Дар хотираи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибихтиёр мондани Тоҷикистон бо тантанаи сулҳ ва таъмини ваҳдат дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ алоқаи бевосита дошт. Кулли мардуми тоҷику тоҷикистониҳо манфиатдор буданд, ки дар зарзамин ҳарчи зудтар сулҳ тантана ёбад. Хушбахтона роҳбарони давлати соҳибистиқлоли навбунёди Тоҷикистон низ ин тамоюлро ҳарҷониба дастгирӣ намуда, роҳҳои сулҳ ва оштии миллиро дарёфт намуданд. Ҳамин тавр  танҳо бо туфайли ваҳдати милли ва ягонагӣ бехатарии Тоҷикистонро таъмин кардан мумкин буд.

Хушбахтона, роҳи сулҳ дар Точикистон аз тарафи ҳамаги ҷумҳуриҳои Осиёи Маркази, Россия  ва мамлакатҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфт.

Ташкилотҳои байналхалқи ҷаҳон, пеш аз ҳама Созмони Миллали Муттаҳид, саҳми худро дар  мӯътадил гардонии вазъ дар Тоҷикистон гузоштанд. Ин кор дар ду  ҷабҳа ба амал меомад. Аз як тараф,дар ташкили кӯмаки башардӯстона ба аҳоли ҷумҳурӣ  ва фирориёни ҳориҷии он ва аз тарафи дигар дар созмони намояндагии мулкӣ ва низомӣ оид ба барқарори сулҳ.

Дар кори барқарории сулҳ дар Тоҷикистон  инчунин Созмони амният ва ҳамкори дар Аврупо (САҲА), Созмони Конфронси Исломӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мултақил (ИДМ) саҳми худро гузоштанд.

Бо мақсади таъмини сулҳ ва оштии миллиӣ дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 1994 гуфтушуниди байни тоҷикон оғоз ёфт. Гуфтушунуд дар байни ҳайъати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик борҳо дар Россия, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Афғонистон дар шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад, Исломобод, Алма-Ато, Ашқобод, Бишкек, Москва барпо гардиданд. Дар гузаронидани гуфтушунидҳо ва ба даст овардани сулҳ саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст.

Дар роҳи таълими сулҳи пойдор дар Тоҷикистон зарурияти ташкил намудани музокироти байни тоҷикон ба миён омад, ки вай аз 5-19 апрели соли 1994 сар шуда, дар 8 давра гузаронида шудааст.

17 сентябри соли 1994 дар Теҳрон созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва қатъи дигар амалиёти душманонона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар дар давраи гуфтушунид ба имзо расид. Кулли шаҳрвандони Ҷумҳурӣ қабули чунин хуҷҷатро дастгирӣ намуда, умеду боварӣ ҳосил карданд, ки роҳи сулҳ ба тариқи ҷиддӣ пеш гирифта шудааст.

23 декабри соли 1966 дар ш.Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Иттиҳоди Мухолифини тоҷик С.А.Нурӣ вохӯрда созишномае имзо кардаанд,ки тибқи он Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд. Комиссияи оштии милли аз 26 модда иборат буда, онро раиси ИТТ мухолифини тоҷик С.А.Нурӣ роҳбарӣ мекард. Дар низомномаи Комиссияи оташии миллӣ чунин омада аст: “Вазифаи комиссия ҳалли маҷмӯи проблемаҳои вобаста ба оштии миллӣ мебошад. Комиссия бояд муоҳидаҳоеро амали созад, ки дар ҷараёни музокироти тоҷикон ба даст омадаанд, вай бояд ба фароҳам сохтани муҳити боварӣ ва бахшидани гуноҳҳои ҳамдигар  мусоидат номояд, инчунин гуфтушуниди васеи қувваҳои гуногуни сиёсии мамлакатро барои истиқрор ва таҳкими созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба роҳ монад. Комиссия дорои мақоми муваққатӣ мебошад. Вай фаъолияташро баъди ташкили парлумони нав ва мақомоти роҳбарикунандаи он қатъ мушавад”.

