Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 12 2019 паёми навбатии худро ба Маҷлиси Миллӣ ироа намуданд.  Дар он масъалаҳои мубрами рӯз мавриди таҳлили дақиқ қарор гирифтанд. Яке аз масъалаҳои асосие, ки мавриди таваҷҷӯъ қарор гирифт, ин рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад. Дар пайём қайд гардид, ки дар зарфи соли якуми эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аллакай дар ин самт як қатор пешравиҳо амалӣ карда шуданд. Такроран таъкид гардид, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ хоҳад монд ва ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат корҳои зарурӣ амалӣ хоҳанд гашт. Инчунин ба тариқи махсус қайд гардид, ки дар нуҳ моҳи соли 2019 беш аз як миллион нафар сайёҳон аз мавзеъҳои нодири кишвар дидан кардаанд.

Барои ривоҷу равнақ додани ин соҳаи барои ҷумҳурӣ муҳим, аз тарафи шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавассути воситаҳои муосири иттилоотӣ, сомонахои интернетӣ муаррифӣ кардани мавзеъҳои нодири Тоҷикистон, урфу одат, ҳунарҳои мардумӣ хеле муҳим мебошад. Маҳз воситаҳои муосири иттилоотӣ дар ҷалб кардани сайёҳон, дар шароити кунунӣ мавқеи хоса доранд. Мавқеи худи сайёҳон дар ин ҷода,  таассуроти онҳо, махсусан нигоштаҳои онҳо дар шабакаҳо  бошад на танҳо аз аҳамият холӣ нест, балки дар бисёр вақтҳо дар ҷалби сайёхон нақши ҳалкунандаро мебозанд. Ҳадаф аз навиштани ин сатрҳо маҳз дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ, тасодуфан бо мактубе вохӯрдани ман мебошад, ки  дар назари ман бисёр самимона буда, аз мутоилаи он, махсусан, аз баъзе бандҳои он, дар ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ифтихори миллӣ зуҳур мегардад.   Дар он омӯзгори таърих, сайёҳ, таҳқиқотчӣ, нависанда ва суратгир аз Русия, ки дар соли 2018 аз Тоҷикистон дидан кардааст, ба Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нома навиштааст.  Маҳз чунин нигоштаҳо ва махсусан миқдори зиёди онҳо таваҷҷӯҳи аҳли башарро ба Тоҷикистон зиёд мекунанд. Дар зер мӯхтавои ин нома бо баъзе иловаҳо оварда мешавад.

“Салом, мӯҳтарам Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон” - бо чунин суханони самимӣ ҳусни оғоз мегирад ин нома.  Ман, муаллими таърих, ҷомеашиносӣ ва таҳқиқотчӣ  соли 2018 бо камоли мамнуният ва ифтихор, бо ҳадафҳои таҳқиқоти этнографӣ, имконияти ташриф овардан ба давлати афсонавии Тоҷикистонро пайдо намудам  ва ҳоло мехоҳам миннатдории самимии худро ба Шумо баён намоям.

Дар давоми даҳ соли охир, ман бо ҳадафи таҳқиқот дар минтақаҳои гуногуни сайёраамон - Хитой, Ҳиндустон, Мексика, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африқо, Исроил, Фаластин, Эрон ва дигар кишварҳо сафар кардам. Ба назари ман, Тоҷикистон, бе ягон шакку шубҳа, кишварест, ки аз нигоҳи муносибати дӯстона ва хайрхоҳона  ба сайёҳон дар ҷойи аввал қарор дорад.

Намунаҳои хайрхоҳӣ ва меҳрубонӣ аз тарафи шаҳрвандон хеле бисёранд. Шахсони бегона дар Душанбе, вақте фаҳмиданд, ки ман сайёҳ аз Русия мебошам, борҳо аз корҳои худ  дур шудаанд, маро иҳота мекарданд ва ба Русия барои чандин соли дӯстӣ суханони миннатдорӣ баён кардаанд.  Тоҷикон ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки маро бо хӯрокҳо ва таомҳои миллии худ ошно кунанд, ҳама вақт бо масъулияти баланд омодагӣ ба кӯмакро нишон медоданд.

