Забони тоҷикӣ дар дарозои таърихи ҳастии хеш ҳамчун пурарзиштарин падидаи фарҳанги тоҷикон симои ин миллати куҳанбунёдро ба шоистагӣ муаррифӣ намуда омадааст. Таҷассуми олитарин маҳсули тафаккури бузургони адабиёт, илму маориф ва фарҳанги тоҷик дар оинаи забони тоҷикӣ боис гардидааст, ки натанҳо халқияти тоҷик, балки худи ин забон дар сатҳи умумибашарӣ мақоми хосае дарёфта, офаридаҳояш ба ҳукми нодиртарин ҷавоҳири ақлонӣ барои ҷаҳониён ҷойгоҳи раҳнамоянда касб кунанд. Далели мӯътамади ин гуфтор то кунун маҳфуз мондани теъдоди касири нусахи хаттӣ бо забони форсӣ дар китобхонаҳои ҷаҳон мебошад, ки ҳар яке риштаҳои мухталифи улум, бадеъ ва адабиёт ҳунарро мутаҷаллӣ месозанд.

Манзалати таърихии забон дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон ҳам дубора рӯ ба боло гирифт ва ин пеш аз ҳама пайванд ба сиёсати давлат дар ҷодаи забон дорад, ки муҳимтарин тамоюл ва самтҳои он дар суханронии сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ, ки нахустин бор пас аз қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» санаи 5 октябр таҷлил гардид, таъкид ёфтанд. Дар ин суханронӣ чанд вазифаи муҳими пажӯҳишгарон ва соҳибзабонон дар мавриди ҳамоҳангсозии забон ва фарҳанги фановарии муосир, инчунин таҷаддуди равишҳои таълими забони тоҷикӣ, эҳё ва ба таркиби луuавии забони муосири тоҷикӣ ворид намудани вожагони классикӣ ва гӯйишии маншаъ дар сарчашмаҳо қадими дошта, бархурди забонҳо бо ҷаҳонишавӣ ва амсоли ин мушаххас гардиданд. Яке аз аввалин нукоте, ки ишорат бар он рафт, ки «Пойдорӣ ва бақои суннату фарҳанги миллӣ дар шароити кунунии таъсири ҳамарўзаи омилҳои ҷаҳонишавӣ ва нуфузи забонҳои муқтадир тавассути технологияи пешрафтаи муосир аз бисёр ҷиҳат ба қудрату тавоноии забон вобастагӣ дорад. Аз ин рў, моро лозим аст, то аз имконоти фаровони дохилии забонамон дар мисоли қолабҳои вожасозӣ ва луuоту истилоҳоти маҳфуз дар осори давраҳои таърихӣ мавриди истифода қарор диҳем.  Бо дарназардошти собиқаи тўлонии таърихӣ ва захираи бузурги луuавӣ забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро эҳё ва ҳифз намояд».

Воқеан, ишорати бамаврид аст, ки забони тоҷикӣ имконоти таърихии фаровон барои такмили худро соҳиб мебошад ва ин таҷрибаро дар ашъори аксари суханвари пешинаамон ба равшанӣ эҳсос менамоем. Дар замони ҷаҳонишавӣ вақте нуфузи забонҳои ба истилоҳ абарқудрат дигар забонҳоро ба тасарруфи хеш дароварданӣ мебошад, бояд ҳамагуна забонҳои қобили муқовимат ба ин рӯйкард аз захираҳои uании таърихии хеш истифода намоянд. Забони тоҷикӣ соҳиби чунин қудрати неруманди таърихӣ мебошад ва имрӯз зарурате пеш омадааст, ки бар мабнои қолибҳои роиҷ дар забони тоҷикӣ вожаву мафоҳими мавҷуд дар осори пешинро барои таҷассуми матолиби ҷадид истифода намоем.  Дар кишварҳои ҳамзабони мо ҳамин гуна таҷрибаҳоро дар мавриди истилоҳоти муосири компутерӣ аллакай истифода бурда истодааст ва дар Тоҷикистон ҳам ба нашр расидани «Фарҳанги вожаҳои компутерӣ» аз суръат гирифтани ин раванд башорат медиҳад.

