Дар солҳои истиқлолият барои эҳё намудан ва инкишоф додани забони давлатиамон, ки забони шевою шоирона ва ширину шаҳдбори тоҷикӣ мебошад, ҷойгоҳи арзанда ва мақоми шоиста муҳайё гардидааст. Халқи тоҷик вуҷуди худро бо забони шевои тоҷикӣ маҳфуз дошта, бо сеҳри суханаш қалби ҳамагонро  сайёраро тасхир намудааст. Дар дунёи пуртазоди муосир мо миллати тоҷик  соҳиби ному иззатем, чунки соҳиби  истиқлоли воқеӣ, давлати озоду мустақил, рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ ҳастем.

Шукргузори онам, ки миллати бузурги тоҷик имрӯз  дар қатори муқаддасоти худ соҳиби Суруди  миллӣ буда,  дар он орзуву ормони  миллати соҳибтамаддуни тоҷик ифода ёфтааст.

Танҳо якдилона мо метавонем пешниҳоди равшанфикрони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро оид ба пеш аз оғози машғулиятҳо сароидани суруди миллӣ амалӣ гардонем. Он барои баланд бардоштани ҳиссӣ худшиносии миллӣ ва ифтихорӣ миллии ҷавонони тоҷик мусоидат менамояд. Бешубҳа шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан насли ояндасози миллати ҷавон. Бале, бояд ҷавонон хуб дарк намоянд, ки ояндаи тақдири халқу давлати Тоҷикистн соҳибистиқлол бар дӯши ҷавонон гузошта мешавад. Аз ин лиҳоз, эҳтироми  суруди миллӣ изҳори садоқат нисбат ба давлат буда, ҷавонони кишвар зери парчами парафшон ва сароидани суруди миллӣ дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд. Маҳз ин суруд, яъне суруди миллӣ, ки дастранҷи Гулназар Келдӣ ва Сулаймон Юдаков мебошад,  рамзест, ки дар руҳияи ҷавонон ҳисси хештаншиносӣ ва худогоҳии миллиро бедор карда, ба созандагиву бунёдкорӣ  равона  мекунад. Сароидани суруди миллӣ дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дошта, донаҳои умеду эътимодро ба фардои нек ба нумуъ меоварад. Бигзор сароидани суруди миллӣ, ки ҳадафи наҷиб аз ҷониби уламои  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мебошад, роҳнамои ҷавонони мамлакат гардад. Ин рисолати хайр масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири ваҳдати миллӣ, пойдорӣ ва устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоем.

 

Темирова М. Қ.

ДПДТТХ

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани  Истиқлолияти давлатӣ  ҳама чораҳои  ғаразноки худро андешида буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда  Ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба масъалаи таъмини ҳуқуқии рушди ҷомеа эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ касб намуд. Сулҳу амнияти бадастовардаи Тоҷикистонро сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон  баҳои баланд додаанд.Аз ҷумла, Сарвари Ассамблеяи байни парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Кратов  зимни яке аз баромадҳояш, ки дар шаҳри Душанбе соли 2000 баргузор гардида буд, қайд кард, ки «…Сулҳи бадастовардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст.  Умуман дар тўли панҷоҳ соли охир он назири худро надорад. Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои амалро мебинем…».

Мавқеи Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон аз суханон ва таъкидҳои пайдарпайи Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон метавон ба хубӣ дарк намуд.

Дар паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи раванди хатарнок касб намудани экстремизм ва терроризм ҳамчун мавзўи калидӣ баҳогузорӣ шуд. Дарвоқеъ, сўйистифода аз арзишҳои волои дини ислом боиси роҳандозии низоъҳои динию мазҳабӣ ва миллию нажодӣ дар кишварҳои Ховари Миёна гардидааст.Вобаста ба хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир аз ҷумла, таъкид намуданд, ки дар шароити рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо  масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Вазъи имрўзаи минтақа ва ҷаҳон сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрўз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд.  Зеро рўйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм  ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.

Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар кишвари ҳамсоя – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

            Албатта, суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгохи Тоҷикистон ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши калидӣ дорад. Хусусан, амнияти сарҳади давлатии мо дар самти ҷануб, ки бо минтақаҳои буҳронӣ ҳамсоя аст, барои таъмини суботу амнияти ҳаётӣ дорад. Имрўз сарҳади ҷанубии Тоҷикистон маънои бисёр васеътар аз сатҳи Тоҷикистон ва аз сатҳи минтақа пайдо кардааст.

