Вақтҳои охир шоҳиди падидаҳои манфии иҷтимоӣ, ки ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халал ворид менамояд, аз қабили ҳодисаҳои гаравидани баъзе аз ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротӣ ва ҳатто террористӣ мешавем. Ин тамоюл, бешак, мардуми ватандӯст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, батараф гузошта наметавонад, зеро ин мушкилиест, ки миёни ҷавонон ба зуҳур омадааст. Ҳол он ки мутобиқ ба нишондоди оморӣ аксарияти аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон бошанд, яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва қувваи пешбаранда ва ояндасози ҷомеа буда, дар бунёдкорӣ ва муайян намудани ояндаи давлатдорӣ саҳми бузурге доранд. Пас, маълум мешавад ки «мушкилоти ҷавонон» - мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Ин ҷо суоле ба миён меояд - кӣ ҷавононро ба ин вартаи гумроҳӣ меафканад? Имрӯз тавасссути расонаҳои хабарӣ мешунавему мебинем, ки баъзе руҳониён зери номи муқаддаси дини мубини ислом баромад карда, баҳри амалӣ сохтани ниятҳои нопокашон, ки сохтори хилофат ва ҳукмфармоии он аст, мафкураи ҷавононро заҳролуд карда, щояҳои исломро аз нигоҳи щаразноки худ тавсиф ва ҷавононро ба роҳи ифроту хурофот ҳидоят мекунанд. Ҷавонон, ки ҳанӯз мафкураашон ташаккул наёфтаасту фирефтаи маблащҳои калон шуда, гуфтаҳои чунин ашхосро қабул мекунанд. Онҳо бо ҳидоят ва роҳбаладии руҳониёни алоҳида бо баҳонаи гирифтани таълимоти динӣ ба давлатҳои исломии ҳамҷавор рафта, баъди муддате ба ташкилотҳои террористию экстремистии байналмиллалӣ ҳамроҳ мешаванд ва дар задухӯрдҳои ин ташкилотҳо бар зидди ҳукуматҳои қонунӣ иштирок мекунанд. Дар заминаи таълимоти барщалату бегона ва ифротгаро қисме аз онҳо ба мазҳабу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, аз қабили Салафия, Ваҳҳобия, Ҳизби таҳрир, Ансоруллоҳ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дохил мешаванд.

Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва табиист, ки ҳар кадом давлатҳои абарқудрат саъй доранд, ки манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро зери ниқоби дин дар давлати навбунёди мо пайгирӣ намоянд.

Дар кишвари мо намояндаи динҳои гуногун, аз ҷумла ислом, насронӣ, яҳудӣ ва щайра умр ба сар мебаранд, ки 80% сокинони он мусалмон буда, дини мубини исломро мепарастанд. Ҳамаи онҳо дар амалӣ намудани фаъолияти динии худ озод мебошанд ва ҳатто масҷиду калисоҳои худро доранд. Давлат фаъолияти тамоми равияҳои диниро, ки расман сабти ном шудаанд, эътироф мекунад ва барои пайравии онҳо тамоми шароитҳоро муҳайё месозад. Аммо ин амал дар ҳолате ба роҳ монда мешавад, ки фаъолияти онҳо зидди сиёсати давлат ва давлатдорӣ ё характери ищвогарию хусуматпарастиро миёни шаҳрвандон надошта бошад. Зеро дар моддаи 1-уми Сарқонун қабул гардидааст, ки Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад. Маҳз ин мафҳум шаҳодати он мегардад, ки дин ва муассисаҳои динӣ ба фаъолияти давлатдорӣ набояд дахолат кунад.

