Бо ҳамаи дастовардҳои бесобиқаву беназири худ инсон ҳанўз ба ормону орзуҳои деринааш, яъне эҷоди як зиндагии поку пурсаодат, орому осуда ва озод аз хушунату ихтилофҳо дастёб нашудааст. Баръакс, имрўз инсоният бо хатарҳои нав ва мушкилоти сангинтар рў ба рў гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархўрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад.

Сарвари давлати тоҷикон ҳамеша таъкид мекунанд: «Вазъи имрўзаи сайёра моро водор месозад, ки на аз зиддияти мафкураҳо, бархўрди манфиатҳо ва ихтилофи тамаддунҳо, балки аз робитаҳои дўстона, ҳамзистии мусолиматомез ва гуфтугўи тамаддунҳо ҳарф занем.

Мо вазифадорем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркиби тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба онҳо эҳтиром гузорем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табиист, ки аз равандҳои ҷаҳонишавӣ берун буда наметавонад. Муносибатҳои мо ба кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни олам торафт вусъат ёфта, мо ҳарчи бештар вориди муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии байналмилалӣ мегардем. Дар чунин шароит амиқ дарк кардани мақсад ва ҳадафҳои худ, таҳкими дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ амри зарурист».

Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо муносибатҳои баробарҳуқуқ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақа ва мамолики пешрафтаи олам аҳамияти махсус доранд. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати «дарҳои кушода» чунин муносиботу ҳамкориҳо рўз аз рўз таҳкиму густариш меёбанд. Ҳадафи аслии мо эъмори давлати мустақили ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи инсон аст. Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тўлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.

Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳан-гии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.

Иҷрои тадбирҳои зикршуда дар навбати аввал аз сатҳи рушди иқтисодии кишвар вобаста аст. Бо назардошти ин, мо роҳи густариши муносибатҳои бозорӣ ва рушди устувори иқтисоди миллиро пеш гирифта, дар ин самт тадриҷан ба комёбиҳои назаррас ноил шуда истодаем. Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт, иқтидори содиротии кишвар ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тибқи барномаҳои махсуси давлатӣ оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нахи пахта ва дигар соҳаҳои истеҳсолӣ як қатор корхонаҳои саноатӣ ба кор даромаданд ва ҳоло мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ маҳсулоти худро ба фурўш мебароранд. Дар ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен, Мастчоҳ корхонаҳои азими коркарди пахта фаъолияти худро сар карданд. Дар назди ин корхонаҳо коргоҳҳои бофандагӣ, нассоҷӣ низ амал мекунанд, ки барои натиҷаи ниҳоӣ шароит фароҳам меоваранд.

Ба хотири баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки дар роҳи он маъракаву маросимҳои серхароҷот монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекарданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» уфуқҳои тозаро дурахшон кард. Бо ин иқдом мо барои то андозае сабук гардонидани бори зиндагии халқамон шароити мусоид фароҳам овардем. Дар айни замон зарур аст, ки дар доираи татбиқ ва риояи қатъии конуни мазкур расму ойинҳо ва маъракаороиҳо ба тартибу низом ва меъёри муқарраршуда дароварда шаванд. Мо бо амалӣ намудани сиёсати рушди устувори иқтисодӣ мақсад дорем, ки ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, тадриҷан беҳтар шудани сифат ва сатҳи зиндагии мардум муваффақ шавем. Бовар дорем, ки дар давоми чанд соли наздик ба ҳалли ин масъалаҳо ноил мегардем.

Дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатсозиву давлатдории навини худ баҳрабардорӣ аз арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, таблиғи ҳувияти милливу ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ба шоҳроҳи созандагиву ободонии сарзамини аҷдодӣ раҳнамоӣ кардан ва сафарбар намудани мардумро воқеан ҳам дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додем.

Бо орзую умедҳои нек гуфтанӣ ҳастем, ки дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати мо рисолату асолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азиз нерўю дониши худро дареғ надоранд.

 

 Насимова М.М.

ДПДТТХ