ПРАЗДНИК, КОТОРЫЙ... НЕ ВАШ!

(Заметки на полях Форума ОБСЕ в Варшаве)

Каждый год ребята из "Альянса" Кабири - мальчики бритые и не бритые, девочки с хиджабом и без - с нетерпением ждут праздника в Варшаве - Форум ОБСЕ по правам человека. Для них это самый любимый праздник.

Ватан – Модар. Ватан маконест, ки дар он тавлид мегардӣ, чашм ба олами ҳастӣ во мекунӣ. Ватан – мояи ифтихор, нангу номус, шаъну шараф ва обрӯю эътибори мост. Ватан мавзеест, ки бори аввал бо чашми сар онро дидему аз обшоронаш нӯшидему аз меваҳои шаҳдбораш ком ширин кардаем ва аз сабзаву майсазораш чашмро лаззат додаему дилро фараҳ бахшидаем.

Ватани моро, ки сарватҳои бебаҳои зеризаминӣ дорад, Тоҷикистон меноманд ва он ҳамешабаҳор асту биҳиштосо. Пас чӣ тавр метавонем ба он пой гузорем, мардумашро озор диҳему ҷавонони ин мавзеи ҳамешабаҳорро бо як рафтори ношоистаамон, бо дағаливу носипосиамон аз дунё маҳрум созем? Чунин тоифагон будаанд.  Поси шаб хоинони Ватан бо рафтори шайтониашон ҷони чанд ҷавони ҳоло ба олами ҳастӣ нахуст қадамҳои устуворона гузоштаро буғӣ карданд. Онҳо пеш аз ҳама фикри онро накарданд, ки “ман, ки бар манфиати худ рафтор намуда истодаам, аммо агар чунин ҳолро нисбати ҷигарбандони ман кунанд, ҳоли ман чи мешавад?”

Модарони онҳо синачоканд. Чунин шайтонсифатон мисоли даррандаанд, балки ҳайвони бадқаҳру бадҷаҳланд, ки навниҳолони ҳаётро ба қатл мерасонанд. Аз оқибати кори худ, аз оқибати рафтори худ андешае накарданд.

Чунин тоифагон инчунин тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷор мезананд, бардурӯғ ҳарф мезананд. Ватангадоҳои замонанд чунин тоифагон.

Шукри даврон, ки ба рӯзҳои нек расидем. Ватани соҳибистиқлоли мо ба комёбиҳои назаррас расида истодааст, ватанамон рӯз аз рӯз обод шудаву саноат рушд ёфтаву соҳаҳои иҷтимоӣ муваффақиятҳои беназирро соҳиб гаштаанд.

Имрӯз аз чунин Ватану ватандорон бояд ифтихор кард. Шукри замонро карда, аз як гиребон сар бароварда, баҳри насли имрӯзин мулки аз ин ҳам ободу хуррамро бояд вогузорем, то ин ки ватандорони оянда ливои парафрохтаи моро болотар бардоранд. Мо мисоли шохобҳои як рӯд, мисоли фарзандони як модар бо ҳам муттаҳид гашта, баҳри гул-гулшукуфоии Ватани ҷоноҷонамон ҷидду ҷаҳд намоем.

 

Замира Ҷ.

ДПДТТХ  

 

 

 

 

Ҷавонони мо бояд аз наслҳои гузаштаамон илҳом бигиранд ва пайрави онҳо бошанд, чунки миллати тоҷик хеле шахсиятҳои бузург дорад, ба монанди: Абуабдуллоҳ Рудакӣ, Абуали ибни Сино, Умари Хайём, Имом Абуҳанифа, Абулқосим Фирдавсӣ, Имом Бухорӣ, Бобоҷон Ғафуров ва садҳои дигар.

Хизматҳои ин шахсиятҳои бузург на танҳо ба миллати мо, балки ба дигар халқиятҳо ва ҳатто ба тамоми башарият расиддаст. Масалан китобҳои Абуалӣ ибни Синоро тамоми табибони дунё истифода мебаранд, Абуабдуллоҳ Рудакӣ сардафтари адабиёти тамоми форсизабонони дунё мебошад, мисраҳои Саъдӣ дар болои дари Созмони Миллали Муттаҳид, ки қариб 200 давлати дунё аъзои ин созмон мебошанд ва ин созмон созмони бонуфузтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад, навишта шудааст. Имоми Аъзам соҳиби мазҳаби мо, ки қариб 60 фоизи мусулмонони дунё пайрави ин имоми бузург мебошанд, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст. Имом Бухорӣ муаллифи китоби Саҳеҳи Бухорӣ мебошад, ки ин китоб муътабартарин китоб баъди Қуръони Карим аст ва тамоми донишгоҳҳои исломии дунё аз он истифода мебаранд.

Пас имруз айб аст, ки ҷавони тоҷик яъне наберагони ин шахсиятҳои бузург ҷоҳилу бесавод бошаду ба ҳар хел ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб дохил шуда, гумроҳ шаванд.

Мо ҷавонон имрӯз дигар наметавонем Сино, Рудакӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ғафуров бошем, аммо мо метавонем мисли онҳо шавем. Яъне аз мероси илмӣ ва ашъори пурғановати ин бузургонамон истифода бурда, мо метавонем Сино, Рудакӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ғафурови замон бошем.