Як зуҳуроти дигари равшани мушаххасе, ки муносибати хуб ба сайёҳонро инъикос мекунад  он аст, ки мардуми Тоҷикистон, тоҷирон, дар аксар ҳолатҳо кӯшиш намекунанд, ки ба меҳмон нархи дучанд ё ҳатто сечандро барои хариду фурӯши молу амвол ё хизматрасонӣ пешниҳод намоянд, чуноне ки дар аксари  кишварҳои дунё ин як чизи муқаррарӣ ва маъмул ба ҳисоб меравад. Мавсуф қайд кардааст, ки то андозае камтар, чунин  муносибатро танҳо дар Эрон пайдо кардан мумкин аст.

Чунин муносибатҳои гарми шаҳрвандон боис ба он гаштанд, ки ман хеле зуд эҳсоси эътимоду эътиқод ба чунин кишвари афсонавиро пайдо кардам ва бинобар ин сафари худро дар ин кишвари афсонавӣ  тавассути мошинҳои сайёҳӣ давом додам. Дар давоми сафар борҳо сокинони ҷумҳурӣ маро дар мавзеъҳои гуногун бо муносибатҳои хайрхоҳонаи худ ба ҳайрат меоварданд. Ронандаҳо  омода буданд. роҳи худро тағир диҳанд ва маро ба ҷойҳои дурдасти Тоҷикистон, барои нишон додани зебоиҳои кӯҳҳо ва кӯлҳои кӯҳӣ баранд. Ин барои ман хеле гуворо буд.

Ман шубҳае надорам, ки ин меҳмоннавозӣ ва маданияти баланди меҳмондорӣ ба он вобаста  аст, ки   мардуми Тоҷикистон аз як тараф, таърихи хеле қадима ва бой доранд ва аз тарафи дигар ба риояи анъанаҳои худ содиқ ҳастанд.  Бояд қайд кард, ки сиёсати давлатӣ низ ба он нигаронида шудааст, ки мардум аъанаҳои худро  дар марҳилаи кунунӣ нигоҳ доранд, дар ҳолати зарурӣ аз нав эхъё кунанд. Дар ин масъала Русия аз Тоҷикистон бисёр чизҳоро метавонад омӯзад.

 Дар осорхонаҳо аз шахсони муттасадӣ, дар кучаҳо аз шаҳрвандони оддӣ ман бо тафсилоти пурра оид ба давлатдории Сомониён, даврони Шӯравии таърихи Тоҷикистон ва ҳатто “Тоҷикистони қадимаи тоисломӣ” бо таваҷҷӯҳи зиёд шинос шудам.

Бо мақсади таҳкими дӯстии халқҳо, ман аллакай ба вазири маорифи Федератсияи Россия бо пешниҳоде муроҷиат кардам, ки баррасии имконияти зиёд кардани шумораи соатҳое, ки барои омӯзиши таърихи Тоҷикистон дар барномаи таълимии мактабҳои Русия ҷудо карда мешаванд, дида баромада шавад.

Дар охир нома бо ҷумлаи “Ташаккури самимона ва азим барои шумо барои яке аз беҳтарин кишварҳои ҷаҳон - Тоҷикистон “ ба охир мерасад, ки дар он  ибораи  ташаккури зиёд бо забони тоҷикӣ оварда шудааст.

Чунин номаҳои самимона ва чи хеле ки қайд гардид, миқдори зиёди онҳо бешубҳа боис ба зиёд гаштани таваҷҷӯҳи оламиён ба Тоҷикистони афсонавӣ хоҳанд гашт.

 

Ғуломнабеив С.Ғ.

ДПДТТХ