Худованд чун инсонро халқ кард ба ӯ ақлро туҳфа намуд, то бадин восита дар байни хайру шар, ҳаққу ботил ва дӯстиву хиёнат тафриқа гузорад ва роҳи ҳаёти хешро бо ин нур равшан созад.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз дар ҷамъияти мо ашхосе пайдо мегарданд, ки ба хотири  пулу сарват, ҷоҳу мансаб роҳи хиёнатро пеш мегиранд ва барои ба қудрат расидан ватан, миллат ва мазҳаби худро ба савдо мегузоранд. Чун дар бозор ҳар матоеро харидорест, мутаассифона колои ин бадбахтонро низ харидорест, ки дар симои манфиатбарони пасипардагии терроризм зуҳур мекунанд. Ин тарроҳони пасипардагӣ  мақсад ва манфиатҳои худро бо пардаи динӣ рӯйпуш намуда, садҳо ҷавони соддалавҳро ба доми гумроҳӣ мекашанд.

Терроризм зуҳуроти ниҳоят хавфнок ва вабои замони муосир буда, бо шаклу равишҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Пешгирӣ ва пешгӯи намудани ин амалҳои нопок хеле душвор аст. Ин аст, ки дар баъзе мавридҳо ин бадхоҳон ба мақсади нопоки худ ноил мегарданд ва амалҳои онҳо боиси ба шаҳодат расидани мардумони мулкӣ гардида ба аҳолӣ таъсири шадиди руҳӣ расонида дар замири онҳо яъс ва ноумедиро ҷойгир месозад. Ин ашхоси нопок қодиранд, ки дар байни миллатҳо ва кишварҳо тухми адовату кина коранд ва боиси низоҳои мусаллаҳона гарданд.

Ҳодисаҳои нангине, ки шоми 6 ноябр дар дидбонгоҳи Ишқобод рух дод бори дигар собит сохт, ки чуноне ки террористон дин ва миллат надоранд, онҳо худиву бегона низ буда наметавонанд.  Аз ин сабаб моро лозим аст, ки ҳеҷ вақт зиракиро аз даст надода доиман дар пайи ислоҳи ҷавононе, ки ба доми ин нокасон афтодаанд бошем.

Мо, ҷавонони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, сарҷамъона амали ноҷавонмардонае, ки дар дидбонгоҳи Ишқобод рух дода маҳкум намуда, ваъда медиҳем, ки бар зидди кирдорҳои душманонаи хоинони миллат ва думравони давлати ба ном исломӣ муборизаи беамон хоҳем бурд.