Дини мубини ислом дар сират дини поку адолатнок буда, инсонҳоро ба покизагию инсондӯстӣ ва эҳтироми дигарон даъват мекунад. Аммо имрӯзҳо ислом бозичаи дасти як гурӯҳ манфиатҷӯён, ки аксар одамони «зиёӣ» ва олимақом мебошанд, гардидааст ки бо ин кирдорашон бегонапарастӣ ва фарҳанги бегонаро талқин менамоянд, номи мубораки исломро сиёҳ мекунанд. Чӣ тавре ки гуфтаанд:

                       Ислом ба зоти худ надорад айбе,

                  Ҳар айбе, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.

Дар натиҷа, таъсири зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ, гаравиш ба гуруҳу мазҳабҳои ифротгаро ва тақлидкунандаи таассуби динӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.

Агар ба сарнавишти таърихи миллат назар кунем, ин падида, яъне бегонашавӣ, бегонапарастӣ ва тақлидкунӣ дар руҳу ҷисми тоҷик ҷой надошт. Баръакс фарҳангу тамаддуни мо замони қадим ва замони асҳои миёна ба халқҳои кишварҳои ҳамсоя, бахусус, Аврупо таъсири мусбат расонид ва ин халқу миллатҳо ба он таҳсин мекунанд, яъне оинаи дигарон будем.

Бо ин андеша, мо ҳаргиз нисбати дигар халқҳо худро баланд намегузорем. Мо фақат мехоҳем ҷавононро ҳушдор намоем, ки ин падида бегона аст ва метавонад мушкилоти ҷиддӣ ва ҳатто хатарро ба амал орад. Аз ҷумла, бегонашавӣ ва буҳрон дар оила, дар байни дӯстон, дар равоният, ҷисмоният, дар хулқу хӯй ва ниҳоят хатаре эҷод менамояд дар нобудшавии миллати тоҷик чун халқият дар арсаи ҷаҳони мутамаддин.

Пас, баҳри пешгирии ин тамоюли номатлуб чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама мо бояд ҷавононро ба худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва фарҳангшиносӣ даъват кунем ва ин ҷо ду чизро мавриди назар бояд қарор дод.

Якум, фаҳми он ахборе, ки ҷавонон пайдо мекунанд, ки он иборат аст, аз қобилияти дарк кардани ахбор. Ҳар хабару маълумот қобили таҳлил буда, ба ҳукми ақлу хирад баҳогузорӣ карда шавад. Мутаассифона, бархе аз ҷавонон ин ё он хабарро на аз назари хирад, балки аз назари ҳис, эҳсосот баҳогузорӣ менамоянд. Албатта, хабаре ки аз дохил ва берун падид меояд, онро бояд бидонем ва аз он ҷои гурезе нест. Дар баробари ин, бояд ҳар кас назари худро нисбат ба он ба маънии мақсад, зиндагӣ, фаъолият дарк намояд, вагарна ба гирдоби бегонашавӣ ва бегонапарастӣ дучор мегардад. Ин амрест, ки қобили инкор нест ва барои интихоби ахбори ҳақиқӣ хирадро ҳамчун силоҳи асосӣ бояд истифода намуд.

Дуюм, донише, ки ҷавонон, алалхусус донишҷӯён меҷӯянд. Дар роҳи ҷустуҷӯи дониш метавон одоб, афкор, санъат, адабиёт, фарҳанг ва касбро ёфт, вагарна нишони тири бегонашавӣ ва бегонапарастӣ гардид, ки ба ҳеҷ кас раҳм намекунад. Талош барои дониш ин фақат ибтидои кор буда, интиҳои он парастиши ҳақиқат аст.

Фарҳангу ҳуввият ва худшиносии миллӣ на бо майлу ҳавас, балки ба маърифат, тай намудани зинаҳои маърифат, ҷустуҷӯи дониши ҳақиқӣ пойдор мебошад. Аз ин рӯ, дар ҷавонон бояд касб кардани дониш ва маърифатро тарщиб намуда, дар баробари ин онро бояд ҳифз намуд.

