Мардуми сарбаланди тоҷик аз азал бофарҳангу бомаданият ва меҳанпарасту ватандӯст буд ва ин оини нек то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Имрӯз тамоми мардуми Тоҷкистон дар атрофи Пешвои муаззами хеш сарҷамъ омада, баҳри пойдор намудани сулҳу субот, якдиливу якзабони ва тинҷиву ориомии кишвар талоши беш аз пештара намуда истодаанд.

Ин «гирдиҳамоии бузург»-и наҳзатиҳо низ яке аз ин ҳадафи ғаразнокест, ки алайҳи миллати тоҷик, алайҳи кишвари мутамаддину соҳибистиқлоли тоҷик ба нақша гирифта шудааст. Рӯ то рӯз мо ба санаи амиқкардаи мухолифон наздик шуда истодаем ва хоҳад дидем, ки наҳзатиҳо дар митинги «бузург»-ашон кадом «бузургон»-ро ҷамъ мекунанд. Ба ҷуз ғуломони ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони манфиатҷӯю ҷангҷӯй дигар касе иштирок намекунад.

Маврид ба зикри хос аст, ки имрӯз бояд ҳар кадом аз шаҳрванони баору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафароне хиёнаткору бадрфторон ва кӯрнамаконро маҳкум намоем.

          Хизмат ба ватан дар роҳи ҳақиқату адолат барои ҳар кадоме аз шаҳрвандони миллат шараф аст. Ҳимояи обрӯву нуфузи байналмилалии он бошад, вазифаи ҳар мардуми баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Имрӯз вазифаи ҳар кадоме аз насли ҷавону худогоҳ аст, ки қабл аз ҳама аз марзу бум аз арзишҳои миллии кишварамон ҳимоят намоянд. Нагузоранд, ки ин дастоварду пешравиҳои кишвари моро бархе аз бевиҷдодону беимонҳо пушти по зананд. Намояндагони ТЭТ ҲНИ, ки имрӯз ҳадафи асосии худро дар миллати мо мебинад ва алайҳи он ҳар гоҳ тӯҳмату бӯҳтони холӣ мезанад. Зеро чунин нафарони нохалаф ҳамеша дар нияти нобуд кардани ин сарзамин буданд ва то имрӯз бо ҳар роҳу равиш мехоҳанд мақсади нопокашонро амалӣ созанд.

          Худ қазоват кунед, ки ин бадкирдорон то ба дарҷае озодиву амнияти миллии моро намехоҳанд, ки барои озодии зиндониёни ҷинояткоре, ки моҳи сентябри соли 2015 барои барҳам додани фазои сулҳу ваҳдат саҳм гирифта буданд, гирдиҳамои ташкил ва баргузор карданианд. Ва аз шаҳрвандони тоҷик даъват мекунанд, ки тарафдори онҳо бошанд.

          Бовар дорам, ки чунин одамфиребиву иғвоандозии наҳзатиҳо дар гузашта монд. Мардум имрӯз фаҳмиданд, ки ин азҳоб чи гуна ташкилот ва барои киҳо кор мекунад. Инҳо танҳо пулпарасту манфиатхоҳонанд ва барои бадаст овардани пули пучи хориҷӣён аз баҳри Ватану миллаташон баромадаанд.

 

Мавлонова Маърифат                             

корманди ДПДТТ

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам хориҷи он ҳамеша ғамхорию  пуштибонӣ менамоянд.

Моҳи майи соли ҷорӣ аз давлатҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ 85 нафар кӯдакони тоҷик баргардонида шуданд, ки амали хайру савоб буда, аз муҳаббати беандозаи Ҳукумати мамлакат ва бетараф набудан нисбат батағдири шаҳрвандони кишвар шаҳодат медиҳад. Ин иқдом идома ёфта, аз Ҷумҳуриҳои Покистону Афғонистон низ кӯдакони волидайни гумроҳ, ки ҷони фарзандони худро ба хатар гузошта, ҳамроҳи худ бурда буданд ба Ватан баргардонида шуда истодаанд.