Аз мо ба самти шимол, яъне Тоҷикистон то Русияву Аврупо, минтақаи орому босуботи ҷаҳон, аз мо ба самти ҷануб, яъне аз Афғонистон то Ховари Миёна минтақаи ошуфтаву пурихтилофи олам.

Дар доираи тақвияти мубориза бо  терроризм  ва эктсремизм бояд номгўи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат,  ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзўр карда шавад.

Яке аз воситаҳои ба гурўҳҳои  ифротгароӣ, аз ҷумла терроризм  ва экстремизм шомил шудани ҷавонон дар давраи муосир ин  тавассути шабакаи интернет ба психологияи онҳо таъсир расонидани ин гурўҳҳо мебошад.Аз ин рў, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомотҳои марбутаро зарур аст, ки доир ба масъалаи таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм  ба Ҳукумат пешниҳоди асоснок  ирсол  созанд.

Ин аст, ки имрўз Тоҷикистон ва марзи давлатии Тоҷикистон хатти пеши сангари ҷаҳони мубориза бар зидди ифротгароию экстремизму терроризм, хатти муқаддами ҷабҳаи муборизаи байни амнияту нооромӣ ва рўшанию торикӣ гаштааст. Зеро агар ифротгароӣ аз ин марз гузарад, аз ин ҷо то умқи қаламрави Русия дар баробари он дигар марзи устуворе  нахоҳад буд, чунки агар буҳрону бесуботӣ вориди ин ҳавза шавад, аз ин ҷо то саросари Осиёи Марказӣ ва то марзи Чину дохили Русия ба осонӣ паҳн хоҳад шуд.

 Албатта, имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзҳои худ қодир аст, аммо кишварҳои мазкур низ пеш аз ҳама, барои ҳимояи манфиатҳои ҳаётии худ  бояд аз  муборизаи давлати Тоҷикистон  ба ин падида дастгир намоянд, барои ҳифзу суботи амнияти Тоҷикистон талош варзанд, дар мустаҳкам кардани сарҳади ҷанубии Тоҷикистон саҳми ҷиддӣ гузоранд. Зеро агар пеши роҳи ин сели оташ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон гирифта нашавад, ифротгароию терроризм, ихтилофҳои мазҳабӣ, бесуботию ноамнии буҳрон на танҳо дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ, балки минтақаҳои васетар  аз онро то доманаҳои Чину Русияву Аврупо фаро мегирад. Ин аст, ки имрўз марзи давлатии Тоҷикистон марзи устуворӣ, марзи осудагӣ ва суботу амнияти ниме аз ҷаҳон мебошад. 

 

Раҳимова Ҳ.

ДПДТТХ

Ҳамаи мардуми равшанфикри дунё хуб дарк намудаанд, ки экстремизм ва терроризм чӣ гуна барои вуҷудияти башарият хатар дорад. Давлатҳои абарқудрат, ба монанди ИМА, Русия, Хитой ва дигарон такя ба боигарии худ карда, то ин ё он дараҷа бехатарии худро таъмин карда истодаанд. Ба фикрам барои чунин амалиётҳо маблағҳои хеле калон сарф мегардад. Бо вуҷуди ин, экстремистон амалиётҳои терористии худро дар ин давлатҳо гузаронида истодаанд, яъне пеши тероризм ва экстремизмро танҳо бо сарфи маблағи калон гирифта намешавад. Экстремистон пеш аз ҳама ба майнаи одам ҳар гуна идеологияҳои ифротиро ҷой мекунанд. Онҳо идеологҳои пурқувват доранд. Ғазабовараш он, ки аз китоби Қуръони бузург баъзе сураҳоро нодуруст маънидод карда, зери ниқоби ислом вайронкориҳои зиёд карда истодаанд.

Сиёсати сулҳхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳури бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ифротгароёнро мегиранд. Азбаски халқи Тоҷикистон нисбат ба сарвари оқили худ меҳру муҳаббати беандоза дорад ин ғояҳои вайронкорона ҳоло дар ибтидои сабзиш решакан мешаванд.