Дар робита ба ҳамин нукта дар суханронии сарвари давлат ба масъалаи ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ таъкиди ҷолиб садо дод: «Муҳаққиқонро лозим аст, то дар бахши забони илм аз суннати тўлонии забони тоҷикӣ дар пайванд додани он ба меъёрҳои илмӣ огоҳона истифода намоянд. Таҷрибаи забони лотинӣ ва арабӣ дар иртибот ба забони илм далели ин гуфтаҳо буда, имрўз бештари кишварҳо, ки ба дастовардҳои бузурги илми ҷаҳонӣ ноил шудаанд, илми хешро тавассути забонҳои миллӣ эҷод ва муаррифӣ менамоянд. Аз ин рў, забони миллӣ дар мақоми забони расмӣ ва давлатӣ асоси ташаккули илму маориф ва тамаддуни ҳар кишвар мебошад».

Мо дар гузаштаи тулонии худ соҳиби осори муътабаре дар риштаҳои мухталифи улум, тиббу фалсафа, ахлоқу ирфон, мазҳаб, ҳатто улуми дақиқу табиатшиносӣ ҳастем, ки аuлаби онҳо то кунун муаррифӣ нашудаанд.

 Мусаллам аст, ки имрӯз дар гӯйишҳои мухталифи тоҷикӣ вожагони фаровоне ба кор мераванд, ки мо онҳоро ба ҳукми калимаҳои лаҳҷавӣ шинохтаем ва камтар дар муомилоти забони адабӣ истифода мебарем. Аммо таҳқиқи осори классикон шаҳодат медиҳад, ки ин гуна калимот аслан решаҳои суuдӣ ё паҳлавӣ ва ё дигар забонҳои қадимии сарчашмаҳои забони тоҷикиро соҳиб буда, дар аксари фарҳангҳои пешин тафсиру маънигузорӣ шудааст. Дар канори ин, дар забони шеъри Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҳатто «Маснавии Маънавӣ» калимот ва вожагоне корбурд шудаанд, ки  имрӯз дар забони зиндаи тоҷикӣ ба кор мераванд, аммо дар забони адабии китоби камтар ё умуман мавриди истифода қарор надоранд. ҳатто бо он ҳама печидагӣ дар шеъри Мирзо Абдулқодири Бедил мо ба вожагоне дучор меоем, ки бештар ба гӯйиши тоҷикии шеваҳои забони форсӣ қариб ҳастанд ва ҳатто ҳамзабонони мо дар тафсири маъонии ин калимот душворӣ кашидаанд. Аз ҷумла, бедилшиноси афuонӣ Муҳаммад Козими Козимӣ дар ин байти Бедил

         Сахтӣ кашанд чарбсириштони рӯзгор,

         Аз захми санг чора надорад чаҳормаuз

рӯи вожаи «чаҳормаuз» ишорат гузошта, онро аз калимоти номафҳуми шеъри Бедил унвон карда, дар ҳошия онро ба маънии «гирду» тавзеҳ додааст. ҳол он ки комилан шакли гӯйишии «гирду» ба маънии чормаuз миёни тоҷикон роиҷ нест ва ҳамон сурати чаҳормаuзро дар гуфтор мардуми тоҷик истифода мебарад, ки Мирзо Бедид низ истифод намудааст. Ба мисли ин калимоти зиёдеро дар шеъри Бедил ва шоирони дигари тоҷику форс метавон дучор омад, ки имрӯз шоистагии вуруд ба забони адабии муосири тоҷикиро доранд ва ин дар ҳолест, ки теъдоде аз онҳо номзад ба вожагони гӯйишӣ гардидаанд. Аз ҷумла, калимаи суuдиасли «варu», ки ба маънии ҷои кушодани об дар «Луuати фурс»-и Асадии Тӯсӣ тавзеҳ шудааст ва дар шеъри Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба кор рафта, устод Айнӣ хеле ҷолиб дар насри «Ёддоштҳо»-и хеш ба кор гирифтаанд. Мисли ҳамин таҷрибаи устод Айнӣ дар ашъори устод Лоиқ мо ба вуруди чунин калимот ба забони адабӣ бархӯрд мекунем ва месазад, ки ин таҷриба муваффақона  ва бо шеваҳои тоза дар забони адабии имрӯз аз ҷониби шоирону нависандагон ба кор гирифта шавад.

