Замон бо ҳамаи омаду ноомадаш хело зуду тимсоли зиндагонии касс рангоранг гузашта истодааст. Ба ҳамин маънӣ замони имрӯзаро як падидаи номатлуби ифротӣ ғасб намудааст, ки ин созмони гурӯҳу ташкилотҳои терористиву экстремистист.

Мусаллам аст, ки таи солҳои охир бо қатъ гардиани фаъолияти азҳоби дар Тоҷикистон мамнӯъ гашта, ҲНИ ТЭТ миёни дуҷониб, назҳатиҳои нобакор ва мардумони ватандӯсту меҳанпарвар тафриқа ба миён омадааст. Аввал ин ки манъи фаъолияти онҳоро худашон сабаб шудаанд, дуюм ин ки Тоҷикистони имрӯза ба осонӣ Тоҷикистони обод нашудааст. Барои Тоҷикистонро миёни арсаҳои байнанлмилал ҳамчун давлати демократӣ, ободу озод ва соҳибистиқлол эътироф намудан, ҷони ҳазорон марду ҷасуру далери тоҷик қурбони ҷанги бемаънии ҳамон мухолифоне гардид, ки онҳо замоне чун босмачиёни имрӯзаро тарбият намудаанд.

Мутаассифона, ҳар рӯз мешунавем, ки аз ҷониби ин нохалафон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои бардурӯғронашро паҳн сохтааанд. Албатта, ки ҳама худ шоҳид аст ва бо чашми сар мебинад, ки кадом ҷониб дар роҳи ҳақ ҳукмронӣ менамояд. Вале бовуҷуди ин боиси нигаронист, ки дар кишвари мо низ чандин нафарон симои воқеии худро барало нишон доданд. Онҳо дар хақиқат бадхоҳон ва экстремистони аслӣ буданд, бо вуҷуди ин ки ҳамаи он афродон соҳиби вазифаҳои баландмартаба буданду соҳибмансаб, аммо боз ҳам ба ҳамаи ин неъматҳои насибкардаи Худо изҳори ношукрӣ намуда, хостанд халқро ба иғвову дасиса бархезонанд. Ҳамон халқеро, ки ҳоло ҷавонасту мустақилияташро бар ивази ҳазорҳо ҷони абармардони шуҷои миллат ба даст овардааст, хостанд, ин бадтинатон ба ҳолати ҳалокатбор оваранд, хушбахтона рӯҳи бузурги гузаштагони мо ғалаба карду тири ин ноодамон ба ҳадаф нарасид. Мардуми тоҷик аз азал дар партави дастури супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон тарафдори озодиву ваҳдат, сулҳу амният ва истиқлолият буда, чунин рафтори аз доираи инсоният дурро пурра маҳкум менамоем ва дар муттаҳидӣ онро шикаст медиҳем, ба хотире, ки он ба амнияти миллии мо хатари ҷиддиро таҳдид менамояд.

 

 

Саидова С. А.

ДПДТТХ 

    Ҳар саҳар тариқи телевизион шунидани Суруди миллӣ оиди фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ шаҳодат медиҳад. Бо шунидани он ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Суруди миллӣ муқаддастарину азизтарин неъмат, яке аз рукнҳои давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Сароидани Суруди миллӣ дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамбастагиро фурӯзон нигоҳ медорад. Суруди миллӣ мояи ифтихори ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар мебошад. Дар Ватане, ки мо зиндагӣ мекунем ва ҳар зарра хокаш муқаддас ва ҳар ваҷаб заминаш маъбади имону ихлос ва музаффариятҳои ҳар яки мову шумо мебошад, ҳар саҳар шунидани Суруди миллӣ муноҷоту ниёиши озодӣ, оромиву осудагии миллат ва зиндагии шоистагии моро ифшову изҳор менамояд.

Эҳтироми шахси ватандӯст аз азёд донистани матну оҳанги Суруди миллӣ маншаъ мебошад. Сароидани Суруди миллӣ яке аз самтҳои тарбия ва маърифати ватандӯстӣ мебошад. Алҳол дар ҷомеа нафаре нест, ки бо матну оҳанги Суруди миллӣ бепарвоӣ мекунад. Донистани Суруди миллӣ чун силоҳест, ки бо ӯ метавонад бар зидди ағёр мубориза бурд. 

