Дар паёмҳои худ Пешвои Миллат ҳамасола қайд менамоянд, ки дастгири  ҷавонон ин пешрафт ва тараққиёти кишвари азизамон мебошад. Ин аст ки ҳамасола дар ДПДДТ ба номи академик М.С. Осимӣ иди донишҷӯён ҷашн гирифта мешавад, ки ин яке аз сиёсати хираадмандонаи роҳбарияти донишкада мебошад. Ин ҷавонони донишкадаро водор месозад, ки боз ҳам барои пешрафт ва ташаккули донишкада ҳаматарафа саҳми худро гузоранд ва сазовори донишҷӯи ДПДТТ ба номи М.С Осимӣ  будан гарданд ва фахр  намоянд, ки дар чунин донишкадаи бонуфуз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои аввалро ишғол менамояд таҳсил мекунанд.

Президенти кишвар дар баромадҳои худ иброз намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.ДПДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ яке аз чунин макони муқаддасе  мебошад, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишварамон ҳамаҷониба барои тайёр кардани муҳандисони баландихтисос ва варзида кӯмак расонад. Дар баробари он наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Дар Паёми Сарвари давлат зикр гардид, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Сарвари давлат бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад.

Президенти кишвар тарафдори он аст, ки ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Инчунин Сарвари давлат иброз дошанд, ки ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад.

Ҳамин тавр, Паёми Президенти кишвар фарогири масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва махсусан масъалаи насли наврас ва ҷавонон буда он ҷавонони мамлакатро водор месозад, ки ба қадри дастгирии Пешвои миллат бирасанд ва дар баланд бардоштани иқтисодиёти давлат инчунин барои пешрафти илму техника ва технологияҳои замонавӣ дар ҷумҳурӣ ҳиссагузор бошанд.

 

 Норов И.С.

Ассистенти КЗД ва Ҷ