Яке аз оилаҳои гумроҳу осебпазир Ҳошимов Наҷмиддин Ёкубҷонович, соли таваллудаш 1980 аъзои  ТТЭ ҲНИ ва ҳамсараш Алиева Муноҷот Акбаровна, соли таваллудаш 1985, ки зода ва истиқомат-кунандаи ноҳияи Спитамен, ҷамоати деҳоти Тағояк, деҳаи Тагояк мебошанд, фарзандони хурдсоли худ Ҳошимов Абдулло соли таваллудаш 2008, Ҳошимова Раҳимахон, соли таваллудаш 2010, Ҳошимова Ҷамила, соли 2013 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таваллуд шудааст, бар асари ифротию гумроҳшавӣ ба давлатҳои ҷангзада бурда, онҳоро хору зор ва аз хушбахтии кӯдакӣ маҳрум намудаанд.​ 

Вақте шахс мусоҳибаи хабарнигор Фарзона Муродиро бо кӯдаки 11 сола Абдулло Ҳошимов, ки санаи 25 майи соли ҷорӣ ҳамроҳи ду хоҳарчаи хурдсолаш бо кӯмаки мақомоти амният аз Афғонистон ба зодгоҳашон оварда шуданд, шинос мегардад, бешубҳа ба ҳайрат меафтад ва аз ҷоҳилию беақлии волидайне, ки ҷигарбандони худро ба сӯи ҷаҳаннам мебаранд, тааҷҷуб ва нафрат мекунад.

Абдулло Ҳошимов, ки имрӯз бо гуноҳи волидайн аз ду пой маҳрум гаштааст, нақл мекунад, ки ҳанӯз дар синни 2,5 солагиаш падару модар ӯро ба давлатҳои ҷангзадаи Покистону Афғонистон бурда, ба ҷои сабақи хондану навиштанро омӯзонидан ба ӯ кор бо яроқу аслиҳа, истифодаи яроқи оташфишон ва сохтани маводи таркандаро омӯзонидаанд.

Дар яке аз задухӯрдҳо волидайни Абдулло кӯдаки ноболиғи худро ҳамроҳ бурда, дар майдони ҷанг дар хунукии қаҳратун танҳо гузоштаанд, ки аз хунукӣ ду пои худро аз даст дод. Аз суханони Абдулло маълум мегардад, ки дар беморхонаи Афғонистон ҳатто бе доруи мадҳушкунанда пойҳои ӯро бурида, ҳаёти кӯдакро наҷот доданд. Дар ҳамон задухӯрди мусаллаҳона волидайни Абдулло ҳалок гаштаанд.

Дар мусоҳиба падари Ҳошимов Наҷмиддин –Ҳошимов Ёкубҷон дарду ҳасрати худро аз фарзандони роҳгумзадаю нохалафаш бо сӯзу гудоз чунин баён намудааст: “Садҳо, ҳазорҳо бор лаънат ба ҲНИ мегӯям, ки хок бар софии осмони беғубори мо пошид. Ман одами пир ғайр аз ҳамин ҳизби террористӣ-экстремистӣ номи дигар ҳизбҳоро намедонам. Аммо сарчашмаи бадбахтиҳои оилаам, ки писаронам Наҷмиддин ва Акмал беватану бекафан зиндағарибу мурдағариб шуданд танҳо касофати ҲНИ аст. Зеро баъди ошкор шудани фисқу фуҷур ва ғаразҳои ин ҳизби лаънатӣ писарони ман хурофотию ифротӣ шуданд. Имрӯз писари калониям, ки солҳои дароз дар мулки рус буд танҳо монд. Солҳои қаблӣ болу параш - ду додари ҳамқадаш буданд. Фикру ақидаҳои додари калонияш Акмалро наҳзатиҳо вайрон карда дар ҳама баду бало ҳамроҳ карданд”.

Аз суханони падари бадбахтгашта Ёқуб Ҳошимов маълум мегардад, ки писари ӯ Акмал дар ҷиноят ва амали террористӣ ба муқобили кормандони Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил даст дошта, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум гашта буд. Аммо ин ҷинояткори ашаддӣ аз кирдори худ пушаймон нагашта, дар “исёни” маҳбусони маҳбасхонаи Ваҳдат иштирок намуд ва кушта  шуд.

Фоҷиаи фарзандони Ёқуб Ҳошимов, ки имрӯз боиси ғаму ғусса, сархамӣ ва шикастадилии волидайни онҳо гаштааст, бори дигар мақоли пурҳикмати халқро тасдиқ менамояд:

Фарзанди хуб, боғи падар,

Фарзанди бад, доғи падар.

Сарнавишти талху фоҷиаомези оилаи Ҳошимовҳо бори дигар далели он аст, ки ТТЭ ҲНИ саркардаву сарвари гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, гунаҳгори тамоми бадбахтиҳои садҳо оилаҳои ҳамватанони мо буда, имрӯз боиси нафрати мардум гаштааст.

Ҳамин тариқ, сарнавишти оилаи Ҳошимовҳо моро ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба тақдири фарзандони худ бетараф набошем, ба хотири пулу пайсаи бегонагон Ватан, модар, шарафу номус ва дину мазҳаби худро нафурӯшем.