Аз дигар нукоти муҳим дар ин суханронӣ баҳси таҳияи «Барномаи Стратегияи рушди забони давлатӣ маҳсуб мешавад. Сарвари давлат бо ишорат ба ин нукта изҳор доштанд, ки «Ин барнома дар асоси таҳлилҳои дақиқи илмӣ бо дарназардошти дурнамои рушди воқеии забони давлатӣ ва муқаррар сохтани меъёрҳои он бояд танзим карда шавад». Имрӯз воқеан зарурати таҳия ва ба мавқеи иҷро гузоштани чунин барномаи рушди забони давлатӣ ҳаст ва чунонки худи Президенти мамлакат ҳам изҳор доштанд, барои расидан ба ҳадафҳои амали ин барнома пеш аз ҳама иҷрои муқаррароти Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Дар заминаи амали ин барнома масъалаи таҷдиди назар ба таълими забони тоҷикӣ дар макотиби миёна, хоса макотиби uайритоҷикон ва таваҷҷӯҳ ба таҳияи китобҳои дарсии забони тоҷикӣ амре шоиста маҳсуб мешавад. Пайгирӣ аз ин рукнҳои муҳими барномаи давлатӣ имкон фароҳам меоварад, ки вазъияти амалкарди забони давлатӣ дар сатҳу мақоми муайян рӯ ба беҳбудӣ оварад. Дар ҳамин замина аст, ки дар суханронии сарвари давлат як нуктаи бисёр муҳим санҷиши дараҷаи забондонии шахсони масъул ба миён гузошта шуд. Ин матлаб воқеияти замон аст ва таҷрибаҳо, мушоҳидаҳо ошкор месозанд, ки ҳанӯзам дар расонаҳои хабарӣ, махсусан садову симо баъзе аз ашхоси мансабдор ё бо забони лаҳҷавӣ сӯҳбат мекунанд ё ба роҳ додан ба uалатҳои услубӣ ҳарф мезананд. Ин тадбири муҳими барномаи рушди забони давлатӣ боис мегардад, ки вазъият ва ҳолати забон дар мақомоти давлатӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, шахсиятҳои соҳибзабон бо риояи меъёрҳои ин забони таърихан бой ва қадима ба пешрафти миллати хеш хидмат намоянд.

Баҳси забони тоҷикӣ ва ҷаҳонишавӣ, инчунин вуруди забони тоҷикӣ ба ҷаҳони иттилоотии муосир низ аз таъкидоти саривақтӣ аст. Албатта, имрӯз зарурати бо забони муосири иттилоотӣ  мутобиқ намудани забони тоҷикӣ вуҷуд дорад ва имконоти забони тоҷикӣ барои ин амр шароит фароҳам оварда метавонанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт корҳо ҷараён доранд ва гурӯҳе аз муҳаққиқони ҷавони риштаи компутер барои сохтани намоди забони тоҷикӣ дар компутер пажӯҳишҳои илмӣ анҷом дода истодаанд. Бо такя ба иқтидори забони тоҷикӣ ва талошу кӯшишҳои пажӯҳишгарони соҳибназари мо метавон умед баст, ки ин амал дар фурсатҳои наздик ба анҷом расида, мақоми забони тоҷикӣ дар ҷаҳонии иттилоотии муосир боз ҳам боло меравад.

Масъалаи таълифи китоби дарсии «Таърихи адабиёти тоҷик» аз масоили мубрамест, ки дар суханронии сарвари давлат ба он ишорати махсус рафт. Воқеан, имрӯз мо ба як китоби ҷадиди «Таърихи адабиёти тоҷик» бо диду назари нав ниёз дорем ва ин албатта имконият медиҳад, ки бо рӯи кор омадани чунин асари мӯҳташам саҳифаҳои тозаи таърихи адабиёти мо рӯнамоӣ гардида, маърифати адабии насли наврас ба мутолиаи ин асар рифъат пайдо намояд.

Дар маҷмӯъ, он чӣ дар ин суханронӣ таъкид гардид, бешак худ заминае барои таҳияи барномаи мукаммали забони тоҷикиро дар худ таҷассум кардааст ва боварии комил дорам, ки саҳмгузории ҳар яке аз мо соҳибзабонон дар амали нукоте аз ин дастурҳои сарвари давлат ба тарвиҷ ва густариши забони тоҷикӣ дар ҷаҳони муосир нақши муассир хоҳад гузошт.

 

Фарзонаи Э.

ДПДТТХ