Имрўз масъулияте, ки мо дар назди халқамон, дар назди наслҳои ояндаи миллати куҳанбунёдамон дорем, беш аз пеш меафзояд. Зеро инсоният дар шароите ба асри XXI ворид гардид, ки сиёсати ҷаҳонӣ куллан тағйир ёфтааст. Ҳатто дар муддати соли гузашта ва баъд аз он пеши назари мо дар фазои геополитикии дунё дигаргуниҳои бунёдӣ рух доданд. Равандҳои глобализатсия босуръат идома доранд ва имрўз инсоният бо таҳдиду хатарҳои наве рўбарў шудааст, ки муносибати комилан навро тақозо мекунанд.

Аз ин рў, мо бояд роҳу равиши худро аз ҳамин мавқеъ, яъне бо назардошти вазъи мураккаби ҷахон ва дар айни замон манфиатҳои умумимиллии давлати хеш тарҳрезӣ намоем. Ин маънии онро дорад, ки дар дилу дидаи ҳар як тоҷикистонӣ мафҳуми Ватан, Миллат, Модар, Марзу Бум муқаддас ва азиз бошад. Мо бояд ҳар як хиёнаткор ва кўрнамаки ин мафҳумҳоро зери хок карда тавонем. Нагузорем, ки ҳатто пашша барин ҷонзод ба фазои Истиқлолият рахна эҷод намояд.

Ин кирдорҳои аблаҳонаи шахсони хиёнаткор ношукрӣ ва кўрнамакӣ ба Ватан, миллат ва Президенти мамлакат арзёбӣ гардида, амалҳояш дар саҳифаҳои Истиқлолияти кишвар чунин бедодгариҳои ҳамсангарҳояш дар солҳои навадуми қарни гузашта бо ҳарфҳои сиёҳ навишта мешавад.

Хоинони миллат бояд донанд, ки «Кўр асояшро як бор гум мекунад». Ба умеди зархаридону «коргардон»-ҳои хориҷӣ нашаванд, ки онҳо як лаҳза ҳам дастгирӣ карда наметавонанд.

Чавонои  мо неруи  пешвар ва  созандаанд. Ки насли чавони  мамалакат  дар кори  хифзи  дастовардхои  истиклолият  ва сулху  осоши мамалакат  таъкид  доштааст  ки  кахрамонхои  абармандон  хамеша   мавриди  ифтихори  халк буда  мактаби  намунавии  барои  хизматчиёни  харбии кишвар аст. Он  корнамоихое, ки шахрвандони  фахрии  кишвар зидди хоинони  Ватан чонбозихои  кардаанд худ  намунии ибрат  аст, Боз моро водор  сохтанд, ки  модар рухияи  ватандусти  тарбия ёфта  вазифадор  хастем  ки дар  атрофи  Президенти мамалакат  ин  марди  ватандусту  ватанпарасти хакикй  гамхори халку  миллат  муттахид  шуда  як пораи Точикистон  азизро  чун  гавхараки  чашм хифз кунем. Зеро ин аст нангу номус  шарафи бузурги  ватандорист.