Матни Эъломияи нерӯҳои ҷиноятпеша, ки худро бегуноҳ ва хору залил вонамуда, мехоҳанд аз системаи демократии аврупоӣ сӯистифода намоянд ва дар зери чатри давлатҳои демократии Аврупо, дар кишвари мо амалҳои террористӣ ва экстремистии худро густариш диҳанд, саросар аз воқеъият ва самимият дур буда, таҳқир ба системаи давлатдории дунявӣ мебошад. Кабирӣ чун пай бурд, ки ҳама ҳаракатҳои ҷиноякоронааш рӯи об мебарояд, ба хориҷи кишвар гурехта, барномаеро тарҳрезӣ намудааст, то ки ҳуши нерӯҳои иртиҷоии ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда, роҳҳои ривоҷ додани терроризми исломиро дар Тоҷикистон пайдо кунад.. Бояд гуфт, ки Муҳиддин Кабирӣ дар гузориши ироанамудааш худро як назариётчӣ-теоретики давлатсозиву истиқлолхоҳӣ нишон доданӣ шуда, босмачиёни роҳзанро “шахсиятҳои муборизи миллӣ-мазҳабӣ” номидааст. Кабирӣ истиқлолияти ба даст овардаи Тоҷикистонро дар соли 1991 хизмати ҲНИТ мешуморад ва гӯё ба ҷуз наҳзатиҳо дигарон зидди истиқлоли мамлакат буданд. Ӯ аз хиёнати ниҳоят бузурги ин ҳизб дам намезанад. Намехоҳад ба ёд оварад, ки соли 1992 силоҳи оташфишонро ба дасти майдоннишинон кӣ дода буд ва чӣ гуна аввалин шуда ба кушторҳои одамон, гаравгонгирии вакилони мардумӣ ва дигар иқдомҳои террористиву экстремистӣ шурӯъ карда буданд. Муҳиддин Кабирӣ дар маърӯзаи дар Варшава изҳор намудааш вокуниши тарафдорони ҳукумати қонунии Тоҷикистонро дар он солҳо ҳамчун ҳаракати барқарорсозандагони давлати Иттиҳоди Шӯравӣ маънидод кардааст. Ӯ то ҳанӯз ҳам дарк накардааст, ки аксарияти кулли мардумони Тоҷикистон қатъиян зидди бунёди давлати диниву мазҳабӣ мебошанд. Дар рӯзҳои бузургдошти Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари кишвар даҳҳо биноҳои таълимӣ, фарҳангӣ, кӯдакистонҳо, боғҳои сайругашти мардум, роҳҳову кӯчаҳои мумфарш ба истифода дода шуданд. Ҳама дар пайи иҷрои дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари деҳоти кишвар сохтани бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхонаҳо, ҳаммом, кӯчаҳои мумфарш ва бунёди дигар иншооти мавриди ниёзи мардум камари ҳиммат бастаанд, аммо ин бадгуҳарон роҳҳоеро ҷустуҷӯ доранд, то ба осудагии мардум халал ворид кунанд. Мехоҳанд, тоҷикон боз ҳам иштибоҳҳои таърихи давлатдории худро такрор намуда, дар сафи вопасмондагони ҷаҳон қарор гиранд. Аммо ин бехабарони сияҳкор, ки кирмҳои бухлу бадкирдорӣ, мағзи сарҳояшонро мехӯранд, ҳаргиз ба ҳадафҳои нопокашон нахоҳанд расид.

Мо Ватанамонро аз нав обод месозем ва худро хушбахт меҳисобем. Инро метавон дар чеҳраҳои кӯдакони либосҳои сафеди оҳарӣ бар тан ва равон ба сӯйи бинои мактаби қасрмонанд дид. Инро метавон дар рақсу таронасароиҳои духтарони ба бар пироҳанҳои чакану атлас мушоҳида кард. Инро метавон дар варзишгоҳҳои пур аз тамошобин, дар сайругашти ҷуфтҳои ҷавон ва падару модарони бо кӯдакони хушбахти худ дар тамошои чаманистону гулистонҳои пойтахт ва маркази ноҳияҳо дид.  Истиқлоли мо, сарбаландии мо бебаргашт аст! Дастони хунолуди онҳое, ки бар зидди озодиву истиқлоли мо дароз мешавад, ҳатман қатъ хоҳад шуд!

 

 Раупов К. С.

ДПДТТХ