Он  корнамоиҳое, ки шаҳрвандони  фахрии  кишвар зидди хоинони  Ватан ҷонбозиҳо  кардаанд худ  намунаи ибрат  аст, ва моро водор  месозад, ки  мо дар руҳияи  ватандӯсти  тарбия ёфта  вазифадор  ҳастем  ки дар  атрофи  Президенти мамалакат  ин  марди  ватандӯсту  ватанпарасти ҳақиқӣ  ғамхори халқу  миллат  муттаҳид  шуда  як пораи Тоҷикистон  азизро  чун  гавҳараки  чашм ҳифз кунем. Зеро ин аст нангу номус  шарафи бузурги  ватандорист.     

 

МАВЛОНОВА М.А.

ДПДТТХ

 

Хизмат ба ватан дар роҳи ҳақиқату адолат барои ҳар кадоме аз шаҳрвандони миллат шараф аст. Ҳимояи обрӯву нуфузи байналмилалии он бошад, вазифаи ҳар мардуми баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Аз ҳамин лиҳоз барои ҳар кадоме аз мардуми шарифи миллати тоҷик ба хусус аз ҷавонони оқилу доно даъват ба амал меоварам, ки хоҳ дар дохили кишвар ва ё хоҳ дар хориҷ иқомат дошта бошанд, ҳам ба фитнаву дурӯғи ин исломгароёне, ки аз рӯӣ «исломшиносӣ» - ашон дар қарни гузашта миллатамон, наздик ба ҳали таназзулёби рӯ ба рӯ гашт, бовар накунанд.

Хушбахтона мо имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Мо устодон ва ҷавонони барӯманди миллати тоҷик вазифадорем, ки он ҷавонони роҳгумзадаро ба сӯи дунёи илму маърифат, зиндагии осоишта ҳидоят кунем, ин аст мақсади асосии мост.

Бо шарофати Истиқлолият ва ваҳдату ягонагӣ, миллати моро дар арсаҳои баландпояи ҷаҳонӣ шинохтанду туро ҳамчун давлати мутамаддин ва сулҳшиор донистанд. Зеро ташаббусҳое, ки аз  ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар созмонҳои байналмиллалӣ пешниҳод мешаванд, ки бо ин иқдомҳои наҷибонаи давлату Ҳукумат оламиён моро ҳамчун мардумони босаодату башардӯст шинохтаанд.

Ҷангу ҷудоӣ андохтан байни мардумони як миллат худ аз чи тавр будани кори муҳассилини ин ҳизб далел медод ва он паёмадхои дар кишвар ба вуқӯъ пайваста бевосита ба онҳо тааллуқ дорад, агар не пас чаро як нафари мақомотҳо худ оромиву озодиро дар сарҳадҳо таъмин менамоянду боз худи кори давлатро муташанниҷ мегардонанд, ин бӯҳтони беҳадаф ва ғайримаъқул ҳеҷ гоҳ дар зеҳни нафарони соҳибватан нахоҳад омад.

 

 

Мирхолиқов Х.Т.

ДПДТТХ

 

Навиштаи Саидюнуси Истаравшанӣ “Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад?” –ро мутолиа намудаву ба андеша афтодам, ки инсон то чӣ андоза метавонад сияҳдилу сиёҳбин бошад...

Муаллифи мақола магар чашми бинову гӯши шунаво надорад, ки аз ҳеҷ чиз ҳар чиз сохта, масоилеро ба таҳлил кашида, ки гумон меравад, аз ночорӣ. Яъне, ҳадаф маълум: коре карда сиёсати ҷории Тоҷикистонро танқид кунем. Ин нишони ҷавонмардиву аз рӯйи инсофу адолат нест!

Давоми бисту ҳашт сол аст, ки аз ҳавои сулҳу ваҳдати миллӣ нафас мекашем. Дар ин айём Тоҷикистони азизамон аз нав ободу шукуфон гардид ва имрӯз халқи мо сӯйи ояндаи дурахшон устуворона қадам мезанад. Ба диёри биҳиштосои мо сапедаи сулҳ дамида, ҳама ҷо тулӯи хуршеди саодат партавфишон аст, ки шукрона мекунем, ба неъмати бебаҳои сулҳу ваҳдату истиқлолият.

