Миллати тоҷикро имрӯз дар тамоми арсаҳои байналмиллалӣ бо Истиқлолият ва сулҳу суботаш мешиносанду онро ҳамчун кишвари боамн эътироф мекунанд.

Аммо мухолифоне ҳастанд, ки ташкилоти худро ба ном Паймони миллии Тоҷикистон, ки гӯё дилсӯзони миллат нишон медиҳанд вагарна аз ин осоиштагӣ ношукрӣ карда, ин ҳама файзи рӯзгору муваффақиятҳои беназирро пушти по мезананд. Барои олуда кардани осмони софи кишварамон саҳм мегиранд, чун онҳо бадкирдору носипос ва бадкешанд.

Тоҷикистон кишвари фарҳангпарвару башардӯст ва куҳантамаддун аст. Ҳамин асолати аҷдодӣ буд, ки моро то кунун саодати рӯзгор бахшидаву бахти бегазанди миллатро ҳадя кардааст. Дар ҳақиқат кишвари мо диёри ҳамешабаҳор ва мардумонаш бомаданияту ватандӯст ва худшиносанд.

Акнун ташкили созмони “Паймони миллии Тоҷикистон” ба чи хотир аст, инро ҳам мо хуб медонем. Албатта фаъолияти ин ташкилот идомадиҳандаи амалҳои бади наҳзатиҳо аст. Аз ҳамин лиҳоз мардум ба паймони шумо дигар бовар намекунанд. То ҳамин дараҷа мардум мефиребед, ки гӯиё бо ивази номатон тинататон низ дигар мешуда бошад.

Мо ҳеҷ гоҳ барои ин нохалафон майдонро холӣ нахоҳем гузошт, зеро мо аз дасти чунин “ҳимоятгарон” ранҷ дидаву озурдаҳол гардидаем.  Мо бояд дарк намоем, ки вазифаи ҷоноҷони ҳар кадоми аз шаҳрвандони баору номуси миллат онаст, ки мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Мо набояд фирефтаи доми бадхоҳони паймоншиканон гардем ва ба суханони буҳтонангези онҳо бовар намоем.

 

Бобоева М.А.                       

ДПДТТХ