Терроризм яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фарогирифтаву зиёда аз садҳо  таъриф  барои мушаххас намудани он аз ҷониби олимон пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, ҳуқуқшиноси машҳури рус Л.А.Моджорян мегӯяд: «Терроризм амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон, барои расидан ба ҳадафҳояшон равона карда мешавад». Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX терроризм мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи олимон ва чомеашиносон  қарор гирифт, хусусан аз ҷониби чомеашиносони  Шарқу Ғарб омӯзиши ин падидаи номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён ояд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, дар ҳоле ки таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замон содиршавии терроризм вуҷуд доштааст, ҳарчанд дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар муаммоҳо терроризм ба муаммои глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ барзидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

Қурбонии терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу авомили бурузи афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Хулоса, имрӯз терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ифротгароӣ ва терроризм  дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст” ва набояд фирефтаи он гашт.

 

Каримов И.Р.

ДПДТТХ