Тоҷикистон мувофиқи конститутсия  давлати дунявӣ арзёбӣ шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки дин аз давлат ҷудо буда, ҳуқуқи ба сиёсати дохилию хориҷии давлат дахолат карданро надорад. Лекин маънои дар Тоҷикистон маҳдуд кардани фаъолияти ягон дин ва муассисаҳои онро надорад.

Дар моддаи  27 конститутсия зикр гаштааст, ки: ”Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.” Дар даврони истиқлолият  фаъолияти озоди дин ва муассисаҳои динӣ таъмин гаштааст. Аз ҷумла барои фаъолияти дини мубини ислом имкониятҳои калон фароҳам омадааст. Шумораи масҷиду дигар муассисаҳои динӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бештар гардидааст. Касе мехоҳад, бо тоату ибодат машғул шуда метавонад.  Дар ҷомеа мақоми тарбиявии дин дар тарбияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ хеле бузург аст. Дар даврони истиқлолият барои мардумро бо мероси динии ниёгонамон  ошно кардан соли 2009 соли Имоми Аъзам эълон карда шуд. Асарҳои онкас ба табъ расид. Нуқтаҳои қимматноки таълимоташон дар бораи таҳаммулгароӣ, сабру тоқат, муросову мадоро васеъ паҳн карда шуд. Таълимоти ин бузургон барои сулҳу салоҳ, ваҳдати ҷомеа, ҳамгироӣ ва суботи давлату ҷамъият аҳамияти калон дорад. Дар асосӣ озодии виҷдон ба шаҳрвандон додани озодии эътиқодҳои динӣ  ин маънои  бо мақсадҳои ғаразнок истифода бурдани дин ва халалдор кардани сохтори конститутсионии давлатро надорад. Вақте ки чунин амалҳо зоҳир мешаванд, давлат бо назардошти оромию амнияти ҷомеа намегузорад, ки муассисаҳои динӣ ва ходимони дин амалиётҳо зидди давлатӣ зоҳир намоянд. Зеро мувофиқи сарқонун “Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд манъ аст”. Мардуми тоҷик ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри ХХ- ро аз хотир набаровардааст. Фақат талафоти моддии ин ҷанг 10 миллиард доллари амрикоӣ буд. Талафоти зиёди ҷонии расонидаи ҷанг бебозгашт аст. Дар он солҳо гули зиёиёни тоҷикро қатл карданд. Аз ин лиҳоз мардуми тоҷик дигар намехоҳад,ки боз ин манзараҳои мудҳиш такрор шавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарафдории конститутсия ҳангоми райъпурсии умумихалқӣ овоз дода, системаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати Тоҷикистонро муайян карданд. Кӯшиш доранд, ки касе Моддаи якуми конститутсияро вайрон накунад. Ин нуқта дар иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯзи 19-  уми ноябри соли 1992 ҳангоми ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Э. Раҳмон бори аввал садо дода буд.

 

Ғозиева М.

ДПДТТХ