Дар замони муосир падидаҳои нав зиндагонии аксар мардумони мамоликҳоро ба табоҳ оварда истодааст. Зеро зуҳур пайдо намудани тероризму экстремизм натанҳо барои имрӯз балки дар оянда низ хатарнок аст. Ба он хотир, ки мутаасифона ҷавонони гумроҳу камсаводи миллати мо низ шомили чунин гурӯҳҳо гашта истодаанд.

Мо, устодон, вазифадорем, ки ҳеҷ гоҳ ба ин гуна шомилшавиҳои шогирдони худ ба гурўҳҳои нолоиқ роҳ надиҳем. Итминони комил дорем, ки ҷавонони давраи Истиқлол аз чунин амалҳо дур хоҳанд буд. Мо аз хурд то калон бояд мисоли дар таърихи Давлати Исломии Ироқу Шом воқеъгаштаро дарси ибрат дониста, мисоли зиндаи хулосабарорӣ бояд кунем, он нангу номусе ки ҷавонон-раҳгумзадагон, бо роҳи хато рафтагон ба давлату кишвари мо оварданд, ба насли оянда фаҳмонем, то дигар такрор нашавад, то давлати мо оянда пояндаву бузург шавад, то теша ба решаи худ назанем.

Маълум мешавад ки дар байни он ҷавонони гумроҳ ва аз кори худ пушаймон на ҳамаашон шахсони бесавод ҳастанд, балки ҷавонони босаводу ахлоқи хамидадошта низ ба ин кирдорҳои нопок даст задаанд. Аммо, мутаассифона, худкардаро даво нест, вовайлову пинҳонӣ. Онҳо дар роҳи худ бо дастони худ чоҳ мекананд ва аҳволи волидайни худро бадосо мегардонанд.

Ҳодисаҳои охири кишвар аз он шаҳодат медиҳанд. ки як шахси гумроҳгашта чандин ҷавонони ба роҳи хато боваркунандаро зери фиреби худ қарор медиҳад. Ин ҳодисаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки иддае аз ҷавонони раҳгумзада ҷони худро дар хатар гузошта, инчунин аз хатарнокии кори худ волидайну наздикони худро олуда сохта, худ ва онҳоро қурбони кадом корҳои ношояму ноарзанда дар ҷаҳон  месозанд.

Ҷавонони раҳгумзада шояд нафаҳмида мемонанд, ки амали нохалафонаи онҳо терроризм ном дорад, онҳо ин роҳро дидаву дониста пеша мекунанд, дар бораи оқибатҳои он маълумоти кофӣ мегиранд ва ҳадафҳои даромадноки худро андеша мекунанд, бо интихоби ним бурда нон неву як нони бутун тамоми ҳаёти оилаашонро месўзонанд. Онҳо роҳеро интихоб намудаанд, ки на оғоз дораду на анҷом ва шояд худашон бехабар буданд, ки роҳи онҳо то куҷост. Ҳамаи ин натиҷаи качфаҳмиҳои насли наврас аст.

Онҳо дар баробари маҳв гаштани роҳбарони худ худашон низ ба ҳалокат мерасанд. Дар баробари ин онҳо худашонро диндори аслӣ,  соҳиби имони пок ва ба дини ислом содиқ мешуморанд, инчунин худро сарсупурдагони миллат метарошанд. Ба суханони шахсони номаълуми ба кишварамон назари душманонадошта бовар карда, ба ҷои он, ки аз кўчаи илму маърифат гузашта, бо ёрии он чӣ будани ватан ва моҳияти онро бифаҳманд ва осудаҳолона ба як бурда нон қаноат карда, зиндагии хуш гузаронанд,  ба ватани худ ба воситаи ба психологияи онҳо ҷойкардани фикрҳои фисқу фасоднок ҳисси нафрат пайдо мекунанд.

Дар ягон қолиби фикр ва тафаккури инсон намеғунҷад, ки чунин ҷавонон дар гурўҳҳои ифротгарона, ғоратгарона ва пур аз ҷангу ҷидол шомил шуда, ояндаи худро ба дасти бегонагон-душманони халқу ватани худ, модару падар, ақрабои худ, тору пуди худ месупоранд.

 

Қаюмова С.А  

ДПДТТХ