Ва қобили қайд аст, ки бе ақидаи илмӣ ва фалсафию танқидӣ инсон ба муқаллиди фарҳанги щайр табдил меёбад. Тақлид ба фарҳанги бегона бошад, сабаби набудани фарҳанги худӣ мегардад. Дар ин сурат инсон ҳамон зощеро мемонад, ки хиромидани кабк тақлид намуда, рафтору хироми онро ёд намегирад, вале шеваи парвози худро ҳам аз даст медиҳад. Мутаассифона, имрӯз ҳам баъзе мардуми мо ҳамон зощеро мемонанд ва афкори диниро ба тақлид мепазиранд, на ба сират ва на ба ақлу на ба фалсафа. Аз ин рӯ, имрӯз низ чун дар замони Шамси Табрезӣ бар сари ин бефаҳмиҳо бояд фищон кард:

                    Халқро тақлидашон барбод дод,

                    Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод.

Дар хулосаи сухан таъкид бояд дошт, ки ҳуввият, фарҳанг, худшиносии миллӣ ва тафаккури баланди фалсафию ҳуқуқӣ аслиҳаи бузургест алайҳи ҳуҷуми душманон ба генофонди миллати мо. Агар аз ин арзишҳои миллӣ ба таври бояду шояд истифода ва корбурд нанамоем, дар ниҳоят ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ мегардем, ки Иқболи Лоҳурӣ дар як байти худ фармудааст:

                 Ҳар кӣ бар худ нест фармонаш равон,

                 Мешавад фармонпазири дигарон

       

 

 Исматулло Норов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд      

 

Неругоҳи барқии обии “Роғун” яке аз бузургтарин иншооти энергетикии Тоҷикистон мебошад, ки баробари ба фаъолият оғоз кардан дар кишварамон истиқлолияти энергетикиро таъмин менамояд.

Ниҳояти дурандешӣ ва оқилии Пешвои муаззами миллат аст, ки тавонистанд, собит намоянд, бунёди неругоҳи барқии обии “Роғун” на  танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки аҳамияти минтақавӣ низ дорад.

Аз ин лиҳоз, як чанд паҳлӯҳои  қудрати НБО– и “Роғун” –  ро тасдиқ  менамоем:

1.НБО– и “Роғун”  Тоҷикистонро ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ расонида, онро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ мебахшад.

2.Зарфияти пурраи ин нерӯгоҳ 11,8 ва фоиданокиаш 8,6 мукааб километр буда, дар он об сарфакорона ҷамъ гардида, безарар ба турбинаҳои неругоҳ ба поён ҷорӣ мегардад. Яъне, дар ин неругоҳ об ҳамчун манбаи таҷдиди энергия хизмат менамояд, вале худ сарф намегардад. Аз ин лиҳоз, барқи тавлиднамудаи он аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар мебошад.

