Тоҷикистон мекунам шукри каму бисёри ту,

Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту,

Аз ту ман сарват намехоҳам ватан ҳастӣ бас аст,

Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолият давлатии худро ба даст овард, ки ин сана фаромушнашаванда ва таърихи он ба ҳарфҳои заррин навишта мешавад. Ва аз ин таърихи пурмаҳсули кутоҳ аллакай 25 сол сипарӣ шудааст, ки дар ин муддат дар кишвари азизамон тағйиротҳои куллӣ дар соҳаи маориф, илм, адабиёт, санъат, кино, меъморӣ, тандурустӣ, шаҳрсозӣ, бунёди нақбҳо, ободонии роҳҳои мошингард, обшорон кардани заминҳои бекорхобида, рушди саноъат, ҳунармандӣ, тиҷорат ба амал омаданд, ки ин боиси фахри ҳар як шаҳрванди соҳибдилу ватандӯстӣ кишвари азизамон Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Яке аз беҳтарин ва пурарзиштарин дастовардҳои замони истиқлолияти давлатии кишвари азизамон ин Ваҳдаи миллӣ аст, ки барои ба даст овардани он Пешвои муаззами миллатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонбозиҳо намудаанд, ки насли ояндасози миллати тоҷик онро ҳеҷ вақт фаромуш нахоҳад кард.

Дастовардҳои бузурги дигари замони истиқлолиятамон ин : Истиқлолияти энргетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар ба ҳисоб меравад, ки ватани азизамон бо роҳбарии Пешвои дурандешу сулҳпарварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мақсадҳои худ ноил гардида истодаем. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон  барои ободиву гулгулшукуфии ватани азизамон якдилона камари ҳиммат бастаанд. Танҳо дар шимоли ватанамон зиёда аз 100 коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар ҷануби кишварамон Қасри миллат, Кохи Сомон, Китобхонаи миллӣ, Боғи ба номи устод Садриддин Айнӣ, Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ барин макони фарҳангию фароғатву сиёсӣ  сохта ба истифода дода шудаанд. Ин далели гуфтаҳои боло мебошад ки ҳар лаҳзаю ҳар соат кишварамон гул – гул шукуфон гардида истодааст.

 

Норов И.С.

ДПДТТХ