Ҳар нафар ашхоси ватандӯст саъй менамояд, ки бо сароидани суруди миллӣ муҳаббати худро иброз намояд. Забони соддаву оҳанги дилхурӯши Суруди миллӣ, ки ҳатто кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ месароянд,  ба пиру ҷавон нерӯю илҳоми тоза мебахшад. Махсусан садо додани он дар арсаи байналмилалӣ ҳангоми ғолибияти варзишгарони тоҷик ё худ сафарҳои расмии роҳбарияти олии кишвар дар ҳамбастагӣ бо парафшонии Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як  тоҷику тоҷикистонӣ аст. Кӯшишу талошҳои насли ҷавони миллат дар роҳи илму маърифат ва шинохти арзишҳои миллию давлатӣ бо шунидани суруди миллӣ боз боло меравад. Мо ҷавононро лозим ва зарур аст, ки тамоми саъю кӯшиши худро баҳри донишандӯзӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодиамон равон сохта, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва давлати миллиамон бошем ва сароидани Суруди миллиро ҳамарӯза ба роҳ монем.

 

 

 Мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки рушди техникаю технологияҳо, истифодабарии сармояи интеллектуалии сунъӣ, тараққиёбии робототехникаю нанотехнологияҳо хеле ба назар мерасад. Фикр мекунем, ки бо чунин суръати тези рушд инсоният ба қуллаҳои баланди илм ноил гардида, ба кашфиётҳою ихтироотҳои нави илмӣ сазовор мегардад. Аммо бо баробари чунин рушдҳои назаррас, амалиётҳои номатлуби инсоние пайдо шудаанд, ки сазовори инсон нест, амалиётҳое, ки барои пешрафти инсоният монеаҳои зиёд ба вуҷуд меоранд, сулҳу суботи миллиро поймол мекунанд.

Аввалин маротиба инсоният 35 сол қабл шоҳиди амалиёти террористӣ гардидааст, ки он дар сафоратхонаи Ироқ дар Ливан ба вуҷуд омада, ҳаёти садҳо нафар одамони бегуноҳро зери хатар гузоштааст. Ин амали номатлуб, ки онро мо вабои аср мехонем, аз тарафи ташкилоти террористии «Ҳизбуллоҳ» амалӣ шуда, ҷони 27 нафарро рабурдааст. Аз таҳлилҳои маркази татқиқотии Ренд хулоса кардан мумкин аст, ки аз соли 1982 то кунун дар ҷаҳон наздик 1000 амалиёти террористӣ бо ширкати террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозӣ карда шудаанд, ки дар онҳо беш аз 10000 нафар ба ҳалокат расидаанд. Бисёр олимону професорон маҳфуми терроризмро чунин баён мекунанд, ки он аз тарафи шахсони заиф ва сустирода ташкил шуда, барои бо рақибони худ рӯбарӯ шудан, онҳо аз яроқ  истифода мебаранд, зеро ки барои муборизаи оддӣ ирода ва имони онҳо кофӣ нест. Амалҳои террористиро таҳлил намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки  нафарони бо худкушӣ терроркунанда барои коштани тухми тарсу ваҳм дар байни ҷомеа ба ин кор даст мезананд. Аз ин амалиётҳои номатлуб фақат мардуми осоишта қурбон мешаванду, аз  ин ҳодисаҳо ҳеҷ кас баҳрае намегирад.

Коршиносон ба чунин хулосае омаданд,ки дар аввал ин амалро ҷавонони аз 18 то 27 сола, ки аз оилаҳои камбизоат, аксаран дамдузд ё аз ҳад зиёд моҷарҷӯй буданд, анҷом медоданд. Ҳоло бошад, дар замони ҳозира сафи аъзоёни гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ ва тахрибкорро одамони калонсол, солимақл ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ пурра таъминбуда анҷом дода истодаанд. Инчунин ба назар мерасад,ки аз тарафи гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ дар амалиётҳои худ истифода бурдани занон бисёр мушоҳида карда мешавад. Ба фикри онҳо гузаронидани корҳои ғоявӣ дар байни занон осонтар асту онҳо ба худ диққати кормандони мақомоти қудратиро ҷалб менамоянд. Лекин онро бояд дарк кард,ки худи занон бояд аз ин корҳое, ки ҳаёти ҷамъиятро, ҳаёти фарзандону наздиконро зери хавфу хатар мегузоранд, бояд даст кашанд. Зеро зан бо як даст гаҳвораро меҷунбонаду бо дасти дигар ҷамъиятро меҷунбонад.