  1. Бунёди ин неругоҳ имкон медиҳад, ки новобаста аз фасли сол, ҳама силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш бо иқтидори пурра фаъолият намоянд. Ба туфайли бунёди ин неругоҳ самаранокии фаъолияти силсиланеругоҳҳои рӯди Вахш ҳамасола дар маҷмӯъ аз 0,7 то 1,1 млрд.кВт* соат энергия меафзояд.
  2. НБО– и “Роғун” дар баробари таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, инчунин, барои густаришёбии самтҳои дигари иқтисодиёти минтақа заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ба туфайли бунёди он 320 ҳазор гектар заминҳои кишварҳои поёноб (аз ҷумла, Ӯзбекистону Туркманистон) шодоб шуда, ҳолати мелиоративии зиёда аз 4 млн. гектар заминҳои кишварҳои поёноб дар маҷмӯъ беҳтар мегардад.
  3. Бунёди ин неругоҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ талаботро ба энергияи ҳароратӣ як дараҷа коҳиш медиҳад.
  4. Неругоҳ натанҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки дар минтақа зарурати сохтани неругоҳҳои хурдро аз байн мебарад.
  5. Ин неругоҳ ҳадди ақали талаботро ба неруи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъмин менамояд.
  6. Неругоҳи мазкур на танҳо ширкати “Алюминийи тоҷик” –ро ба барқ пурра таъмин менамояд, инчунин, барои ташкили комплекси агросаноатии қисмати ҷанубии Тоҷикистон имкониятҳои мусоид фароҳам меорад.
  7. Таҳлилҳои илмӣ собит менамоянд, ки обанборҳои дар кӯҳсор бунёдшаванда назар ба обанборҳои дар ҳамвориҳо бунёдшаванда 5 – 10 маротиба камтар заминҳои корамро фаро гирифта, қимати баланди иқтисодӣ доранд.
  8. Натиҷагирии корҳои илмӣ аз он башорат медиҳанд, ки ин неругоҳ як дараҷа барои пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ, бахусус обхезиҳо, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он тарҳрезӣ гардидааст.
  9. Тибқи андешаҳои олимон ҳар гуна олудаҳои обовард дар ин обанбор такшин мешавад, ин омил боиси таъмини фаъолияти дуру дарози дигар силсиланеругоҳҳои ин рӯд мегардад.
  10. Ин неругоҳ дар баробари хусусияти ирригатсионӣ– энергетикӣ ва энергетикӣ – ирригатсионӣ доштан, инчунин қимати баланди иқтисодӣ дар самти рушди туризм дорад.
  11. Ба туфайли бунёди неругоҳи мазкур 75% –и заминҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ба таври худҷоришаванда обёри мегарданд.
  12. Батанзимдарории муназзами маҷрои об дар ин неругоҳ имкон медиҳад, ки 6,7 км куб оби захирашаванда на танҳо барои истеҳсоли неруи барқ, инчунин, дар мавриди зарурӣ барои қонеъ намудани талаботи кишварҳои поёноб низ истифода гардад.
  13. Ин неругоҳ имкон медиҳад, ки маҷрои об дар ҳавзаи Амударё ба таври самараноку оқилона идора ва истифода бурда шавад.

Агар бо чунин далелу андешаҳо қимати ин неругоҳро натиҷагирӣ намоем, он гоҳ маълум мегардад, ки дар ҳақиқат, арзиши об аз нафт, газ, ангишт ва дигар навъҳои сӯзишворӣ камтар нест. Аз ин рӯ, НБО– и “Роғун”  иншооти ҳаётан муҳими стратегии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

                          

                                              Ҳоҷиев А.А., дотсенти ДПДТТХ

 

Мубориза алайҳи терроризми байналхалқӣ, экстремизму ифротгароии динӣ, интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор (наркотрафик), ҷинояткории муташаккил аз самтҳои муҳими фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи байналхалқӣ дар ин самт саъю талош намуда, корҳои назаррасро анҷом дода истодааст.

Имрўзҳо экстремизм дар қиёфаи мухталиф намоён мегардад. Шакли оддиву оммавии он экстремизми иҷтимоӣ мебошад, шакли хавфноки он – экстремизми сиёсист. Экстремизми динӣ бошад, ҳам ҷанбаи иҷтимоӣ ва ҳам ҷанбаи хавфноки сиёсӣ дорад. Инро воқеа ва ҳодисаҳои дар як қатор давлатҳои ҷаҳон рухдода собит мекунанд. Гурўҳҳои ифротгароӣ-экстремистӣ бо номҳои гуногун: «Ҳизб-ут-таҳрир», «ал-Қоида», «Акромия», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», «Ҳаракати толибон» ва ғайра андешаву амалҳои вайронкоронаи экстремистии хешро ба тамоми ҷаҳон паҳн мекунанд. Чанд соли охир дар мамлакатҳои мусулмоннишини Шарқи Наздик ташкилоти экстремистии ғайриқонунии ба ном Давлатии исломии Ироқу Шом (ДИИШ) зуҳур намуда, ба хунрезиҳои зиёд, муҳоҷирати иҷбории аҳолии зиёд сабаб гардид. ДИИШ сараввал дар ибтидои солҳои 2000-ум ҳамчун гурўҳи созмони террористии «ал-Қоида» пайдо шуда, сипас ба сифати ташкилоти мустақил ба фаъолият пардохтааст. Фаъолияти ДИИШ собит мекунад, ки экстремизм то кадом андоза нооромӣ, марг, офату харобиро ба бор меоварад.

