиёнаткории назҳатҳо, баъди Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ хуб огоҳем, ки ин ташкилоти террористӣ ҳамеша бадандешиву бадниятиро пешаи хеш қарор дода, бо роҳнамоиву ҳидоятҳои хоҷагонашон фаъолияти таҳрибкорона дорад. Вале набояд фаромӯш кард, ки имрӯзҳо ҷавонон, падару модарон ва умуман миллати тоҷик аз кирдорҳои паси пардагии онҳо огоҳ шудаанд ва дигар ҳама кӯшиш мекунанд, ки фирефтаи чунин амалҳои ҳангомаҷӯёна ва муғризонаи онҳо нагарданд.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар мубориза бо наҳзатиён ва саркардагони гурӯҳи онҳо зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки зиёни хоинон ба Ватани маҳбубамон расад.

 

Башиков И. Т

ДПДТТХ