Шукри Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз Ватани мо тинҷу ором, миллати тоҷик муттаҳиду сарбаланд, диёри азиз ободу хайру барака дар хонадони мардум аст. Боз шукри онро мекунем, ки ба сари халқ ва миллати тоҷик роҳбари оқил, ғамхор ва адолатпешаро ато фармуд.

Гузашти айём ва мурури замон аҳли ҷомеаро водор мекунад, ки аз гузашта сабақ гирифта ҳикмати онро донад ва хулоса барорад. Боиси ифтихор аст, ки тавассути корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо имрӯз чунин давлати обод ва зебо дорем. Зеро танҳо ӯ тавонист, дар рӯзҳои даҳшатбору пурфоҷеаи кишвар мардуми парешону парокандаи тоҷикро сарҷамъ орад. Ҷон ба гарав монда аз сарзамини ҳамсояи ҷангзадаи Афғонистон гурезагонро ба Ватан баргардонд. Магар он рӯзҳо фаромӯш мешаванд? Магар оби дидаи модарону хоҳарони ҳайрону зор ва азизгумкарда аз ёд мераванд? Фаромӯшии он рӯзҳои сангини миллат ин фаромӯшии таърих ва асолати хеш аст. Он шабу рӯз ба амнияту якпорчагии миллат хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Ин масъулияти азимро касе аз роҳбарон намехостанд ба дӯши худ гиранд. Зеро тарси ҷону ҷалол барояшон муҳимтар аз манфиати миллат буд. Танҳо ҷасорату ғайрати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин ҳама масъулияти гаронро ба дӯши худ гирифт. Ба ҳамагон аён аст, ки Пешвои миллат дар азми кардааш устувор монда, тӯли 5 сол бо саркардагони гурӯҳи мухолифин 5 даври гуфтушунид ва 7 мулоқот гузаронид, ки оқибат ба мақсади гузоштаи хеш муваффақ гашт. Дар ин роҳи душвор боварию муҳаббати мардум зарур буд, ки онро Сарвари давлат сазовор шуданд. Саҳифаҳои навини таърихи миллат пур аз иқдомҳои созандаву бунёдкоронаанд. Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати иқдомҳои беназири Сарвари давлат нақбу пулҳои нав ва роҳҳо бунёд ёфтанд, ки рафтуомади мардуми кишварро осон намуда, рӯзгори аҳолиро беҳбуд бахшиданд. Сарвари кишвар шахсиятҳои ҷоннисору хизматнишондодаи миллатро унвони қаҳрамонӣ дода, ба бузургони миллат арҷу эҳтиром гузоштанд. Аз ин рӯ, имрӯз ҳамаи моро мебояд атрофи ин марди накӯсиришт муттаҳид бошем, ҳушёрию бедории сиёсиро аз даст надиҳем ва баҳри сарсабзии Ватанамон саъю талош намоем.

Ҳамзамон, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмиллалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва сари вақт мебошад. Дар тӯли қариб си соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузоштаанд. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гашт. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ - артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид. Имрӯз баъди Тоҷикистон соҳибистиқлол гаштанаш, бо заҳмату талошҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон сарсабзу хуррам гардида истодааст. Вақте ба кӯчаҳои шаҳрамон сайру гашт мекунем, мебинем чӣ тавр зебову барҳаво, осмони софу беғубор дорад. Ҳар тарафи кӯчаҳоро биноҳои наву замонавӣ, майдонҳои пур аз гулу дарахтон, ки ба шаҳрамон зебогии дигаре илова намуда истодааст. Инҷо сухан на танҳо дар бораи Хуҷанд, балки дар дигар шаҳрҳо низ чунин аст. Бисту ҳашт сол муқаддам, яъне 9-уми сентябри соли 1991-ум муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Дар даврони истиқлолият миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст. Маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонаи ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно, Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту ҳашт сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳод. Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем.

Чунонки Президенти мамлакат, Пешвои миллат – Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад. Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсия (Сарқонун)-и мамлакати орзую ормонашро қабул кард. Агар гӯем, ки аз ҳамон соли қабули Конститутсия, яъне соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишоф фаро расид, хато нахоҳад шуд. Зеро барои расидан ба сулҳи кулл ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти Ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсия (Сарқонун)-и ҳаматарафа такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замон таъмин намояд.