Комиссияи оштии миллӣ чор зеркомиссия роҷеъ ба масъалаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, гурезаҳо ва ҳуқуқиро дар бар мегирифт. Музокироти байни тоҷикон 40 моҳ тӯл кашид, вале мутаасифона, дар давраи ҷанги мусаллаҳона хомӯш нашуда буд. Яке аз муваффақиятҳои кори комиссия аз он иборат буда, ки вай  бо иштироки бевоситаи СММ, Созишномаи аминят ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди давлатҳои мутақил(ИДМ), Кумитаи байналмиллали Салиби Сурх (КБСС), Созмони Конфронси Исломӣ (СКИ) ва дигар ташкилотҳои байналхалқи мамлакатҳои ба мо  дӯст, чун Россия, Афгнистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон гузаштааст.

 

Мирхолиқова Д.С

ДПДТТХ

 

 

Давлату Ҳукумати кишвар бо талоши зиёде барои интихоби равиши зиндагонии шоиста камари ҳиммат баста, барои мардум ва некӯаҳволии онон кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд, то мардум аз чизе танқисӣ надошта бошанд.

Миллати тоҷик ҳамин қудрату тавоноиро дорост, ки мо бояд аз ифтихори баланду сарфарозии беш шукронаи онро кунем, зеро тавре, ки дар боло қайд кардам ин озодиву ободӣ моро дар зиндаги нусрат додааст.

Мусаллам аст, ки ҷаҳони имрӯза паи ҳар гуна сиёсатбозиҳои бемаънист. Аз ин ҷост, ки ҳар кадоми моро зиракии сиёсӣ мебояд, то ба тӯҳмату дурӯғҳои тарафҳои мухолифони миллат гирифтор нагардем. Зеро чунин нафарони нохалаф ҳамеша дар нияти нобуд кардани ин сарзамин буданд ва то имрӯз бо ҳар роҳу равиш мехоҳанд мақсади нопокашонро амалӣ созанд. Дастовардҳои бузурги миллатро нодида мегиранд, қаҳрамониҳои Пешвои миллатро намехоҳанд, мардумони орому дар фазои истиқлол зиндагонӣ карда истодаро ба иғво меангезанд, билохира чи коре хоҳанд, карда истодаанд. Вале як чизро бояд донанд, ки «давидани гӯсоларо то пеши каҳдон» гуфтаанд. Ин фирориён, ин назҳатиёни беимон то кай ба арзишҳои миллии мо зарба мезананд, гарчанде, ки мо ба ин иҷозат надода истодаем. Вале ин хоҳиши нопоки онҳоро ба наздиктарин фурсат барҳам хоҳем дод. Дар ҳамин радиф вазифаи ҷоноҷони ҳар кадом аз мардуми баору номуси миллат дар он аст, ки бо азму иродаи қавӣ, бо масъулияти ватандорӣ ва бо худогоҳии миллӣ, ба хотири ояндаи дурахшони миллати хеш дар пайрави аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, мо низ кушишу заҳмат намоем. Ин ватан, ин сарзамин хоки муқаддаси мост. Замине, моро сафо бахшидаву зиндагониамонро нусрат бахшид.

Ҳар яки пайравони наҳзатӣ, ки замоне аъзои азҳоби мамнӯъ гаштаи Тоҷикистон ТЭТ ҲНИ буд, то имрӯз аз ин кишвари олам ба дигараш бо фирор намуда аз гуноҳҳои хеш, ки ба ҳабс гирифта мешавад, дар ба дар гаштаанд. Айнан тавре худи намояндагони мухолиф қайд намудаанд, ҳеҷ кадом давлати дунё онҳоро ҳатто ба ҳайси паноҳанда низ ба кишварашон роҳ надодааст.

 

Мавлонова М.

ДПДТТХ

 

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту ҳашт сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуҷӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст.

Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту панҷ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Акнун – пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем: «Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем».

Душвортарин муаммои мо дар зарфи бист ҳашт сол ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият роҳбари давлат ҳамарӯза бо он машғул мешуд. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад.

Бинобар ин нахустин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, дариҷаи наҷотро низ дар он дарёфта буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энер­гетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқа­ворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, нақби Шаршар ва ғайра ба истифода дода шуданд. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар шавад.

Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифта истодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики аҳолияш мусалмон ва умуман ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханрониҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои аъзои Конфронси исломӣ, ҷонибдории шахсии сарвари давлати мо аз покизагии дини мубини ислом ва зарбаи сахт задани ӯ ба даъвогарони ҳамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегарданд.

Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тӯлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.

Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

 

 Набиева Д.Г.

ДПДТТХ 

 

Истиқлолият беҳтарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷикон аст, ки бисту нуҳ сол пеш муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷикон ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи бузург 9 сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон лаҳзаҳо то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддаси миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ин неъмати бузург, баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва тоҷикистониён овардааст.

Дар паҳнои замонҳо миллати мо дар раванди таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст.

Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, оламшумул, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту нуҳ сол қабл аз ин, нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо ба ҳисоб меравад.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ривоҷ ёфта, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Бинобар ин нахустин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва ҳадафи чаҳоруми Ҳукумати мамлакат ин саноатикунонӣ мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард, сохтани корхонаҳои хурду калон ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

То 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани беш аз чандин иншоотҳо дар назар аст. Тавассути истиқлол Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд.

Хулоса, мо бояд аз мамлакати ободу тинҷу оромамон ифтихор кунем ва барои боз ҳам машҳуртар гардидани он дар ҷодаи таълим, тарбия ва илм кӯшишу ғайрат намоем. Барои рушди маънавии донишҷӯён аз нуқта назари омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсиаи тафаккури техникии насли наврас чораҳои судманд дар раванди таълим андешем, зеро пешрафт ва шукуфоии ояндаи мамлакат ва ҳадафи чаҳоруми стратегӣ аз муҳандисон вобаста аст.

 

Раҳимов С.Ш.

ДПДТТХ 

 

Худоро шукр, ки мо соҳиби мустақилият ҳастем, Пешвои миллат, сарвари фархундасоз барои мо ҷавонон ғамхориҳои зиёд изҳор менамоянд ва мо кӯшиш менамоем, ки ҷавобан ба ин ғамхории ворисони арзандаи паҳлавонону мутафаккирони аҷдодони хеш мегардем ва бо заковату матонати мардонагии хеш руҳияи бадхоҳони миллатро шикаст дода, баҳри тараққиёт ва рушди кишвар беихтиёр тамоми қувваи худро сарф хоҳем намуд, кӯшиш намуда тавре кор мекунем, ки барои анҷоми амалҳои мухолифӣ ягон асос намонад.

Пешвои миллати тоҷик ҳанӯз аз оғози даврони мстақилии кишварамон таъмини амният ва оромиву осудагӣ миёни мардумони кишвар дар мадди аввали таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат қарор додааст. Ин аст, ки дар баробари дигар масоили ба ин муаммо вобаста аз рафти фаъолияти кормандони мақомтҳои дахлдор натиҷгирӣ карда шуд, ки имрӯз сифати кор ва натиҷаи ба даст омада, ҳукумати кишварро маҷбур сохтааст, то ба хотири рафъ намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои пешгирикунандаро биандешад.

Ҳар яки пайравони ташкилотҳои ҷангҷӯю моҷарогар, ки замоне аъзои азҳоби мамнӯъ гаштаи Тоҷикистон ТЭТ ҲНИ буд, то имрӯз аз ин кишвари олам ба дигараш бо фирор намуда аз гуноҳҳои хеш, ки ба ҳабс гирифта мешавад, дар ба дар гаштаанд. Айнан тавре худи намояндагони мухолиф қайд намудаанд, ҳеҷ кадом давлати дунё онҳоро ҳатто паноҳанда низ ба кишварашон роҳ надодааст.

Дар зарфи қариб си соли соҳибистиқлоли мо ба шарофати заҳмати софдилонаи Пешвои муаззами миллатамон ва халқи босаодат дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

Қайд кардан бамаврид аст, ки анҷоми ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон буд, ки аз ҷониби сарвари дурандешамон амалӣ гардида истодааст. Аллакай имрӯз тамоми мардми шарафманди тоҷик бо дарки масъулияти баланд, ҳис менамоянд, ки озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ мебошад.

 

Қосимов А.А.

ДПДТТХ