Экстремизм дар кадом шакле намоён нагардад, асоси онро андешаву тафаккури носолим ташкил медиҳад. Тафаккури носолим дар заминаи таъсири шахсиятпарастӣ, худбинӣ, бегонашавии иҷтимоӣ дар феълу атвори инсон ба вуҷуд меояд. Экстремизм, ифротгароӣ дар натиҷаи дарку эҳсос ва баҳодиҳии нодурусти воқеаву ҳодисаҳои ҷамъият ташаккул меёбад. Вайрон шудани тамоюлҳои адолати иҷтимоӣ дар ҷамъият, риоя нагардидани қонун, қоида ва меъёрҳои ахлоқи иҷтимоӣ, авҷ гирифтани маҳалгароӣ, хешу таборчигӣ, шиносбозӣ, амалҳои коррупсионӣ ва амсоли онҳо боиси пайдо шудани ғояҳои вайронкор, заиф гаштани асосҳои ҳокимият мегардад ва оқибат ҳаракатҳои экстремистиро ба вуҷуд меорад.

Аз ин бармеояд, ки экстремизм дар кадом шакл зуҳур накунад, он маҳсули муҳити носолим ва муносибатҳои носолими иҷтимоӣ мебошад. Агар дар бораи ДИИШ сухан ронем, аз рўзи таъсисёбиаш он якчанд маротиба номашро иваз намуд. Сарвари он Абўбакри Бағдодӣ (номи аслиаш Саид Иброҳим Аввад Бадрӣ) худро «халифа» эълон намуда, ин ташкилотро «Давлати исломӣ» ном гузошт. Мақсади аслии ин ташкилот ҳимояи ислом набуда, мубориза алайҳи мақсадҳои поки дину этиқоди исломӣ мебошад. Дар натиҷаи мушоҳидаи фаъолияти ДИИШ ва дигар созмонҳои экстремистӣ тасаввуроти нодуруст дар бораи мафҳумҳои «ҷиҳод», «ҳиҷрат», «халифа» ва ғайра пайдо мешаванд.

Тарафдорони гурўҳҳои экстремистӣ, алахусус ДИИШ, андешаҳои бофтаи салафиро шиори худ намуда, ҳатто ба таври ошкоро нақшаи вайрон кардани шаҳри Макка ва мушаххасан Каъбаро тарҳрезӣ мекунанд. Зери ниқоби ҷиҳоди исломӣ ҳамарўза ҳазорҳо одамони бегуноҳро ба қатл мерасонанд. Ҳатто ба куштори кўдакон, занҳо ва пиронсолон даст мезананд. Аз расонаҳои хабарии Интернет ба таври намоишкорона қатл намудани асирон, оташ задану лагадкўб намудани сарҳои буридаи асиронро намоиш медиҳанд. Имрўз ягон давлат, ҳатто уламои олами ислом, ДИИШ-ро эътироф накардаанд. Дар асл ин ташкилот бо дини мубини ислом ягон алоқамандие надорад. Мақсади асосии ҷонибдорони гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро бо кадом роҳе набошад ҳокимиятро ғасб намудан, низоми кўҳнаи ба қаъри таърих фурўрафтаро эҳё намудан аст.

