Мардуми сарбаланди тоҷик аз азал бофарҳангу бомаданият ва меҳанпарасту ватандӯст буд ва ин оини нек то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Имрӯз тамоми мардуми Тоҷкистон дар атрофи Пешвои муаззами хеш сарҷамъ омада, баҳри пойдор намудани сулҳу субот, якдиливу якзабони ва тинҷиву ориомии кишвар талоши беш аз пештара намуда истодаанд.

Ин «гирдиҳамоии бузург»-и наҳзатиҳо низ яке аз ин ҳадафи ғаразнокест, ки алайҳи миллати тоҷик, алайҳи кишвари мутамаддину соҳибистиқлоли тоҷик ба нақша гирифта шудааст. Рӯ то рӯз мо ба санаи амиқкардаи мухолифон наздик шуда истодаем ва хоҳад дидем, ки наҳзатиҳо дар митинги «бузург»-ашон кадом «бузургон»-ро ҷамъ мекунанд. Ба ҷуз ғуломони ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони манфиатҷӯю ҷангҷӯй дигар касе иштирок намекунад.

Маврид ба зикри хос аст, ки имрӯз бояд ҳар кадом аз шаҳрванони баору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафароне хиёнаткору бадрфторон ва кӯрнамаконро маҳкум намоем.

          Хизмат ба ватан дар роҳи ҳақиқату адолат барои ҳар кадоме аз шаҳрвандони миллат шараф аст. Ҳимояи обрӯву нуфузи байналмилалии он бошад, вазифаи ҳар мардуми баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Имрӯз вазифаи ҳар кадоме аз насли ҷавону худогоҳ аст, ки қабл аз ҳама аз марзу бум аз арзишҳои миллии кишварамон ҳимоят намоянд. Нагузоранд, ки ин дастоварду пешравиҳои кишвари моро бархе аз бевиҷдодону беимонҳо пушти по зананд. Намояндагони ТЭТ ҲНИ, ки имрӯз ҳадафи асосии худро дар миллати мо мебинад ва алайҳи он ҳар гоҳ тӯҳмату бӯҳтони холӣ мезанад. Зеро чунин нафарони нохалаф ҳамеша дар нияти нобуд кардани ин сарзамин буданд ва то имрӯз бо ҳар роҳу равиш мехоҳанд мақсади нопокашонро амалӣ созанд.

          Худ қазоват кунед, ки ин бадкирдорон то ба дарҷае озодиву амнияти миллии моро намехоҳанд, ки барои озодии зиндониёни ҷинояткоре, ки моҳи сентябри соли 2015 барои барҳам додани фазои сулҳу ваҳдат саҳм гирифта буданд, гирдиҳамои ташкил ва баргузор карданианд. Ва аз шаҳрвандони тоҷик даъват мекунанд, ки тарафдори онҳо бошанд.

          Бовар дорам, ки чунин одамфиребиву иғвоандозии наҳзатиҳо дар гузашта монд. Мардум имрӯз фаҳмиданд, ки ин азҳоб чи гуна ташкилот ва барои киҳо кор мекунад. Инҳо танҳо пулпарасту манфиатхоҳонанд ва барои бадаст овардани пули пучи хориҷӣён аз баҳри Ватану миллаташон баромадаанд.

 

Мавлонова Маърифат                             

корманди ДПДТТ