 

Тошхӯҷаев Н.А.

Сардори шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегӣ 

 ДПДТТХ

 

 Дини мубини  ислом дини покиза буда барои якдилӣ, якдигарфаҳмии мардум ва  барои  ба роҳи рост ҳидоят кардан мебошад. Мусулмони ҳақиқӣ он аст, ки барои ободии хонадон, ватани хеш камари ҳиммат бандад.

Имрӯзҳо дар зери ниқоби дини ислом ҳар гуна ҳаракат ва равияҳои ифротгаро ва ҳатто бо ном «давлати исломӣ» пайдо гардида истодааст, ки агар хубтар назар намоем, бо манбаъҳои ғоявии ислом ҳеҷ наздикӣ надоранд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар форуму конференсияҳои байналхалқӣ баромад карда, фитнаву дасисаи бадномкунандагони исломро борҳо таъкид менамояд, ки "Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст".

Мо шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷомеае умр ба сар мебарем, ки барои ҳар як шаҳрванд озодиву демократия дар доираи қонун муҳайё гаштааст. Имрӯзҳо наҳзатиёни хоин аз ҳама шароитҳои мо хабар доранду лекин инро руст карданӣ мешаванд.  Тоҷикистони азизи мо, ки давлати дунявӣ ба ҳисоб меравад ва  барои шаҳрвандон озодии дину виҷдонро кафолат додаасту китоби “Қуръон”-ро ба забони давлатӣ нашр шудааст. Ба хоинон ва паймонишиканон гуфтанием, ки агар аз таълимоти диниву дунявӣ огоҳ мебудед, ҷангу одамкуширо пеша намекарданд, балки бо ҷидду ҷаҳд барои дониш андӯхтан, ба кори ҳалол машғул шудан, оилаи солим бунёд кардан, фарзандони солеҳ парваридан, хизмати падару модар ва Ватанро ба ҷо овардан саъйу талош меварзидед, на ин ки ранги имрӯза аз хориҷ истода сангпартоиро пеша кардаед. Ба мисли пештара тири душманони миллат хок мехӯрад ва минбару баландгӯякҳои созмонҳои хоричӣ ҳеҷ суде намеоварад.

        Дар конфронси байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар Варшава гузашт баромади наҳзатиёни фурухташударо гуш мекунад кас афсус мехӯрад, ки аз онҳо чи хоину ватанфурӯше сохтаанд аз онҳо виҷдони нокомилу носипоси сохтаанд.

        Агар Кабирӣ заррае дар ҷаҳон ҷоибдори сулҳу субот бошад. Оромиро хоҳон бошад вазъияти кишварро муташанниҷ намекард. 

Худашонро ватандор меҳисобанд ҳамаи онҳо аъзоёни оппозитсия буда баъди бастани созишномаи сулҳ боз ба ватан хиёнат карданд.

Ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон фахр аз он дерем, ки мо милати ободу озодем ва марудмони иттифоқем. Давлати мо давлати демократӣ ва дунявӣ буда, тамоми мардум таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагонии хушу хурраму обод роҳу равишеро касб намудааст ва аминем, ки дар оянда миллати мо аз имрӯз бештар ободу озодтар хоҳад гардид.

 

Холиков М.М.                                     

омӯзгори калони калони кафедраи АваИН

Миллати тоҷик, ки тӯли қарнҳо арзи ҳасти намудааст, имрӯз низ мақому манзалати хешро дар байни дигар давлатҳо дар арсаҳои баландпояи ҷаҳонӣ муаррифӣ  менамояд ва Тоҷикистон чун ба маънои томи худ тоҷдор бо халқу мардуми куҳантамаддунаш  бо пояҳои устувору мустаҳкам ҷовидона боқӣ мемонад. Дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо бисёр миллату халқиятҳо арзишҳои миллии худро гум намуда, дар натиҷаи нофаҳмию нобасомониҳо сол аз сол амнияти сиёсии худро аз даст дода истодаанд. Туфайли он нафароне, ки ба хотири имрӯзу фардои мо ҷоннисориҳо кардаанд, то имрӯз ҳамаи мо тоҷикони соҳибтамаддун дар замони орому осоишта зиндагӣ намуда истодаем. Аз ин лиҳоз мо бояд фарҳанги бойи миллатамонро пос дошта, якпорчагии ин марзу бумро ҳифзу ҳимоя намоем. Пас бояд ҷавонон дар вобастагӣ ба вазъияти имрӯзаи кишвар тамоми қувваи маънавии хешро сарф намуда, душманонро бо маърифати худ забонкӯтоҳ намоем.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш ҷавононро ҳамчун нерӯи бузурги ояндасоз эътироф намуда, барои рушди зеҳнии онҳо шароити мусоидро фароҳам меоварад. Аммо тавре аз мушоҳидаҳо аён мегардад, нафаронеро низ вохӯрдан мумкин аст, ки имрӯз тақдирашонро дар майдони хунину набарди давлати Сурия ва Ироқ пайваста истодаанд. Бо ин рафторашон ба ҷони ҷавони худ ҷабр намуда, наздикону пайвандони худро дар вазъияти ногувор гузошта истодаанд.

