Пӯшида нест, ки аз рӯзҳои нахустини  Истиқлолияти давлатӣ мардуми ҷумҳурӣ бо қудрату салтанати динӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар натиҷаи даргириҳои муқаддамотӣ хурофоту таасуби мазҳабӣ ғалаба кард ва ҷомеаи халқи заҳматкашиди тоҷик таҳти фишори равонӣ ва фикру мафкуравии исломи сиёсӣ, ки ҲНИТ сарвараш буд қарор гирифт. Таҷрибаи созмони махфии Наҳзати ҷавонони Тоҷикистон (минбаъд ҲНИТ) ро, ки охири замони шӯравӣ таъсис ёфта буд, ба сифати манбаҳои сиёсию мафкуравӣ истифода кард. Иқтисоди харобгаштаи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон баъди ҷанги бародаркуширо истифода карда рӯҳонияти исломӣ баъди солҳои навадуми асри гузашта домани бетартибиҳои мардумиро дар давлати мо пешкаш намуданд ва сабагори асосии ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд. Зиёда аз як саду панҷоҳ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистони азизамонро ба доми худ даркашиданд. Маҳз бо ташаббуси пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон фирориён ба Ватани худ баргардонида шуд.

Ҳаракат сиёсии исломӣ дар симои ҲНИТ аслан аз масъулият дур мебошад. Ин аст, ки ба ҷомеаҳои  Шарқи мусулмонӣ асрҳои аср ҳаттто масъуляти зиндагӣ ва умри худро ба ӯҳдаи гурӯҳҳои найрангбоз, муҳофизакор ва фурсатталаб вогузор карда дар хоби ғафлат ба сар бурда, қурбони дасисаю фитнаҳои рӯҳонияти давр ва дини онро ҳамчун дом истифода карда ба қудрат мерасанд ва ниёзҳои шахсӣ гурӯҳҳои худро мебарваранд. Ҷонибдорони ҲНИТ ки дар дигар давлатҳо фирорӣ мебошанд ба мафкураҳои ҷавонону наврасони давлати ороми мо тасири худро ба ҳама тараф дареғ намедоранд.

 Моҳи августи солҳои гузашта Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон филми ҳуҷҷатиеро дар шабакаи якуми телевизиони “Тоҷикистон” ба намоиш гузошт,  ки он ниқоби гурӯҳи экстремистӣ террористони дастгиршудаи ҲНИТ ро кушода дод. Чуноне дар филм мушоҳида намудем ин ҲНИТ несткунандаи олимону шоирон, рӯзноманигорон мебошад. Таҳиягардони филм бо далелҳо ҳар як ҷинояти пешакардаи ҷинояткоронро бо алоҳидагӣ ба навор гирифта маълумотҳои раднопазир додаанд.

Агар ба тамоми матолиби матбуотию расонаии наҳзатӣ ҷиддӣ таваҷёҳ намоем, ташкилоти экстримистии ҲНИТ аз оғоз ва решаи бунёд дар арсаи имрӯза орзуи барпо намудани давлати исломиро дар минтақа дар дил мепарварад. Бе муболиға гуфта метавонем, ки ҲНИ ин роҳбарият ва ҳамсафони он ягон беҳбудии ҷамияти моро намехоҳанд. Ҷавононро лозим аст ки ба ҳар як равияҳою дахмасаҳое ки форориёни ҲНИТ ва тарафдорони он ба расонаҳо мефирсанд бовар накарда бо таҳсилу кори худ овора бошанд. Зиракии худро аз даст надиҳанд. Ободию пешрафти давлати худро тарафдор бошанд ва барои тараққиёти давлати соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Дадобоев А.И

ДПДТТХ