Мутаассифона, ДИИШ тарафдорони худро дар Тоҷикистон низ пайдо намуд. Чанд нафар шаҳрвандони гумроҳшудаи кишварамон ба сафи ҷангиёни ин давлати ба ном исломӣ пайваст шуда, дар амалиёти террористии Шарқи Наздик иштирок мекунанд.

Чӣ бояд кард, ки пеши роҳи ин қабил амалҳои номатлуб гирифта шавад? Терроризму экстремизм (ифротгароӣ) дин, миллат, ватан надорад. Дар замони муосир алайҳи терроризму экстремизм муборизаи маънавӣ, мафкуравӣ ва ғоявӣ ба роҳ монда шудааст. Барои дарки моҳияти муборизаи ғоявӣ мо бояд аз таълимоту ақида, фалсафаву ҳуқуқшиносӣ, фарҳангу ахлоқи исломӣ бархурдор бошем. Дар фаҳмонидани моҳияти онҳо бояд олимони ҷомеашинос (муаррихон, файласуфон, сотсиологҳо, сиёсатшиносон, фарҳангшиносон, диншиносон), рўзноманигорон - таҳлилгарони сиёсӣ пешсаф бошанд.

Роҳи муҳими мубориза алайҳи ақидаҳои бегона, ифротгароиву терроризм ин тарбия намудани ҷавонон дар рўҳияи парастиши арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Ба ҷавонон бояд, пеш аз ҳама, маълумоти бештар доир ба афроди номвар, шахсиятҳои мондагори таъриху фарҳанг, ҳаёт ва фаъолияти олимону адибон, китобҳои эҷоднамудаи онҳо пешниҳод гардад. Бояд дар тафаккури насли наврас фаъолияти уламову удабо, аз ҷумла олимони мутасаввиф, ҳадиснигорону фақеҳон, ки дар рушди фарҳанги исломӣ нақши мунир гузоштаанд, ҷойгир карда шавад, то ки онҳо аз моҳияти аслии дини мубини ислом бархурдор бошанд ва кўр - кўрона аз ҳар гуна мазхабу гурўҳҳои ифротгаро пайгирӣ нанамоянд. Арзишҳои ахлоқӣ, таълимоти ирфониву фалсафӣ, донишҳо оид ба инсон ва камолоти ў, андешаҳо роҷеъ ба поксириштӣ, таҳаммулпазирӣ, меҳанпарастӣ, бунёдкорӣ, ки ҷавҳари таълимоти исломиро ташкил медиҳанд, имрўз дар ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ, камолоти ахлоқиву маънавии ҷавонон бояд нақши муҳим бозанд.

М. Оқилова, устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷеаборе мебошем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд. Зиёдшавии марзҳое, ки дар онҷо терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи мухаддир  реша медавонанд, ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Ҳоло фаъолшавии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми саӣёраро зери хатар қарор додааст.

Терроризм зодаи сиёсати нодуруст ва ноодилонаи кишварҳои абарқудрат мебошад. Ноадолатӣ дар тақсимоти боигариҳои ҷаҳон байни мамолики пешрафта ва сустинкишоф, дар дохили ҳар як кишвар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа сабабҳое мебошанд, ки терроризмро ба майдон оварданд. Беэҳтиромӣ нисбати арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, динӣ ва анъанаву расму оинҳои хоси мамолики сусттараққӣ ва ақалиятҳои миллию динӣ сабаби дигари мағлубнапазирии терроризми байналхалқӣ боқӣ хохад монд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 4 апрели соли 2003 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид чунин гуфта буд:

«Имрӯз ҳамагӣ аз панҷ як ҳиссаи инсоният 80 дар сади боигарии ҷаҳонро дар даст дорад. Агар дар охири асри 19 таносуб дар тақсимоти боигариҳои ҷаҳон баӣни мамолики тараққикарда ва сусттараққикарда ба сари аҳолӣ 9 бар як бошад, пас имрӯз ин таносуб сад бар як аст».

