Ҳизби наҳзати исломӣ, таи чанд соли охир аз ҷониби намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таҳқиқот, ташкилоти терористиву экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташ мамнӯъ дониста шудааст. Имрӯз бо пахши як изҳоротҳои гуногун намояндагони ин ташкилот изҳоротҳоеро, ки дирӯз пахш карда буд, беасос ва идомаи сиёҳкориҳои мақомот алайҳи ин собиқ ҷонибдорони  ҳизб донистааст. Дар ҳақиқат маълум гашт, ки нафарони дар гирдбоди хоҷагони хориҷӣ ва Кабирӣ ба бод рафта, ба ҷуз муттаҳамкунии Тоҷикистон дигар дар зиндагии худ ягон ҳадаф надоштаанд. Ҳар кадоме изҳор менамоянд, ки хатогиҳои мақомот, сиёҳкориҳои мақомот, гуноҳи мақомот, хоҳиши мақомот ва чанд васвасаҳои дигари бофтаи наҳзатиҳо дигар дилгиркунанда шуд. Кӣ ба ҳамаи ин дурӯғу фиреб бовар мекунад? То кай чунин дурӯгу тӯҳмат алайҳи мардум ба кор меояд? Наҳзатиҳо бояд ҳар кадоматон хуб донед, ки вақту замони худхоҳиву худситоии шумо кайҳо гузашта рафтааст. Тамоми мардум аз сулҳи кишвар мефахранду меболанд. Ва маҳз барои ҳамин ба амри дилу виҷдон ҷавонони сарбаландаш барои адои хизмат дар ҳаққи Ватани маҳбубаш ихтиёр намудааст.

Ҳамаи ин ҷавонон ҳам аллакай сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонанд. Ватан ҷои муқаддас будану арзиши оли доштанашро хуб дарк менамоянд. Зеро бархе аз ҷавонони якбор, ки ба доми макру фиреби чуинин исломгароён афтода, натиҷаашро дидаанд. Дигар ба касе иҷозаи онро намедиҳанд, ки пои нохалафон ба ин сарзамин дарояд.

         Бори дигар дурӯғи маҳз будани суханони наҳзатиҳоро собит месозам, ки ман ҳатто аз шабакаи телевизионӣ навори изҳороти ҷавонони ихтиёриро дидаму шунидам, ки эшон чи қадар сарфарозанд аз оне, ки барои Ватани худ содиқанд.

Танҳо шумо сиёҳкорону сиёҳдилон барои нотинҷии кишвари мо саҳм мегиред. Дар кишвар ғавғо мебардореду сулҳро барҳам заданиед. Ба ҳар восита ба рушди кишвари мо чашми ҳасуд мебандед. Ва ҳамин қасди дилатон нисбати миллати тоҷик буд, ки соле пеш ба ҷинояти махсусан вазнин даст доштед. Ба ёдам ҳаст, ки аз оинаи нилгун наворе дида будам, ки байни дастгиршудагон, ду нафари он ҷинояткор бародарон буданд, ки баён доштанд: «фармони ин амалиёт, яъне қатли сайёҳони хориҷиро дар минтақаи Тоҷикистон, роҳбари ТЭТ ҲНИ, Муҳиддин КАбирӣ дод ва фармуд, ки ҷавоби инро ДОИШ хоҳад дод. Амалиётро мо содир карда, гуноҳро бар дӯши ДОИШ бор намудем. Кабирӣ шахсан бо намояндагони ДОИШ мувофиқа кардааст, ки ҷиноятро ба гардан гирад».

Кабирӣ ба ин дурӯғу васвасаҳои бемаънои худ ва ҳамқадаҳонат хотима деҳ, то чакрае аз дараҷаи инсониятат осор монад ва агар ин корро карда натавонистӣ, пас бидон, ки ин ҳаёту зиндагӣ аз они ту нест, зеро хиёнати ватан худ туро беватан кардааст.

 

Акрамов Абдуқодир                                           

декани ФСН ДПДДТХ