Таърих гувоҳ аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб дар ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардидааст.

Диёри ҳамешасабзи мо, макони сулҳу оромӣ, меҳнати софдилона ва хизмати беминнат нисбат ба ватан мебошад. На танҳо аҳолии маҳаллаи ҷумҳурии мо, балки одамони  бурунмарзӣ, ки бо сабабҳои гуногун дар дигар давлатҳо мехонанд ё ин ки кор мекунанд аз роҳбари давлати худ мефахранду меболанд. Онҳо боварии комил доранд, ки солҳои наздик Тоҷикистони азизи боз ҳам гул-гул шукуфта истодааст.

Ин аст, натиҷаи муттаҳидии мардуми кишвар, ки ҳадафҳои нопоки мухолифон ҳамеша барбод рафтаву бесамар мемонад. Зеро халқӣ тоҷик бо якдиливу якзабонӣ алайҳи ин наҳзатиҳое, ки имрӯз паи милати мо ҳар гуна ахбороти дурӯғу пур аз воҳимаро паҳн карда, ба ақидаи мардум таъсир расонидани мешаванд. Ин амал баръакси ҳолат худи онҳоро мағлуб карда истодааст.

Мутмаинам, ки хабарҳои бардурӯғу бемаъно нисбати кишвари моро низ ин нохалафон расонаӣ менамоянд. Дар асл инҳо бояд донанд, ки ҳамаи ин ҳодиса ба рӯҳияи ягон мардум тоҷик асар нагузоштааст, зеро то кунун ҳама бо чашми сар дида истодаанд, ки бо ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, шароити мусоиди зисту зиндагони дар кишвар муҳайё асту дигар ба кӯмаки Амрикоиҳову аврупоиҳо ва махсусан ба ақидаҳои “озодхоҳӣ”-ҳоятон, ки аз минбари САҲА садо баланд мекунед, эҳтиёҷманд нестанд. Ва то мирӯз низ ниёз ба кӯмаки атрофиён низ надоранд.

Дар зарфи бисту ҳашт сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи Пешвои муаззами миллатамон ва халқи босаодат дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

Қайд кардан бамаврид аст, ки анҷоми ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатиамон буд, ки аз ҷониби сарвари дурандешамон амалӣ гардида истодааст. Аллакай имрӯз тамоми мардуми шарафманди тоҷик бо дарки масъулияти баланд, ҳис менамоянд, ки озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ мебошад. Моро мебояд, бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона созем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем.

         

Шуъбаи ВАО-и ДПДТТХ