Умуман, аз руйи асосноккунии мантиқӣ амалиётҳи террористиро ба се намуд ҷудо кардан мумкин аст: сиёсӣ, миллӣ ва динӣ. Терроризми сиёсӣ ин амалиёти баёнкунии эътирозҳои гурӯҳҳои гуногун бар зидди сохторҳои амалкунанда мебошад. Терроризми миллӣ ин муборизаи халқу миллатҳое мебошад,ки замоне соҳиби истиқлолият ва давлати ҷудогона буданд, ки мехоҳанд аз нав истиқлолияти худро ба даст оварда бошанд. Терроризми динӣ ин амалиёти мудҳиштарин ва марговарест,ки  дар зери ниқоби дин бо ливои он мубориза мебарад. Ин шахсони гумроҳшуда дар зери маҳфуми ҷиҳод амалиётҳои террории худро манзури ҷаҳониён менамоянд. Шахсони гумроҳшуда асосҳои дин, ғояҳои онро надониста, ба ин корҳои номатлуб даст мезананд.

Терроризм ин стратегия ва тактикаи муборизаи гурӯҳҳои ифротгароӣ ва экстремистӣ мебошад. Барои муқовимат нишон додан ба ин ҳодисаҳои номатлуб бояд муборизаи дастҷамъона алайҳи гурӯҳҳои тахрибкор ва характери террористидошта мебошад. Як қатор давлатҳои ҷаҳон дар натиҷаи амалиёти муташаккилона тавонистанд,ки майдонро барои гурӯҳҳои ҷангҷӯй танг намоянд.

Бояд, мо ҷавонон, зиракии сиёсии худро аз даст надода, бо ин гурӯҳҳои характери террористидошта муқовимат нишон дода, нагузорем,ки ин гурӯҳҳо муттаҳидшуда сулҳу суботи бо арзиши тилло баробарро, пош диҳанд. Бигзор, то абад дар осмони софу беғубори кишвар дурахши офтоби  сулҳу амният нурпошӣ намояд.

 

Саидхӯҷаева Д.

ДПДТТХ

Кишилик жамияти ривожининг хозиргн боскичила терроризм, жумладан диний-сиёсий моҳиятга эга экстремизм ва терроризмнинг глобаллашуви уларнинг тобора халқаро миқёсдаги воқеликка айланиб бораётгани дунё хамжамиятининг мазкур муаммога булган эътиборини янада оширмоқда.

Мазкур ижтимоий салбий иллатиинг мохияти ва унинг сабаб ҳамда шароитларини урганишдан аввал унинг тушунчаси хакида тухталиб утиш максадга мувофикдир. «Терроризм» тушунчаси айрим илмий ва юридик адабиётларда қуйидагича таъриф берилган.

Терроризм - бу сиёсий рақибларни  мухолифларни йуқотиш ёки қурқитиш ахоли уртасида ваҳима ва тартибсизликларни келтириб чиқариш мақсадидаги зуравонлик ҳаракатлари (таъқиб қилиш, бузиш, гаровга олиш, қотиллик, портлатиш ва бошқа).

Терроризм сиёсий мақсадда амалга ошириладиган асосланган зуравонликдир. Терроризм - бу қуркитиш мажбурлаш ёки чӯчитиш воситасида сиёсий мақсадларга эришиш учун куч ишлатиш билан таҳдид солиш ёки уни ишга солиш.