Агар мо ба заминаҳои асосии ҷараёнҳои номатлуб дар замони муосир назар афканем, он аз зиддиятҳои гурӯҳӣ, манфиатҳои шахсони алоҳида ва суханбозиву дасисагӯиҳои баъзе аз диндорони ҷоҳил, ки имрӯз диққати мардумро бо ҳар роҳу восита ба худ мекашад, иборат мебошад. Пайдоиши ҳар гуна ҳизбҳову иттиҳодияҳо, ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ, ки бархеи онҳо бо мақсадҳои ғаразнок фаъолияти худро байни мардум паҳн мекунанд, решаҳои худро доранд ва онҳо таҳти сарпарастии ашхосе идора карда мешаванд, ки онҳо паси парда ниҳонанд. Ҳамин гуна ҳизбу ҳаракатҳо дар асрҳои миёна низ дида мешуданд, ки онҳо низ мақсад, вазифа ва ғояҳои худро доштанд.

Имрӯзҳо ҳизбҳои террористӣ ором нанишаста барои ноором сохтани ҷомеаи муосири ҷаҳон ба ҳар гуна амалҳои номатлуб даст мезананд. ДИИШ ва дастпарварони онҳо барои ноором сохтани ҷомеаи кишварҳои Осиёи Миёна чашм ало кардаанд. Яке аз дастпарварони онҳо роҳбари гурӯҳи террористӣ – экстремистӣ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ба ҳисоб меравад ки барои ноором сохтани ҷомеаи тинҷи сулҳофари тоҷиконро вайрон кардан мехоҳад ва он  амале, ки онҳо дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон ташкил карда истодаанд  аз ҷумла дар вилояти Суғд ва шаҳри Ваҳдат. Ин амали нангинро мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромуш намесозанд ва барои мубориза бурдан бар зидди ин гуна ташкилотҳо ҳамаҷониба мубориза мебарад ва намегузорад, ки ҷомеаи тинҷ ва ороми мардуми тоҷик доғи сиёҳро ба худ гирад.

Бобоҷонов Ҷӯрабой, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Барои рақобати солими сиёсӣ дар ҳама кишварҳои ҷаҳон ҳизбҳои сиёсӣ амал мекунанд. Роҳбарону масъулони ин ҳизбҳо мекӯшанд, бо барномаву дурнамои мукаммали худ тарафтодорони худро зиёд намоянд. Яъне, муборизаи солими сиёсиро аз ин интихобот то интихоботи дигар пеш мебаранд. Дар кишвари мо низ аксари ҳизбҳо маҳз аз чунин шеваи корбарӣ истифода мебаранд. Натиҷаи плюрализм ва имконияти баробар додан барои ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ буд, ки то соли 2015 дар кишвар 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият мебурд. Ҳар кадоме аз ин ҳизбҳо бо барномаи пешазинтихоботии худ вориди рақобат гардид. Натиҷаи интихобот маълум намуд, ки на ҳамаи ҳизбҳо миёни омма маҳбубият доранд. Махсусан масъулони ҲНИ ҳеҷ гумон надоштанд, ки чунин овози пастро соҳиб мешаванд. Муҳиддин Кабирӣ ва кормандони дастгоҳашон умедвор буданд,ки лоақл 3- 4 нафарашон аз ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ ба парлумони кишвар ворид мешаванд.Аммо тарбуз аз бағал афтид...

Ва оғоз шуданд нақшаҳои “Б” ин ҳизб, ки дар сурати пирӯзӣ нашудан мехостанд дар кишвар нооромиҳоро ба вуҷуд оварда, ба ин васила давлати исломӣ бунёд намоянд.   

