Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миооат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту баромад ҳояшон ба мардум таъкид менамояд, ки: «Ба ҳар як фарди бонангу номус, аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳоддияҳои ҷамъиятӣ зарур аст, ки манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро аз манфиатҳои ҳизбиву гурӯҳи ва диниву мазҳаби болотар гузошта, аҳамияти ҳаётӣ ва зарурати таърихии ваҳдати миллиро барои рушди давлату давлатдорӣ, рӯзгори осоиштаи халқ ва ободии Ватани азизамон амиқан дарк намоянд». Моро мебояд, ки дар ҷавоби ҳамин суханони дурбинонаи Пешвои муаззамамон манфиатҳои халқумиллатро дар мадди аввал гузошта, барои якпорчагии диёрамон якдилона хидмат намоем. Зеро ҷаҳони имрӯза бо талотумҳои сиёсиву динбозиҳои ифротиён кам мондааст, ки олуда гардад. Ягона амалеро, ки зидди ин нобакорон мо анҷом дода метавонем, қабл аз ҳама ба суханони инсонфиребонаи эшон гӯш надиҳем ва худро аз ҳар гуна хатари шомилшаваи ба чунин гурӯҳҳои тундгаро эмин нигоҳ дорем.

Имрӯз дар пайравии Пешво будани мо мардумон аз ҳама зарур аст, зеро тарафҳои мухолиф чашм дӯхтаанд ба он неъматҳое, ки миллати тоҷик онро ба осонӣ ба даст наовардаанд.

Намояндагони наҳзатӣ бо ҳар роҳу усуле, то тавонста истодаанд, миллати моро танқиду тақлиди бардурӯғ намуда, дар расонаҳои ахборотӣ шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳар тариқа хабарҳои бемаъниву бемӯҳтаворо паҳн карда истодаанд. Мусаллам аст, ки пас аз мамнӯ гаштани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар кишвари мо аъзоён ва тарафдорони он, каксар чун қавми тӯдагурези босмачӣ аз Кабирӣ оғоз то дигар шогирдони «сухандону сиёсатшиносу кордонаш» дар кадом мамлакатҳои ғарб парешону бесарпаноҳ гаштаанд. Дар кадом як хабаре маъни бардоштам, ки намояндагони ин азҳобро ҳатто барои паноҳандагӣ ва муқимӣ шудан низ дар он ҷо иҷозат надода истодаанд, ҳол он ки аз тлори конфронси САҲА берун карда шудааанд. То кай худхоҳиву худписандӣ, то кай гапи ин назҳтиҳо гапу гуфтаҳояшон амалишаванда. Он рӯзҳо гузашту рафт, нияти фаъолият медоштед, инсонвор бояд кор мекардед, на ин ки мардумонро илми ҷангу ҷидол ва силоҳбадастиро медодед.

Мардуми шарифи Тоҷикистонро лозим аст, ки ҷонибдории давлатдории демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаи худ бошанд, барои ҷомаи амал пӯшидаи орзуҳои ҳазорсолаи миллат ва рӯй ба инкишофу пешравӣ овардани Ватани азизамон, ки хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, бо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгарон ва радикалии динӣ муборизаи беамони худро эълон доранд. Мо бояд Тоҷикистонро озод аз ҳама гуна равияҳои тундгароии динӣ эълон дошта, дар паноҳи рӯҳи бузурги гузаштагони миллат ва арзишҳои таҳаммулгарое, ки аз онҳо боқӣ мондаанд, барои ободию шукуфоии ин сарзамин кору пайкор намоем.

 

РАҲИМОВ АМОН АКБАРОВИЧ

ДПТТХ