Терроризм, террорчилик - зурлик ва жаҳолат мафкураси террор билан амалга ошириладиган сиёсий ҳаракат. Терроризм бир неча  асрлар олдин шаклланган, географик жиҳатдан барча минтақа ва мамлакатларда учраши мумкин булган мураккаб феномендир. Таъкидлаш керакки, терроризмнинг ҳар кандай куриниши, уз олдига қандай мақсадни куйган булмасин ва кандай ижтимоий- сиёсий муаммолар билан боғлиқ булмасин. Унинг туб моҳияти бузғунчилик ғоясига асосланиб бегуноҳ одамларнинг қурбон булишига олиб келади. Юқорида келтирилган тушунчалар тахлилидан куриниб турнбдики, мазкур ижтимоий-хуқуқий салбий ҳодиса жамиятда тинчлик ва осойишталикни издан чиқариш, одамларни қурқитиш, даҳшатга солиш, куч ишлатиш, зуравонлик қилиш, одамларни қириб ташлаш, қурқитиш орқали пул ундириш ва бошка куплаб мақсадларда содир этилади.

Терроризм - сиёсий, диний, мафкуравий ва бошқа мақсадларга эришиш учун шахснинг ҳаёти, соғлиғига хавф туғдирувчи, мол-мулк ва бошқа моддий объектларнинг йуқ қилиниши (шикастлантирилиши) хавфини келтириб чиқарувчи ҳамда давлатни, халқаро ташкилотни, жисмоний ёки юридик шахсни биронбир ҳаракатлар содир этишга ёки содир этишдан тийилишга мажбур қилишга, халқаро муносабатларни мураккаблаштиришга, давлатнинг суверенитетини,  худудий яхлитлигини бузишга, хавфсизлигига путур етказишга, қуролли можаролар чикаришни кузлаб иғвогарликлар қилишта, ахолини қурқитишга, ижтимоий-сиёсий вазиятни бекарор- лаштиришга каратилган.

Бугунги кун барчадан ушбу салбий иллатларга қарши курашни талаб этиш билан бир қаторда огохликни хам тақозо этади. Зеро, жамиятда хавфсизликни таъминлаш инсоннинг ҳуқуқ ва эркинликлари, барча мулк шакллари, давлат суверенитети ҳамда конституқиявий тузумни ҳар қандай жиноий тажовузлардан ҳимоя қилиш уюшган жиноий тузилмаларнинг шаклланиш жараёни ва фаолияти устидан узлуксиз ва самарали ижтимоий-ҳуқуқий назоратни талаб килади.

Терроризм ижтимоий-салбий ҳодиса сифатида жамият тинчлигининг бузилишига, нотинчликни келиб чиқишига,  инсонларнинг бевақт улимига, давлат ва ҳуқуқнинг ривожига узининг салбии таъсирини курсатади.

Шуни алоҳида эътироф этиш керакки, терроризм ута мураккаб жиноий ҳодиса булганлиги сабаб, деярли барча давлатларнинг қонунлари билан ҳимояланган ижтимоий муносабатларга тажовуз килмокда. Дарҳақиқат, бугунги кунда бирон-бир давлат йуқки диний экстремизм ёки терроризмнинг салбий офати ва унинг таъсиридан жабрланмаган булса. Ушбу иллатнинг таъсир даражаси сунгги пайтларда тобора кучайиб бораётганлиги бевосита мазкур муаммонинг нақадар долзарб эканлипши курсатади.

Диний экстремизм диний фундаментализмнинг бир курини- шидир, яъни диний фундаментализм акидапарастликка кур-курона ишонишга, эътиқодга асосланган далилсиз,  исботсиз қоидага, ишонч билан айтилган фикрга ёки қаттик ишонилган мулохазага асосланади.

      Бугунги кунда дунёнинг турли ҳудудларида, хусусан Яқин шарқ минтақасида руй бераётган ижтимоий-сиёсий жараёнлар, зиддиятли туқнашувларга теран қараш ҳиссини ошириш, ҳар қандай куринишдаги таҳдидларга қарши маънавий-маърифий ишларни замон талаблари асосида ташкил этиш, ёшларни турли мафкуравий хуружлардан ҳимоя қилишда кишилик жамияти олдида бир қатор комплекс вазифаларни ҳал этиш долзарб масала булиб турибди.

