Яке аз вазифаҳои муҳим ва қарзии ҳар як фарди баору номус ин пеш ҳама ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллиии худ аст, на бегонагон. Албатта дӯст доштани Ватан, хоки муқаддаси он арзишҳои умумибашарии он ахз имону виҷдони мардигарист.

Ҳамаи мардуми равшанфикри дунё хуб дарк намудаанд, ки экстремизм ва терроризм чӣ гуна барои вуҷудияти башарият хатар дорад. Сиёсати сулҳхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳури бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ифротгароёнро мегиранд. Азбаски халқи Тоҷикистон нисбат ба сарвари оқили худ меҳру муҳаббати беандоза дорад ин ғояҳои вайронкорона ҳоло дар ибтидои сабзиш решакан мешаванд. Диёри тозабунёди мо, макони сулҳу оромӣ, меҳнати софдилона ва хизмати беминнат намудан нисбат ба халқу ватан мебошад.

Барои нафароне, хиёнаткору ватанфурўшанд, чун М.Кабирӣ, қорӣ Носир ва умуман намояндагони ТТЭ ҲНИ , ки барои вайрон сохтани фазои сулҳу суботи Тоҷикистон ба по хестаанд, таъкид менамоям. То кадом дараҷа бадбину бадкина буданатонро бо амалиёте, ки алайҳи сайёҳони хориҷиён анҷом додед, маълум сохтед. Бори дигар чеҳраи аслии М.Кабирӣ бо ин рафтори кардааш “машҳури оламиён” гардид.

Мо бояд донем, ки сомонаҳои иғвоангезе ба монанди “Ахбор. ком”, “Паём .нет” ва “Кимиёи саодат” фаъолият мебаранд, маҳз аз рӯи фармонҳои ифротгароне кор мекунанд ва даромади асосии онҳо низ аз ҳамин ҷиҳат аст. Вагарна ҳеҷ маълум нест, ки як нафар паси ин ҳама найрангбозиҳо кор карда бошад. Ва ҳоло бошад инсомонаҳои розифшои наҳзатиҳо солгард карданианд. Албатта ҷашни онҳо аз он иборат аст, ки нисбпати миллати мо тақлид кунанду танқид. Ва ягона сухане, ки вирди забони онҳост, “Роғунро мо дар шаш моҳ обод мекардем”. Охир шумо миллати ободро вайрон кардани ҳастеду ба куҷои ин мантиқ бовар кунем, ки синаи кӯҳро чок карда Роғун месозед.

 

Аюбова Ф.А.                                        кафедраи Молия ва қарз