Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз намуда буданд, ки: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем». Мо бояд қадри озодиро донем ва аз тафрит ҳазар намоем.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон тамоми имконот ва вазъияти муқовимат бо терроризм ва экстремизм фароҳам буда, аз ҷомеаи шаҳрвандии мо онро тақозо менамояд, ки муборизаро бо ҳамаи имконот - чи бо қувва ва чи бо ақлу иродаи қавӣ бар ин зуҳуроти даҳшатафкан пурзӯр намоем. Танҳо дар ҳолати дастаҷамъӣ, якдигарфаҳмӣ, Ваҳдату ягонагии миллӣ мо метавонем, амнияту осоиштагии хонадонамонро аз вуруди ғояҳои бегона ва ифротӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҳифз ва дар амон нигоҳ дорем.

Хушбахтона миллати тоҷикро дастовардҳои муҳим дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шинохти таъриху тамаддуни халқи тоҷик, гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, эҳёи анъанаҳои мардумӣ мақому манзалати халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳон мебошад, ки насибаш гардидааст.

Дар қатори дигар сарварони кишварҳои ҷаҳон, ки пешвои миллати хеш эътироф шудаанд, пешниҳоди зиёиёни тоҷик низ саривақтӣ буда, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин мақом сазовор мебошад.

Мардуми шарафманди тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллати мо сарвари кордону оқил, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз роҳу равишеро барои ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавононро ҷустуҷӯ мекунад ва мардуми азизи мо кӯшиш мекунанд, ки ҳар чӣ бештар ин ҷавонони гумроҳро аз ин роҳ баргарданд ва ҳамеша ба ватани азази худ  хидмат кунанд, бо кору фаъолияти хуби худ давлати азизашонро ба пеш баранд ва имрӯз муроҷиати ҳизби наҳзати ислом ба СММ нисбат ба миллати тоҷик даъвои беҳуда аст. Зеро истиқлолияти миллати тоҷик воқеи буда, мардум ҳамеша ҷонибдори суботи ҳамаи кишварҳои оламанд ва аз ифроту терроризми ваҳшоният аст.

 

Мавлонова М.М.  

ДПДТТХ