Терроризм ва диний экстремизмнинг ижтимоий хавфи яна бир хусусияти ҳеч қандай уруш булмаётган, тинчлик ҳукмронлик қилаётган, жамиятда демократик институтлар фаолият курсатаётган бир шароитда муқобил усулларни атайин инкор этган холда, сиёсий масалаларни зурлик йули оилан ҳал қилишга интилипда куринади. Бундай сиёсий масалалар уз навбатида худудий, этник, диший ёки бошқа шаклу шамойил касб этииш мумкин. Маълумотларга кура, 2000-2006 йиллар мобайнида дунёнинг 112 мамлакатида 14 минг 934 та террорчилик амалиёти содир этилган. Уларнинг мутлақ купчилиги Ер юзининг турли минтақаларида жойлашган, узига хос этник, диний ёки бошқа шаклдаги муаммолар мавжудлиги билан ажралиб турадиган Ироқ (4606), Иорданнинг ғарбий қирғоғи (1927), Колумбия (1135), Испания (732), Таиланд (619), Афгонистон (591), Хиндустон (509), Покистон (504), Туркия (477), Исроил (463), Франция (446), Непал (379), Россия (284), Греция (230), Филиппин (213), Индонезия (197), Шри-Ланка (131), Италия (125) ва Бангладеш (111) ҳудудларида амалга оширилгани ҳам шундай хулоса чикариш имконини беради.

Шундай килиб терроризмнинг олдини олиш, унинг криминологик жиҳатларини чуқур илмий жиҳатдан урганиш, терроризм жиноятларини содир этувчи шахсларнинг хусусиятларини тадқиқ этиш хамда ушбу салбий иллатга қарши кураш учуй керакли махсус билимларга эта булиш талаб этилади.

Хулоса урнида айтиш мумкинки, терроризм сабаблари жуда мураккаб ва куп даражали хусусиятга эта. Терроризм жиноятларининг сабаб ва шароитларини урганиш орқали уларга қарши криминологик чора-тадбирларни белгилаш ва унга самарали профилактик чораларни қуллаш муҳим ахамият касб этади.

 

 Ҷӯраев Д.

ДПДТТХ

Терроризм аз калимаи лотинии terror гирифта шуда тарс, ҳарос мебошд. Терроризм ба ду намуд ҷудо мешавад: терроризми инфиродӣ ва ташкилот. Терроризми инфироди ин як намуди терроризме мебошад, ки асоси онро як гуруҳи ҷинояткор ташкил медиҳанд. Терроризми ташкилоти бошад ин даста ё гурӯҳе мебошад, ки бар зидди давлат ва ҳукумат амал менамоянд. Ба ин гурӯҳҳои ифротгарӣ - «Давлат бо ном Исломӣ», «Ал- Қоида», «Бародарони муслим», «Ҷунайдуллоҳ» ва ғайраҳо дохил мешаванд. Ин гурӯҳҳои ҷинояткор дар зери дини мубини «Ислом» амал намуда, ҷавонони гумроҳро ба худ ҷалб намуда бо роҳҳои фиреб ва бо истифодаи дини Ислом бо ҳар баҳонае, ки гӯё онҳо худро дар роҳи Худо ҷиҳод менамоянд, ҷалб мекунанд.

Тарбияи насли наврас ва ҷавонон ба роҳи рост ин асоси пешгирии аз ҷаҳолат мебошад. Роҷеъ ба ин роҳҳои пешгирии ҷавонон барои ҳамроҳ нашудан ба ҳар гуна созмону ҳизб ва ҳаракатҳои гуногуни тундрав аст.

Яке аз масъалаҳои муҳимтарин дар қарни 21, ки ба оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ хатари байналмилалиро ба бор овардааст ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад.

