Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам хориҷи он ҳамеша ғамхорию  пуштибонӣ менамоянд.

Моҳи майи соли ҷорӣ аз давлатҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ 85 нафар кӯдакони тоҷик баргардонида шуданд, ки амали хайру савоб буда, аз муҳаббати беандозаи Ҳукумати мамлакат ва бетараф набудан нисбат батағдири шаҳрвандони кишвар шаҳодат медиҳад. Ин иқдом идома ёфта, аз Ҷумҳуриҳои Покистону Афғонистон низ кӯдакони волидайни гумроҳ, ки ҷони фарзандони худро ба хатар гузошта, ҳамроҳи худ бурда буданд ба Ватан баргардонида шуда истодаанд.

Яке аз оилаҳои гумроҳу осебпазир Ҳошимов Наҷмиддин Ёкубҷонович, соли таваллудаш 1980 аъзои  ТТЭ ҲНИ ва ҳамсараш Алиева Муноҷот Акбаровна, соли таваллудаш 1985, ки зода ва истиқомат-кунандаи ноҳияи Спитамен, ҷамоати деҳоти Тағояк, деҳаи Тагояк мебошанд, фарзандони хурдсоли худ Ҳошимов Абдулло соли таваллудаш 2008, Ҳошимова Раҳимахон, соли таваллудаш 2010, Ҳошимова Ҷамила, соли 2013 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таваллуд шудааст, бар асари ифротию гумроҳшавӣ ба давлатҳои ҷангзада бурда, онҳоро хору зор ва аз хушбахтии кӯдакӣ маҳрум намудаанд.​ 

Вақте шахс мусоҳибаи хабарнигор Фарзона Муродиро бо кӯдаки 11 сола Абдулло Ҳошимов, ки санаи 25 майи соли ҷорӣ ҳамроҳи ду хоҳарчаи хурдсолаш бо кӯмаки мақомоти амният аз Афғонистон ба зодгоҳашон оварда шуданд, шинос мегардад, бешубҳа ба ҳайрат меафтад ва аз ҷоҳилию беақлии волидайне, ки ҷигарбандони худро ба сӯи ҷаҳаннам мебаранд, тааҷҷуб ва нафрат мекунад.

Абдулло Ҳошимов, ки имрӯз бо гуноҳи волидайн аз ду пой маҳрум гаштааст, нақл мекунад, ки ҳанӯз дар синни 2,5 солагиаш падару модар ӯро ба давлатҳои ҷангзадаи Покистону Афғонистон бурда, ба ҷои сабақи хондану навиштанро омӯзонидан ба ӯ кор бо яроқу аслиҳа, истифодаи яроқи оташфишон ва сохтани маводи таркандаро омӯзонидаанд.

Дар яке аз задухӯрдҳо волидайни Абдулло кӯдаки ноболиғи худро ҳамроҳ бурда, дар майдони ҷанг дар хунукии қаҳратун танҳо гузоштаанд, ки аз хунукӣ ду пои худро аз даст дод. Аз суханони Абдулло маълум мегардад, ки дар беморхонаи Афғонистон ҳатто бе доруи мадҳушкунанда пойҳои ӯро бурида, ҳаёти кӯдакро наҷот доданд. Дар ҳамон задухӯрди мусаллаҳона волидайни Абдулло ҳалок гаштаанд.

Дар мусоҳиба падари Ҳошимов Наҷмиддин –Ҳошимов Ёкубҷон дарду ҳасрати худро аз фарзандони роҳгумзадаю нохалафаш бо сӯзу гудоз чунин баён намудааст: “Садҳо, ҳазорҳо бор лаънат ба ҲНИ мегӯям, ки хок бар софии осмони беғубори мо пошид. Ман одами пир ғайр аз ҳамин ҳизби террористӣ-экстремистӣ номи дигар ҳизбҳоро намедонам. Аммо сарчашмаи бадбахтиҳои оилаам, ки писаронам Наҷмиддин ва Акмал беватану бекафан зиндағарибу мурдағариб шуданд танҳо касофати ҲНИ аст. Зеро баъди ошкор шудани фисқу фуҷур ва ғаразҳои ин ҳизби лаънатӣ писарони ман хурофотию ифротӣ шуданд. Имрӯз писари калониям, ки солҳои дароз дар мулки рус буд танҳо монд. Солҳои қаблӣ болу параш - ду додари ҳамқадаш буданд. Фикру ақидаҳои додари калонияш Акмалро наҳзатиҳо вайрон карда дар ҳама баду бало ҳамроҳ карданд”.

Аз суханони падари бадбахтгашта Ёқуб Ҳошимов маълум мегардад, ки писари ӯ Акмал дар ҷиноят ва амали террористӣ ба муқобили кормандони Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил даст дошта, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум гашта буд. Аммо ин ҷинояткори ашаддӣ аз кирдори худ пушаймон нагашта, дар “исёни” маҳбусони маҳбасхонаи Ваҳдат иштирок намуд ва кушта  шуд.

Фоҷиаи фарзандони Ёқуб Ҳошимов, ки имрӯз боиси ғаму ғусса, сархамӣ ва шикастадилии волидайни онҳо гаштааст, бори дигар мақоли пурҳикмати халқро тасдиқ менамояд:

Фарзанди хуб, боғи падар,

Фарзанди бад, доғи падар.

Сарнавишти талху фоҷиаомези оилаи Ҳошимовҳо бори дигар далели он аст, ки ТТЭ ҲНИ саркардаву сарвари гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, гунаҳгори тамоми бадбахтиҳои садҳо оилаҳои ҳамватанони мо буда, имрӯз боиси нафрати мардум гаштааст.

Ҳамин тариқ, сарнавишти оилаи Ҳошимовҳо моро ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба тақдири фарзандони худ бетараф набошем, ба хотири пулу пайсаи бегонагон Ватан, модар, шарафу номус ва дину мазҳаби худро нафурӯшем.

 

Тошхӯҷаев Н.А.

Сардори шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегӣ 

 ДПДТТХ