Ман ба шумоён  Кабири, Ёқубов, Шерзамонов, Гадоев ва дигар ҳамшарикҳоятон муроҷиат карда мегӯям, ки Шумо дар асл худбину мансабталош ҳастед ва аз ҳисоби маблағҳои ҳароми хориҷиён гаштаед.

Агар ин тавр набошад чаро ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дигар дастовардҳои Тоҷикистони азиз бо гуфтаҳои дурӯғ, ғаразнок ва дили пур аз кинаву иҷтимои ба мардуми тоҷик муроҷиат менамоед. Ҷанобон Шумо ёд доред солҳои ҷанги шаҳвандиро, ки дар он вақт Шумҳо низ мансабдор будед ва ҳатто имрӯз ки Шумоён он шахсро бародари худ медонед Додоҷон дар он вақтҳо Шуморо Наҳангони Тоҷик ном гузошта буд. Дар он вақт аз Шумо дида шахси мансабдори баландпоя ҳеҷ кас набуд. Бародари азиз, ман шуморо ба тоҷик гуфтан ва зодаи модари тоҷик гуфтан забонам намеравад. Сабаб дар он мебошад, ки Шумо ва шумоёнбаринҳо, ки фикри маблағҳои ғаразноки хоҷагони хориҷиатон ғӯтида рафтед, ки бегонапараст шудед, боз мехоҳед ки дар Тоҷикистон хун резаду  шумо соҳиби мансаб гардед ва миллатро пароканда гардонед. Маҳз Шумоҳо будетон, ки иқтисодиёти кишварамон 50 сол ақиб рафт.

Агар Шумо дар асл  ватанатонро дӯст доред ё дилатон ба давлату миллат сӯзад ёрдам карда наметавонед,  ақалан мардумро ба иғвову дасисаҳоятон ба  шӯр наоред! Мардуми тоҷик алал хусус ҷавонон дигар он ҷавонони асри 90 – ум нестанд ки бо пулу мол онҳоро бероҳа кунед. Имрӯ мардуми Тоҷикистон ба қадри тинҷиву оромӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ба қадри дастовардҳои хело бузурги мамлакат, ки дар 10 соли охир хело хуб ба назар мерасад қадр мекунад ва намегузорад, ки Шумоён боз ба ин дасисиву иғвоандезиатон мардумро ба шӯр оред ва ҳадафҳои паи пардаи ифлосатонро бо хуни фарзанди тоҷик пок намоед.

Ман сарфароз аз онам, ки дар чунин як Ватани ободу озод умр ба  сар мебарам. Шукрона аз он мекунам, ки имрӯз таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат хосатан Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон беш аз пеш буда, талоши онро доранд, ки ҷавонони саодатманди диёрро аз домимакру фиреби шумо берун кашанд.

 

Донишҷӯи курси 4

Ихтисоси 400102                                                 Дадобоев А.А.