Дар раванди муосири ҷаҳонишави Тоҷикистон низ аз ин воқеаҳо дар канор набуда, мубориза бар зидди ин амал яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода дар ин самт тадбирҳои зиёдеро татбиқ намуда истодааст. Аз ҷумла дар чанд Паёмҳои худ, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар гунна амалҳои номатлуб ва олуда бо экстремизму ифротгарои маҳкум шуда, аз аҳли ҷомеъа, алалхусус ба ҷавонон, даъват менамоянд, ки ҷавонон худро аз чунин амалҳои нангин, яъне ҳамроҳ шудан ба ҳар гуна ҳизбҳову ҳаракатҳои зидди давлатӣ дар канор гиранд ва дар рушду пешравии кишварамон самҳмгузор бошанд. Бояд қайд намуд, ки ифротгароии имрӯза аслан зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ сурат гирифта истодааст. Мутаъсифона имрзҳо шахсони бисёре пайдо мешаванд, ки ба чунин гурӯҳ бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағир додани тафаккуру этиқоди худ, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ шомил мегарданд. Намояндагони ин гуна гурӯҳҳо дар навбати аввал бо ҷавононе кор мекунанд, ки дар зиндагӣ таҷрибаи кофӣ надоранд, дониши пасти дунявӣ доранд ва ё дар зиндагӣ бо мушкилоти гуногун ба монанди камбизоатӣ, муҳоҷират ба давлатҳои хориҷа дучор шудаанд. Дар иртибот бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардид, ки онҳо мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ доштаро маҳкум менамояд. Дар ин аснод таъкид карда мешавад, ки терроризим, зӯроварӣ, таҳдид нисбат ба шахсони воқеӣ, сохти сиёсӣ, равияи динӣ ва ғайраҳо мебошад. Мутаъсифона солҳои охир ҳар яки мо шоҳид ҳастем, ки дар хоки кишварҳои Сурияву Ироқ, Афғонистону Яман, Ливия ва бисёре аз мамолики Африқои Шимолӣ  гурӯҳҳои ифротгарон аз номи дини мубини ислом баромад намуда, давлатеро бо номи ДИИШ таъсис додани шуда амалҳои ғайри инсониро иҷро менамоянд. Яке аз даҳшатноктарин амалҳои онҳо санаи 1-уми сентябри соли 2004 дар мактаби миёнаи №1 шаҳри Беслан буд, ки онҳо ҳангоми чорабинӣ доир ба кушодашавии соли хониш буд ҳуҷум намуда ба гарав мегиран. Дар натиҷа 314 нафар ҳалок мешавад, ки аз онҳо 186 нафарашон кӯдакон буданд ва 783 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд.

29 марти соли 2010 аз тарафи гурӯҳои ифротгарон дар ду стансияи метрои шаҳри Москава – и Федератсияи Россия саҳарии барвақт ду таркиш ба амал оварда шуд, ки дар натиҷа 36 нафар дар ҷои ҳодиса ҳалок гашта 4 нафари дигар дар беморхона ҷони худро бохтанд. Зиёда аз 160 нафар ҷароҳатҳои ҷисмони бардоштанд.

Ҷумъаи хунини Парижро мегирем, амали ваҳшиёнаи террористие, ки пойтахти Фаронса – Парижро оғуштаи хун кард, ҷомеъаи ҷаҳонро ба по хезонид. Мардумони гуногуннаҷоду гуногунмазҳаб дар ин фоҷиаю мусибати сахт ба Фаронсавиҳо изҳори ҳамдардию ҳамдили мекунанд, аз ҷониби дигар онҳо ҳарчи тезтар саркубӯ мавҳ кардани «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳои террористиро қотеътар талаб доранд, то ки минъбад ба фоҷиаҳои  хунин чун дар Париж роҳ дода нашавад. Дар натиҷаи ҳамлаю таркишҳои  шаби ҷумъа - 13-уми ноябри соли 2016 дар Париж зиёда аз 140 нафар ҳалок ва 352 нафар захми шуд, 99 тани онҳо дар ҳолати вазнин ба беморхона ирсол гардид. Аз ин амали террористӣ дар ҷумъаи хунини Париж шаҳрвандони Алҷазоир, Белгия, Британия, Чили, Марокаш, Испания, Шветсия, Тунис, ИМА, Сербия, Мексика низ ҳалок гаштанд. Тибқи маълумотҳо ҷасади 103 фавтида шинохта шуд. Чунин амалҳои терористӣ дар гузаштаи начандон дур, дар охирҳои асри 20-ум, низ ба амал омада буданд, ки боиси харобиҳои зиёд ва қатли ому фавти одамони бегуноҳ дар ҷаҳони муосир гашта буд.