Имрӯз, ки асри 21, асри илму теника ва технология мебошад, мо ҷавонон бояд фарҳанги техникӣ дошта бошем, яъне барои пешрафти илму техника саҳмгузор бошем.

Интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро боманфиъат истифода барем, на барои сарфи беҳудаи вақту бар зарари худ.

Фарҳанги тоҷиконаи худамонро ҳам дар либоспӯшӣ, ҳам дар ахлоқ ва ҳам дар фарҳанг гум накунем. Мо кӯшиш намоем, ки фарҳанги худамонро ба дараҷаи аъло расонем ва дигарон ба мо тақлид кунанду пайрав шаванд. Яъне фарҳанги волои худамонро ба дигар миллатҳо муаррифӣ намуда, паҳн намоем.

Хулоса, ҷавонон коре кунанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ватани азизамонро дар ин замони пурҳассос пуштибонӣ кунанд ва ба давлати муттарққии ҷаҳон табдил диҳанд. Ҳамаи ин бо роҳи илму дониш, амалӣ намудани он ва ахлоқи хуби инсонӣ ба даст оварда мешавад.

Дар мавриди масъалаи таҳияи пешниҳодҳо ва масъалагузориҳо барои таъмини рушди устувори кишвар дар оянда мо бояд хеле зиёд тафаккур намоем. Барои он ки кишвари мо рушди устувор кунад аввал бояд ба қадри он дастовардҳое, ки истиқлолияту ваҳдат ба мо дод расем то аз даст наравад.

Барои он ки аз даст наравад пеш аз ҳама ба ин неъматҳо шукрона бояд кард. Шукронаи фақат ба забон гуфтан не, зеро фақат ба забон шукр гуфтан ин шукри комил ҳисобида намешавад. Мо бояд ҳадафи ин неъматҳоро, ки Худо додааст фаҳмида онҳоро бо ҳадафҳои хуб истифода барем бар акси он истфода бурдан ношукрӣ мебошад. Шукр куни неъматат афзун шавад, вар накунӣ аз кафат берун шавад.

Ду неъмати аз ҳама бузург аст, ки мо бояд ба қадри он расем тани сиҳат ва хотири ҷамъ ва ин ҳар ду бо сулҳу ваҳдат ва тинҷиву амонӣ вобастагии калон дорад. Истиқлолияту ваҳдат ба мо ин неъматҳои бузургро дод мо бояд ҳам бо забон ва ҳам бо амал ба қадри он расему кӯшиш кунем то аз даст наравад.

Ҳангоми ба қадри ҳамаи инҳо расидан ва хуб амал кардан рушди устувори кишвар дар оянда таъмин мегардад.

Бо вуҷуди ин ҳама боз хоиноне ёфт мешаванд, ки бар ватани худ хиёнат мекунанд ва ба қадри ин қадар неъматҳо намерасанд мисли Ҳоҷи Ҳалим ва ҳаммаслаконаш. Хиёнат ба ватан ва тафриқаву фитнаандозӣ гуноҳи азим ва нобахшиданӣ аст. Боз ин гуна шахсон худро боимону боахлоқ меҳисобанд. На чунин нест зеро шахси боимон ватанашро дӯст медорад ва ба ватан хиёнат намекунад. Борои он, ки дар ҳадисе омадааст, ки дустдоштани ватан аз имон аст.

Давлате, ки миллати тоҷик баъди ҳазор сол бо ин қадар заҳматҳои бениҳоят зиёди фарзандони фарзонааш ба мисли Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон ба даст овардааст ба он хиёнат кардан, монеъи рушду тараққиёти он шудан ва ҳатто барои пешрафти он кӯшиш накардан низ аблаҳӣ ва ҷоҳилию гумроҳӣ аст.

 

Ашӯров С.

ДПДТТХ

 

 Мо донишҷӯёни ДПДТТ дарк мекунем, ки дар рӯзҳои охир «рақибони сиёси»-и кишварамон бо суръати том бо Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон гӯиё «ҷанги иттилоотӣ» оғоз кардаанд. Ва дар ин росто демократия ва ҳуқуқу озодиро ливои худ намудаву ҳамадам сухан аз демократия мезананд (ҳарчанде, ки пештар онро низоми нодуруст меҳисобиданд) ва худро ҳомии тамоми мардуми Тоҷикистон метарошанд. Навиштаҳо ва гуфтаҳои онҳо асоси воқеӣ надошта танҳо обро лой намудани моҳӣ доштан аст.

Мардуми Тоҷикистон пайомадҳои гирдҳамоӣ ва озодихоҳии ин зумра “уламоро”, ки солҳои наваддум аз “хоби гарон” хеста буданд, нағз дар ёд дорад, ки он то чӣ андоза мамлакатро аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фалаҷ гардонду ҳазорҳо мардумро хонахароб кард.

Имрӯз онҳо мехоҳанд, ки он сенарияи фаромӯшшударо аз сари нав амалӣ намоянду дар аснои бесарусомониҳо озодона нақшаҳои тарҳрезинамудаашонро дар амал татбиқ намоянд.

Имрӯз онҳо мехоҳанд, ки худро ҳамчун алтернативаи ягона ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Аз ин хотир тамоми айбҳои будаву набударо бар сари ҳукумат бор кардаанд ва худро калиди ҳалли ин мушкилот меҳисобанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки аз гуфтан то амалӣ намудан ҳазорҳо фарсах аст. Дар солