Тоҷикистон, меҳри покат дар дилу ҷони ман аст,

Офтоби шӯълапошат соя бар сад гулшан аст.

Меҳри поки мардумат меҳри бузурги модарон,

Мардуми меҳмоннавозат фахри даврони ман аст.

      Ватан! Чӣ калимаи зебову пурмазмун, сода, дилнишин ва равонест. Дар ин калима ҷаҳон ҷаҳон маънӣ нуҳуфтааст. Ватан мояи ифтихор, нангу номус, шаъну шараф, обрӯю эътибор ва виҷдони поки мо мебошад. Ватан он сарзаминест, ки мо дар он чашм ба олами ҳастӣ кушодаем ва қадамҳои аввалини хешро дар хоки покаш ниҳодаему аз ҳавои тозаву фораму муаттараш нафас кашидаем. Бо баробари ба забон овардани калимаи Ватан, Тоҷикистони азизу бузург ба пеши назар меояд, ки саропо аз меҳру муҳаббату садоқат аст ва бузургмардуму дилфиреб. Сарзамини кӯҳистону гул-гул шукуфон ва дорои табиати зебову манзараҳои дилнишин аст, ки кас аз меваҳои рангину лазиз, осмони софу беғубор, обҳои ширину мусаффои он ҳаловат мебарад.

      Тоҷикистон- давлати соҳибистиқлол, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст.

      Даврони истиқлолият барои мо имконияти васеъ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шаффоф интихоб намоем. Истиқлолият барои мо- шаҳрвандони Тоҷикистон рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақилу озод, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаву хушбахтонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии халқу миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории миллату давлат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмиллалӣ ва шарофату эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайваста намудани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

      Чӣ хеле, ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта гузаштанд:”Мо бояд ташаббускор бошем, тамоми кушишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои роҳнамоӣ кардани мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем. Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмиллалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.” Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо бояд Тоҷикистони хешро дӯст дорем, муҳаббат ва садоқати бепоён ба Ватан, тафохур аз гузаштаи пурифтихор дошта бошем, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намоем, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати миллӣ саҳмгузор бошем.

Тоҷикистон мекунам шукри каму бисёри ту,

Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.

Аз ту ман сарват намехоҳам Ватан ҳастӣ бас аст,

Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

     Боиси таъкиду зикр аст, ки Тоҷикистони мо на танҳо бо зебоиву матонат, манзараҳои зебову дилнишин ва мардумони меҳмондӯсти худ мефахрад, балки сарзамину макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шӯҳратмандону донишмандони бузургу шӯҳратёру фарҳангдӯст мебошад.

     Пӯшида нест, ки Тоҷикистони азизи мо- кишвари пурганҷу пурсарвату пурэъҷоз ва бой аз захираҳои табиӣ мебошад. Илова бар ин, яке аз дастовардони бузурги он НБО-ҳои Варзобу Нораку Роғун аст. Боиси хурсандист, ки ба ифтихори 28-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон агрегати дуюми НБО Роғун сохта ба истифода дода шуд, ки ҳамаи онҳо бо иқтидори бузургашон дар якҷоягӣ ҳосилкунандаи қувваи бузурги барқӣ мебошанд.

     Тоҷикистон дорои фарҳанги бою ғанӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми ҳимматбаланди тоҷик аз қадимулайём ба кандакорӣ, гаҷкорӣ, кӯзасозӣ, оҳангарӣ, рассомӣ, сиказанӣ ва кулолгарӣ машғул буданд ва эълон кардани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро  соли “Рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” аз эҳтиром, ҳифз ва давом додани фарҳанги бузурги тоҷикон дарак медиҳад.

      Тоҷикистон бо ҳама ин дороиҳояш арзанда ба ҳама каломи булуғу фасеҳ аст ва ҳамакнун дигар ҳоҷат ба муаррифӣ нест, зеро худ аллакай ба ҷаҳон муаррифӣ шудааст.

Бошад садои хуштарин бар гӯши дил сози Ватан,

Субҳонаи худ мекунам ашки саҳарнози Ватан.

Гоҳе ба савдо мебарад ганҷи Ватанро зумрае,

Бон нархи ҷонам мехарам ҳар санги пардози ватан.

      Хулоса, сари таъзим меорам ба ҳар як обу хоку гулу гиёҳу мардуми тоҷдори ин сарзамин ва бешак меболам аз он, ки ман низ як пораи кӯчаки меҳрпарвари Тоҷикистони афсонавиам. Тоҷикаму чун миллати барӯманду ҷаҳонгарду маърифатпарвар ифтихор дар ҷаҳон дорам.

 

Бобоева М.А.- мудири китобхонаи ДПДТТ ба номи   М. Осимӣ

Солиева Н. И.- мутахассиси китобхонаи ракамӣ