Бояд бо ифтихор ва мардона иқрор шуд, ки ин музаффариятҳои азими халқу ватан ба шарофати кӯшиш ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муяссар гардиданд. Агар саъю талошҳои қаҳрамононаи Сарвари давлатамон баҳри озодӣ ва саодати он, баҳри имрӯз ва ояндаи шукуфони Тоҷикистон намебурд, кишвар ба вартаи ҳалокат меафтод, порча-порча мегардид, миллат парешон мешуд.

Аз мафҳуми озодӣ андешида, вазъи дирӯзаву имрӯзаи давлат, миллат ва меҳнатҳои фидокоронаи Сарвари давлатамон пеши назар ҷилвагар мешаванд. Имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо барои фаъолияти босамар, зиндагонии шоиста, таҳсилу таълим, сайру саёҳат тамоми шароити зарурӣ мавҷуд аст. Ҳар субҳ бо хотири ҷамъу дили беғам ба кору фаъолият шурӯъ менамоем, фарзандони мо дар беҳтарин шароит ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, зиндагӣ бо беҳтарин маҷро ҷорист. Муҳимтар аз ҳама, тинҷиву амонӣ ва сулҳу оромӣ дар кишвари мо ҳоким аст!

Сарвари давлати тоҷикон барои ободии ватан ва осудагии халқ аз тамоми имконот ба кор бурда, шаҳрвандони кишварро аз ҳаводиси ҷаҳони имрӯз ва селоби даҳшату ваҳшати ҷангҳои беасос ҳифз менамояд, ки гумон мекунам, ҳамин аст адо намудани қарзи фарзандӣ ва нишони садоқату вафодорӣ ва сарсупурдагӣ!

Сарвари тоҷикон имрӯз бо он ки ин ҷаҳони моро обод месозад ва талош дорад барои саодати индунёии мо, ҳамчунин барои пойдории дини мо, покии имони мо ва боолоишии эътиқоди мо саъй меварзад. Он қолабсозиву шаклпарастӣ, хурофоту зиёдаравиҳое, ки дар ҷомеа ҷой дошт ва зиндагии мардумро сангин месохт, маҳз тавассути қонунгузорӣ ба эътидол оварда шуд. Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кишвар худ далели рӯшани ин иддаост. Моҳияти аслӣ ва дарунмояи қонун таъмини ҳаёти пурнишот ва рӯзгори ободи халқ аст. Зеро маҳз ба сабаби исрофкориву бенизомӣ дар корҳо мардум гирифтори тақлиду пойбанди қайдҳое буданд, ки ин шумбоди тааллуқ ҳаёти халқро талх намудаву боиси сар задани ҳар гуна нокомиву берабтиҳо дар зиндагӣ гаштааст. Оташи таассуб ва бебанду бориҳо дар рӯзгор бо гузашти солҳо бештару бештар мардумро ба коми худ мекашид ва аксаран ба оқибатҳои фоҷиабор мерасонид. Таълимоти дини ислом низ муқобили таассуб ва худнамоӣ буда, пайравонашро ба содагиву низом дар корҳо ва камхарҷӣ далолат мекунад. Аз ҳадиси набавӣ аст, ки омада: “Зане, ки харҷаш аз ҳама занон камтар бошад, баракаташ аз ҳама бештар аст”, “Муъмин камхарҷ аст”, “Беҳтарини издивоҷҳо он аст, ки содатару осонтар бошад”. 

Дарвоқеъ, маҳз талошу ҷонбозиҳои Сарвари мо ва иродаи қавии ватандӯстони миллат буд, ки ба рӯзҳои фараҳафзо расидем.

Имрӯз Президенти мо дар ҳама ҷо ваҳдату якпорагии халқу Ватанро таъкид мекунанд, ки ин бесабаб нест. Зеро ваҳдату ягонагӣ имконият фароҳам меорад, ки ба ояндаи дурахшони мамлакатамон замина гузорем.

Дар вазъияти кунунӣ, ки ҳар як дастоварди ватани азизамон дӯстонро шоду бадхоҳони моро ба ташвиш меандозад, ҳар як фарди ҷомеа хуб дарк менамояд, ки истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ сутунҳои заррине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатдориро боз ҳам таҳким бахшем.

 

Бобоева Т.Р.

ДПТТХ