Агар ба хотири барпо кардани давлат чи қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани он на камтар аз он ҷоннисорӣ мехоҳад. Фаъолияти ҳаррӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрӯзу ояндаи давлати мо мебошад.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон  4-уми декабри соли 1991  ташкил шудааст. Солҳои 1992 - 1997 Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди бастани Созишномаи умумии  истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003  он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шудааст.

Ҳарчанд таъйиноти асосии таъсисёбии ҲНИТ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзои он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) - доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд.

Мо худ шоҳиди он гаштем, ки ҳизбҳои динӣ ба ҳилаҳои сиёсатбозони хориҷӣ гирифтор ва боиси талафоти бешумори ҷониву молии кишвар гашта, хатари аз байн бурдани давлати тозабунёди Тоҷикистонро ба миён оварда буданд.

Сарварони ҲНИТ саросар зархаридони кишварҳое мебошанд, ки дини исломро василаи тиҷорат қарор дода, ҷавононро ба вартаи раҳгумӣ ва хатари марг гирифтор мекунанд. Рӯйдодҳои сипаришударо баррасӣ карда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бори дигар собит намуданд, ки Кабирӣ ва Назарзода барин пешсафони казоии “дину демократия” динфурӯширо касб намуда, дар хазинаи шахсии худ чӣ қадар сарват ҷамъ кардаанд; хонаҳои бошукӯҳи истиқоматӣ, корхонаҳову воситаҳои нақлиёти гаронарзиш, суратҳисобҳо дар бонкҳои давлатҳои дигар.

29 сентябри соли 2015, пас аз он ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералиро қонеъ гардонда, ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти ифротӣ (экстремистӣ) - террористӣ эътироф намуда, фаъолияташро қатъ гардонд, дар ҷомеа пурсишҳо дар мавриди тақдири ояндаи аъзои қатории ҳизб пайдо шуданд. Баъзе шахсони манфиатҷӯ ва гурӯҳҳои иғвоангез аз шабакаи ҷаҳонии интернет истифода бурда, мехостанд дар дили мардум тарсу ҳарос ҷой кунанд. Аммо, маълум мешавад, ки мардуми таҷрибадидаи мо ба ин фитнаҳо дода намешаванд.

Мо низ, ин  ташкилоти ифротгароии (экстремистӣ) террористӣ донистани онро дуруст шуморида, аз ҷониби гурӯҳҳои исломии силоҳбадаст ноором кардани вазъи иҷтимоиву сиёсии кишварамонро қатъиян маҳкум менамоем.

Мутаассифона, имрӯз вазъ дар ин мамлакатҳо, аз ҷумла  давлатҳои арабии Ироқ, Миср, Сурия, Либия, Яман, Афғонистон, Покистон ноором буда, ҳаракатҳои иртиҷоии исломӣ мардумро бар зидди ҳамдигар барангехта, боиси ҳар рӯз кушта шудани садҳо нафар мардуми бегуноҳ мегарданд. Кор ба ҷое расида, ки ифротгароён ҳатто аз таркондани ҷойҳои муқаддасу таърихӣ, мисли масҷиду осорхонаҳо худдорӣ намекунанд ва

Танҳо бо ҳамбастагӣ ва ҳамкории зич, дар шароити имрӯза, метавон ислоҳоти дурусти созанда гузаронд, ки дар навбати худ иқтисоди мо рақобатпазир гашта, имкони ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ пайдо мегардад.

Аз ин лиҳоз имрӯз мо, ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарастӣ, арҷгузории арзишҳои миллӣ ва илму фарҳангпарварӣ тарбия намуда, ба хотири пешрафти ояндаи Тоҷикистони азизамон талошу кӯшишҳои пайгиронаро идома медиҳем.

Имрўз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омўзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.

 

Диловар И.

ДПДТТХ