Дар хотираи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибихтиёр мондани Тоҷикистон бо тантанаи сулҳ ва таъмини ваҳдат дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ алоқаи бевосита дошт. Кулли мардуми тоҷику тоҷикистониҳо манфиатдор буданд, ки дар зарзамин ҳарчи зудтар сулҳ тантана ёбад. Хушбахтона роҳбарони давлати соҳибистиқлоли навбунёди Тоҷикистон низ ин тамоюлро ҳарҷониба дастгирӣ намуда, роҳҳои сулҳ ва оштии миллиро дарёфт намуданд. Ҳамин тавр  танҳо бо туфайли ваҳдати милли ва ягонагӣ бехатарии Тоҷикистонро таъмин кардан мумкин буд.

Хушбахтона, роҳи сулҳ дар Точикистон аз тарафи ҳамаги ҷумҳуриҳои Осиёи Маркази, Россия  ва мамлакатҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфт.

Ташкилотҳои байналхалқи ҷаҳон, пеш аз ҳама Созмони Миллали Муттаҳид, саҳми худро дар  мӯътадил гардонии вазъ дар Тоҷикистон гузоштанд. Ин кор дар ду  ҷабҳа ба амал меомад. Аз як тараф,дар ташкили кӯмаки башардӯстона ба аҳоли ҷумҳурӣ  ва фирориёни ҳориҷии он ва аз тарафи дигар дар созмони намояндагии мулкӣ ва низомӣ оид ба барқарори сулҳ.

Дар кори барқарории сулҳ дар Тоҷикистон  инчунин Созмони амният ва ҳамкори дар Аврупо (САҲА), Созмони Конфронси Исломӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мултақил (ИДМ) саҳми худро гузоштанд.

Бо мақсади таъмини сулҳ ва оштии миллиӣ дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 1994 гуфтушуниди байни тоҷикон оғоз ёфт. Гуфтушунуд дар байни ҳайъати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик борҳо дар Россия, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Афғонистон дар шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад, Исломобод, Алма-Ато, Ашқобод, Бишкек, Москва барпо гардиданд. Дар гузаронидани гуфтушунидҳо ва ба даст овардани сулҳ саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст.

Дар роҳи таълими сулҳи пойдор дар Тоҷикистон зарурияти ташкил намудани музокироти байни тоҷикон ба миён омад, ки вай аз 5-19 апрели соли 1994 сар шуда, дар 8 давра гузаронида шудааст.

17 сентябри соли 1994 дар Теҳрон созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва қатъи дигар амалиёти душманонона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар дар давраи гуфтушунид ба имзо расид. Кулли шаҳрвандони Ҷумҳурӣ қабули чунин хуҷҷатро дастгирӣ намуда, умеду боварӣ ҳосил карданд, ки роҳи сулҳ ба тариқи ҷиддӣ пеш гирифта шудааст.

23 декабри соли 1966 дар ш.Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Иттиҳоди Мухолифини тоҷик С.А.Нурӣ вохӯрда созишномае имзо кардаанд,ки тибқи он Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд. Комиссияи оштии милли аз 26 модда иборат буда, онро раиси ИТТ мухолифини тоҷик С.А.Нурӣ роҳбарӣ мекард. Дар низомномаи Комиссияи оташии миллӣ чунин омада аст: “Вазифаи комиссия ҳалли маҷмӯи проблемаҳои вобаста ба оштии миллӣ мебошад. Комиссия бояд муоҳидаҳоеро амали созад, ки дар ҷараёни музокироти тоҷикон ба даст омадаанд, вай бояд ба фароҳам сохтани муҳити боварӣ ва бахшидани гуноҳҳои ҳамдигар  мусоидат номояд, инчунин гуфтушуниди васеи қувваҳои гуногуни сиёсии мамлакатро барои истиқрор ва таҳкими созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба роҳ монад. Комиссия дорои мақоми муваққатӣ мебошад. Вай фаъолияташро баъди ташкили парлумони нав ва мақомоти роҳбарикунандаи он қатъ мушавад”.

Комиссияи оштии миллӣ чор зеркомиссия роҷеъ ба масъалаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, гурезаҳо ва ҳуқуқиро дар бар мегирифт. Музокироти байни тоҷикон 40 моҳ тӯл кашид, вале мутаасифона, дар давраи ҷанги мусаллаҳона хомӯш нашуда буд. Яке аз муваффақиятҳои кори комиссия аз он иборат буда, ки вай  бо иштироки бевоситаи СММ, Созишномаи аминят ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди давлатҳои мутақил(ИДМ), Кумитаи байналмиллали Салиби Сурх (КБСС), Созмони Конфронси Исломӣ (СКИ) ва дигар ташкилотҳои байналхалқи мамлакатҳои ба мо  дӯст, чун Россия, Афгнистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон гузаштааст.

 

Мирхолиқова Д.С

ДПДТТХ