Сентябри соли 2015 як гурўҳи муайян хостанд дар Тоҷикистон низ ҷанг сар занад ва бо роҳбарии бевоситаи размандаи Иттиҳоди нерўҳои мухолифини тоҷик, собиқ муовини вазири мудофиаи мамлакат генерал – майор Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ба табаддулоти давлатӣ даст заданд, вале ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Тибқи баёноти расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сари ин ҳама амалҳои нопок раиси ҲНИ М.Кабирӣ меистад. ҲНИ аз замони таъсисаш барои  бунёди ҷомеаи исломӣ, ба монанди Афғонистону Сурия ва Ироқ, кўшиш кард. Аммо тираш хок хўрд. Ин вазъи номатлуб бори дигар моро ба зиракиву ҳушёрӣ водор месозад. 

Дар натиҷаи ҳамин мафкураю шуури сиёсӣ дар солҳои ҷанги бародаркуш ғояи ташкил кардани давлати исломӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи ҲНИ тарғиб карда мешуд ва он аз тарафи аъзоёни ҳизб ва ҷонибдорони онҳо дастгирӣ  меёфт.

Пас аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон ҲНИ барои сиёсинамоии мафкураи динӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, онро пурзўр мекард.

Дар натиҷа дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолияти аъзоёни ҳизб ва домуллоҳои чаласавод пурзўр гардида, ба таври ғайриқонунӣ мактабҳои динию масҷидҳо ташкил медоданд.

Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ба гирифтани донишҳои динӣ аз тарафи ҳукумат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Пўшидани сатру аврат ва мондани ришҳои дарози дилгиркунандаву безеб ба либоси миллию анъанаҳои давлатдории тоҷикон мухолифат менамояд.

Дар натиҷаи дастгирии ҲНИ зиёда аз 500 нафар ҷавонони тоҷик дар сафҳои ҷангиёни ДИИШ ба муқобили Сурия меҷангиданд.

Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни  ин ҳизб бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат ба шумор рафта, аз характери экстремистию террористии ҲНИ шаҳодат медиҳад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд.

Баста шудани фаъолияти ҲНИ бо қорори Суди Олии Тоҷикистон минбаъд барои пешгирӣ кардани фаъолияти ифротгароӣ ва бо сиёсат омезиш додани динро пешгирӣ намуда, ҷомеаро дар руҳияи арзишҳои солими қонунию динӣ тарбия менамояд.

Ҷомеаи имрӯзаи мо ҷомеаи ободу озод аст. Касе ки қонунҳои кишварро риоя мекунад, ӯ зиндагии осудаҳолона дорад. Ба рӯяш мактабу масҷидҳо кушодааст. Хонад, маърифатнок шавад. Онҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат интиқод карда, чунин болоназар будани Сарвари муаззами кишварро чашми дидан надоранд. Чашми ҳасуд кӯр аст. Магар роҳбари давлат сазовори чунин баҳо нест, дар ҳоле ки миллат ба ҳадди нестӣ мерасид, маҳз ӯ ҷон ба каф гирифт ва масулияти дирӯзу имрӯзи кишварро бар дӯш гирифт. Мулкро тинҷ кард, кинву кудуратро аз дили размандагон берун сохт ба гузашта салавот гуфт. Бо гузашти беш аз 26 сол танҳо барои ободӣ ва беҳдошти рӯзгори мардум кӯшиш варзид. Халқи тоҷикро ба оламиён чун миллати соҳибтамаддун ва фарҳангофар муаррифӣ кард. Халқ худ ӯро ҳомӣ ва пешвои худ интихоб кард. Ботини Сарвари давлат, ки пок аст ҳамвора кишварамон пеш меравад.

Мо имрӯз ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари муаззами кишвар  ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем.  Ва ин ҳама ободиро аз самараи меҳнати ҳалол ва тинҷиву оромии кишвар дида истодаем.

Мо фарзандони содиқи Ватанем ва ҳаргиз намегузорем, ки идеяи бегона мафкураи моро пойбанди ифротгароӣ гардонад. Зеро фардои ин миллат бо Сарвари оқилу донояш дурахшон аст.

М. Оқилова, устоди кафедраи забонҳои хориҷӣ