Баробари ин якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби тамоми халқ нишони эътирофи Ҳукумати қонуниро дошт, ки акнун ду сол мешуд, бо сарварии фарзанди вафодори миллат Эмомалӣ Раҳмон барои аз варта берун овардани мамлакати дар ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида фаъолияти шабонарӯзӣ мебурд. Кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин менамояд. Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати сидқидилонаю бунёдкорона аст. Пас кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромӯзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия (Сарқонун) муайян гардидааст. Кафили Конститутсия (Сарқонун) бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар партави ин санади зиндагисоз Ҳукумати кишвар бо сарварии Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон боз ба чунин нуктаҳои талаботи Конститутсия (Сарқонун) эътибори махсус ва ҷиддӣ дод:

Пеш аз ҳама, таъмини озодию осудагии ҳаёти инсон дар қаламрави мамлакат, ки онро истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшид;

Дуюм, фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳнати озодонаи ҳар сокини кишвар, таълиму тарбия дар мактаб ва оила, донишкадаю донишгоҳҳо, ҳунаромӯзӣ ва гирифтани табобати бепул дар муассисаҳои тиббӣ;

Сеюм, таъмини озодии муоширати намояндагони халқу миллатҳои гуногуни маскуни кишвар, истифодаи забони модарӣ дар зиндагӣ ва тадрис, ҳаракат ва алоқаи бемамониат, ки ин ҳама бо роҳи шароити васеъ фароҳам овардан ба амали забонҳои гуногун дар қаламрави мамлакат, ривоҷи соҳибкорию тиҷорат дар тамоми нуқтаи олам ва пайвастани минтақаҳои гуногуни кишвар тавассути бунёди шоҳроҳҳо ба амал бароварда шуданд;

Чорум, таҳкими ҳуввияти миллӣ, рӯ овардан ба асолати худшиносию худогоҳӣ, расму оини аҷдодӣ, ватандӯстию инсонпарварӣ, ки ин ҳама тавассути таҷлилу бузургдошти ҷашнҳои таърихию миллӣ ва симоҳои оламшумул амалӣ гардид;

Панҷум, таъмини озодии виҷдон, матбуот, афкору андешаи ҳар сокини мамлакат ва ғайра.

Соҳиби давлати мустақил будан барои ҳар инсони соҳибдил бахти бузург аст. Бахусус дар замони ҳодисаҳои чашмнодида ва гӯшношуданидаи катаклизми умумиҷаҳонӣ, ки мамолики гуногуни олам аз офатҳои табиию бемориҳои вогир ва нарасидани озуқаю оби ошомиданӣ азият мекашанд. Дар мамлакати рушдёбандаи мо ҳам соли гузаштаю соли равон чунин ҳодисаҳо рух доданд. Вале давлат нагузошт, ки шаҳрвандонаш бе хонаю ҷой, бе сарпаноҳу бе озуқа монанд. Дар муддати кӯтоҳ ҳам барои сокинони Кӯлобу ҳам барои сокинони Айнию Панҷакент биноҳои замонавии муҷаҳҳаз сохта, бо тамоми ашёи рӯзгор ба истифода дода шуданд. Душвортарин муаммои мо дар зарфи бисту ҳашт сол ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият роҳбари давлат ҳамарӯза бо он машғул мешуд. Албатта раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад.

Мо вазифадорем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркиби тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба онҳо эҳтиром гузорем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табиист, ки аз равандҳои ҷаҳонишавӣ берун буда наметавонад. Муносибатҳои мо ба кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни олам торафт вусъат ёфта, мо ҳарчи бештар вориди муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии байналмилалӣ мегардем . Дар чунин шароит амиқ дарк кардани мақсад ва ҳадафҳои худ, таҳкими дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ амри зарурист».

Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо муносибатҳои баробарҳуқуқ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақа ва мамолики пешрафтаи олам аҳамияти махсус доранд. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати «дарҳои кушода» чунин муносиботу ҳамкориҳо рӯз аз рӯз таҳкиму густариш меёбанд. Ҳадафи аслии мо эъмори давлати мустақили ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи инсон аст. Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тӯлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.

Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳан-гии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.

 

 

Насимова М. М.

ДПДТТХ