Ягона ҳадафе, ки дар афкори гурӯҳҳои иртиҷоӣ чарх мезанад ин дар сохти конститутсионии миллатамон ворид намудани ҳар гуна тағйирот, ба тимсоли аз байн барии озодиву ободкорӣ ва ба харобазор табдил додани ин мамолике, ки биҳишти рӯи олам гаштааст, мебошад. Бори дигар қобили зикр аст, ки агар ҳизби наҳзати исломӣ сари давлат ояд, аввалин коре,ки анҷом медиҳад, ин дигар кардани сохтори конститутсионӣ аст. 

        Хушбахтона имрӯзҳо аксари мардуми тараққипарвар зӯровариву ваҳшоният ва хунхории  низоми иртиҷоиро маҳкум менамоянд. Инсоният дар шароите, ки ба озодиҳои сиёсӣ, демократӣ ва дунявӣ муносиботи ҳусни тафоҳуми ҷомеа роҳ гирифтааст, ин гуна зӯроварӣ ва террор, ки мақомоти роҳбарикунандаи давлати Исломӣ пеш гирифтааст, ҳар фарди ҷомеаро набояд бетараф гузорад. Ин гуна роҳу усули мубориза, зӯроварӣ ва ваҳшониятро тамоми мардуми кишварҳои демократӣ ва сулҳпарвар, аз ҷумла, ҷомеаи мо маҳкум менамоянд. Вақте ки дин сиёсӣ мешавад, он ба қудрати мутлақ табдил меёбад, яъне сиёсат ҳунар, фарҳанг, тафаккур, рафтори ахлоқӣ тобеияти мутлақи дин мешавад.

      Омезиши сиёсату дин озодиро аз байн мебарад ва ҷаҳонро фақат зери шишаҳои  идеологияи динӣ мебинад. Озодиро нисбати зан маҳдуд месозад ва намегузорад, ки мақоми зан дар ҷомеа рушд кунад.

Мардуми шарафманди тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллати мо сарвари кордону оқил, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз роҳу равишеро барои ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавононро ҷустуҷӯ мекунад ва мардуми азизи мо кӯшиш мекунанд, ки ҳар чӣ бештар ин ҷавонони гумроҳро аз ин роҳ баргарданд ва ҳамеша ба ватани азази худ  хидмат кунанд, бо кору фаъолияти хуби худ давлати азизашонро ба пеш баранд ва имрӯз муроҷиати ҳизби наҳзати ислом ба СММ ба тамоми ҷаҳон даъвои беҳуда аст. Зеро ҶТ ягон таъқиб нисбат ба аҳзоби сиёсӣ ва ё ашхос раво надидааст.  Баръакс мардум имрӯз ҳушдор гашта, аз нооромии давлатҳои араб ба хулоса омада, худро аз ҳизбҳои динӣ канорагирӣ карда истодааст.

 

Назарова Ш.Н.

 ДПДТТХ