Давлату Ҳукумати кишвар бо талоши зиёде барои интихоби равиши зиндагонии шоиста камари ҳиммат баста, барои мардум ва некӯаҳволии онон кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд, то мардум аз чизе танқисӣ надошта бошанд.

Миллати тоҷик ҳамин қудрату тавоноиро дорост, ки мо бояд аз ифтихори баланду сарфарозии беш шукронаи онро кунем, зеро тавре, ки дар боло қайд кардам ин озодиву ободӣ моро дар зиндаги нусрат додааст.

Мусаллам аст, ки ҷаҳони имрӯза паи ҳар гуна сиёсатбозиҳои бемаънист. Аз ин ҷост, ки ҳар кадоми моро зиракии сиёсӣ мебояд, то ба тӯҳмату дурӯғҳои тарафҳои мухолифони миллат гирифтор нагардем. Зеро чунин нафарони нохалаф ҳамеша дар нияти нобуд кардани ин сарзамин буданд ва то имрӯз бо ҳар роҳу равиш мехоҳанд мақсади нопокашонро амалӣ созанд. Дастовардҳои бузурги миллатро нодида мегиранд, қаҳрамониҳои Пешвои миллатро намехоҳанд, мардумони орому дар фазои истиқлол зиндагонӣ карда истодаро ба иғво меангезанд, билохира чи коре хоҳанд, карда истодаанд. Вале як чизро бояд донанд, ки «давидани гӯсоларо то пеши каҳдон» гуфтаанд. Ин фирориён, ин назҳатиёни беимон то кай ба арзишҳои миллии мо зарба мезананд, гарчанде, ки мо ба ин иҷозат надода истодаем. Вале ин хоҳиши нопоки онҳоро ба наздиктарин фурсат барҳам хоҳем дод. Дар ҳамин радиф вазифаи ҷоноҷони ҳар кадом аз мардуми баору номуси миллат дар он аст, ки бо азму иродаи қавӣ, бо масъулияти ватандорӣ ва бо худогоҳии миллӣ, ба хотири ояндаи дурахшони миллати хеш дар пайрави аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, мо низ кушишу заҳмат намоем. Ин ватан, ин сарзамин хоки муқаддаси мост. Замине, моро сафо бахшидаву зиндагониамонро нусрат бахшид.

Ҳар яки пайравони наҳзатӣ, ки замоне аъзои азҳоби мамнӯъ гаштаи Тоҷикистон ТЭТ ҲНИ буд, то имрӯз аз ин кишвари олам ба дигараш бо фирор намуда аз гуноҳҳои хеш, ки ба ҳабс гирифта мешавад, дар ба дар гаштаанд. Айнан тавре худи намояндагони мухолиф қайд намудаанд, ҳеҷ кадом давлати дунё онҳоро ҳатто ба ҳайси паноҳанда низ ба кишварашон роҳ надодааст.

 

Мавлонова М.

ДПДТТХ