Вобаста ба вазъияти ҷаҳон, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар расонаҳои хабарӣ тундгароиро радикализм, ифротгароиро экстремизм ва даҳшатафканиро терроризм мегӯянд. Терроризм амнияти кишварҳоро таҳдид мекунад. Сабаби марг ва бесарусомониҳо мешавад.

Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба монанди таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992–1997 мебошанд.

Амалиётҳои сиёсии экстремизм дар шаклҳои гуногуни фаъолияти экстремистӣ оғоз шуда, дар шаклҳои хавфноки иҷтимоӣ чун шӯриш, фаъолияти исёнгарона ва терроризм хотима меёбад.

Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад. Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат буда, ҳамчун яке аз навъҳои хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ муайян шудааст.

Экстремизм ва терроризм дар маҷмӯъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Дар ҳар як дин (на фақат дар ислом) эҳтимолияти падидаи экстремизм дида мешавад. Оинҳои динӣ рафтори муайян, ҳисси тобеият, дарки масъулиятро дар шакли амрҳои динӣ дастур медиҳанд. Аз ин рӯ, экстремизми динӣ дар давраҳои гуногуни инсоният дар кишварҳои гуногун, дар қаъри мазҳабҳои гуногун ба вуҷуд омадааст. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки ҳудуди байни кишварҳои мусулмониро эътироф намекунад. Фаъолияти онҳо тамоми ҷаҳони исломро фаро гирифта, мақсадашон бошад, барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас бар тамоми ҷаҳон мебошад.

Ҳар як намуди терроризм зуҳуроти нохуш буда, бар зарари ҷомеа амал мекунад. Терроризм сулҳу суботи кишварро халалдор намуда, оромии мамлакатро аз байн бурдан мехоҳад. Шахсоне, ки ба гурӯҳҳои террористӣ шомиланд, барои ба ҳадаф расидан аз ҳеҷ гуна тарсафканиву зӯроварӣ, ваҳшатангезӣ дар вуҷуди инсонҳо худдорӣ намекунанд. Мақсади онҳо ноором сохтани вазъи сиёсӣ, тухми кинаву адоват коштан дар қалбҳои одамон, паст намудани мавқеъ ва эътибори давлат дар арсаи байналхалқӣ ва ба вуҷуд овардани бесарусомониҳо буда, ин гурӯҳ афрод мехоҳанд бо ин роҳ ҳукуматро ба даст оранд ва идеологияи худро байни мардум паҳн намоянд.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд.

Намояндагони гурӯҳи террористӣ дар байни ҷавонон тарғиботу ташвиқотро ба роҳ мемонанд ва баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои худ ҷавононеро интихоб мекунанд, ки дониши комил надошта, фирефтаи суханони бардурӯғи ин гурӯҳ мегарданд. Ҷавонони камбизоат, бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ бештар ба гурӯҳҳои террористӣ шомил мешаванд.

Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд.

Ислом дини муқаддас буда ҳамеша одамонро ба роҳи дӯстиву рафоқат, ростгӯиву росткорӣ ва некхоҳӣ даъват мекунад. Ҷавонон бояд ин гуфтаҳоро ҳамеша дар хотир нигоҳ дошта, амалҳои солеҳро ба анҷом расонанд, ба ҳизбу ҳаракатҳои зараровар, ба монанди “Ал-Қоида”, “Толибон”, “Бародарони мусалмон”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Салафия”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҷабҳат Ан-Нусра”, “Гурӯҳи-24” ва ғайра, ки дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон карда шудааст, шомил нагарданд.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвари мо гурӯҳҳои мухталиф бо истифода аз холигии маънавию идеологӣ ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ бо дастгирии манфиатҳои гурӯҳии худ қувва ва маблағҳои зиёдеро барои ба ҷониби худ ҷалб намудани қувваҳои нав сафарбар намуданд. Салафиён низ муборизаи худро дар солҳои 90-уми садаи гузашта дар Тоҷикистон ба ҳамин мақсад оғоз намудаанд. Сабабҳои асосии зиёд гаштани пайравони салафия дар Тоҷикистон ин дастгирии молиявии салафиён тавассути гурӯҳҳо ва созмонҳои байналмилалии исломии ифротгаро мебошанд. Китобу рисолаҳое, ки бо сифати бисёр баланд нашр ва ройгон тақсим мешуданд, инчунин миқдори зиёди наворҳои видеоӣ ва дискҳои компютерӣ, ки ба мардум ройгон дода мешуданд ва ҳамчунин, фаъолияти васеи тиҷоратии пайравони салафия нишон медиҳад, ки онҳо аз манбаъҳои бисёр ҷиддии молӣ бархӯрдоранд.

Салафия дар саҳнаи мазҳабии Тоҷикистон тайи чанд соли охир зоҳир шуд ва ба зудӣ густариш пайдо кард. Аммо дар моҳи январи соли 2016 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти салафиҳоро расман манъ кард.

Барои саҳм гузоштан дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастию миллатдӯстӣ, худогоҳии миллӣ, қадршиносии сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва давлатдории миллӣ, ки ҳамеша дар сархати андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, даъват намуд.

 

Ҷаҳонгирова Р.А.

ДПДТТХ