Аз ин хотир яке аз ҳадафҳои асосии мо дар чунин марҳала  корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти мубориза бо гуруҳои террористӣ, ифротии динӣ мебошад, ки шарҳи он муҳим аст, ҳукми хоини Ватан ва хоини миллатро доштану пайвастан ба ин гуруҳо мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ дар бораи пайравони ин гурӯҳҳо, аз ҷумла зикр намуданд, ки  «Падару модорони ин гуна шахсон хабардор шуда, онҳо аз амали фарзандони худ миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеъа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Модар-Ватан ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ худ хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат  хиёнат ба Модар-Ватан, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад». Ин суханони сарвари давлат мантиқи баланд дошта, ҳукми қатъии пайравони имрӯзаи гурӯҳҳои ифротии диниро дар назди Ватану миллат маълум менамояд. Чунин ҳодисаҳои номатлуб, нангину фоҷиабор, мутаасифона ҳанӯз дар кишварамон ҷой дорад. Амалҳои ифротгароӣ, хоини ба Ватан нишони онанд, ки ҳанӯз дар самти тарбия чӣ дар оила ва чӣ дар муассисаҳои таълимӣ нокомилиҳо ва холигиҳо мавҷуданд. Хислатҳои номатлуб, ифротгароӣ, хиёнат ба Ватан, ҷаҳолату дилозорӣ, танфурушӣ ва дуздиву ғоратгарӣ аз қадим хоси миллати тоҷик набуд.

Ҳарчанд давлат дар ин роҳ чораҳои гуногунро ба монанди баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, некуаҳволии халқ, таъмини имтиёзҳо ба ниёзмандон,  ба низом даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, бо кор таъмин намудани шаҳрвандони кишварро дида истода бошад ҳам раванди гаравиш ба ифротиён коҳиш наёфта истодааст. Аз ин рӯ ба муқобили ин гурӯҳҳои ифротгароии иҷтимоии замони муосир, ки барои ҷомеъаи мо бегона мебошад мубориза бурда, барои пешгири намудани онҳо чораҳои мушахас андешида, вазифаи аввалиндараҷаи шаҳрвандони ҷавони мо ва кулли ҷомеа ба ҳисоб мервад. Дар пешгирии ин падидаи нангин тарбия нақши асосиро мебозад, зеро агар мо тарбияро дар оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълими дуруст ба роҳ монда, моҳияти масъаларо дурусту ҳадафгирона ташреҳ бахшем,  ин раванд албатта коҳиш меёбад. Мафҳуми тарбиявӣ бояд фаргирандаи тамоми паҳлуҳои он, аз қабили тарбияи сиёсӣ, Ватанпарастӣ,  Втанпарастӣ, маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон бояд бошад. 

Хушбахтона имрӯз хурду бузург дарк мекунанд, ки терроризм бо ислом ҳеҷ робитае надорад. Бинобар ин имрӯз ингуна гурӯҳҳои террористиро наметавон беҳамраъйии  ҷомеаи ҷаҳон мавҳ кард. Танҳо итиҳоди башарият метавонад ин ҳама асрори терроризмӣ шаклгирифтаро фош намояд, ба ҳодисаҳо баҳои воқеъии ҳуқуқиву сиёсӣ диҳад. Танҳо муборизаи ҷомеаи ҷаҳон ва итиҳоди башарият метавонад ҷаҳонро аз ин «вабои аср» пок созад. Аз ин хотир Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ фармудаанд: «Башарият имрӯз ба душмани умумие рӯ ба руст, ки хориҷ аз ҷаҳорчубаи ҳар гуна қоидаҳои зиндагии инсонист. Муборизаи дастаҷамъонаи беамон бар зидди ин «вабои аср» бояд ҳамаи моро муттаҳид созад». Ҳар як фарди бедордили Тоҷикистон ба ободкорию созандагиҳои азиме, ки дар даврони Истиқлолият дар заминаи сиёсати волои Сарвари давлат ва меҳнати содиқонаю софдилонаи мардуми сарбаланди ин сарзамин ба даст омадааст, баҳои муносиб медиҳад.

 

Расулов О.Р.

ДПДТТХ