 Воқеаҳое,  ки имрӯз дар кишварҳои арабиву Украина рух додаву то имрӯз ба вуқӯъ омада истодаанд, баёнгари гуфтаҳои болоианд. Азбаски ҷавонон қишри асосии ҷомеаро дар бар мегиранд, маҳз гурӯҳҳои тундрав ба ин насл бештар такя мекунанд. Он ҷавоне, ки донишу маърифати сиёсӣ дораду хатари оқибатҳои ин амалро бахубӣ дарк мекунад, худро дур аз ин амалҳои номатлуб мегирад. Мутаассифона, иддае аз ҷавонон даргири банди ҳавову ҳавас ва афкори бегона монда, худро қурбони ҷаҳолат мекунанд.

Ашурова Ш.                   

Устоди ДПДТТ

 

 

 

Дар мулоқоти худ бо зиёиёни мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пиромуни хатари муосир сухан ронда бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бахусус Ироқу Сурия таваҷҷӯҳи равшанфикрони кишварро ба афзоиши хатари терроризму ифротгароӣ ҷалб намуданд.

Терроризм ва ҳаракатҳои террористӣ таърихи тӯлонӣ дошта , маънои тарсу ҳарос ва даҳшатро мефаҳмонад. Ин вожаи сиёсӣ аз тарафи инқилобчиёни фаронсавӣ баҳри фишорорӣ тавассути тарсу ҳарос  ба ҳукумати он давра дар асри 16 истифода шуда буд. Агар ҳадафи террористии фаронсавӣ фишор ба ҳокимият баҳри мақсадҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ ва сиёсӣ бошад, имрӯз ин ҳаракати манфур дар зери ниқоби ғояҳои динӣ ба худ симои инсонбадбиниро гирифта аст, ки сарҳад надорад.

Дар робита ба ин  дар назди ҷомеашиносони кишвар масъала гузоштанд, ки барои тарғиби андеша ва ғояҳои миллӣ, таҳкими масъалаҳои умумиинсонӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳони муосир ва проблемаҳои рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз интишори фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои тундагаро ва экстремистӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид, ки бесабаб нест воқеан дар шароити  имрӯзаи Шарқи Миёна ва ҷумҳуриҳои пасошӯравию ифротгароёнаи ба ном исломӣ яке аз фитнаҳои хатарҳои арсаи сиёсии ин минтақаҳо маҳсуб мегарданд.

Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Тавре ки мӯҳтарам Эмомали Раҳмон таъкид намуданд олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаи тавсеаи мафкураи миллӣ таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар, ҳифзи  манфиатҳои стратегии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Хотирнишон менамоем ки ташкилоти нахустини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1978 дар совхози Туркманистони ноҳияи Бохтар таъсис ёфта, дар марҳилаи аввал ба монанди созмони махфии “Бародарони мусалмон” ба таври пинҳонӣ амал мекард.

Солҳои 1992-1997 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шуда аст.

Аммо пас аз маротибаи дуюм ҳамчун ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ доштаро содир намуда дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаву адоват барангехтанд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида дар таърихи 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуд ва Ҳизби наҳзати исломии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ, террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизброр қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рӯзномаи “Наҷот” ва сомонаи интернетии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, истеҳсоли чопу рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ карда шуд.

Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ,Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон таъкид намудаанд мо ҷавононро бояд ба руҳияи ватандӯстию меҳанпарварӣ равона намоем. Зеро ояндаи дурахшони миллати тоҷик дар дасти ҷавонон мебошад. Бояд ҷавонон баҳри рушди Тоҷикистон саҳми назаррас гузоранд.

Имрӯз мардуми ҷаҳон бояд аз азму талош ва сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ибрат гирифта, баҳри пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм бо роҳи даастҷамъӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ин вабои асрро аз байн бардоранд.

 

 

 

Бакаев М.Х.

Устоди ДПДТТХ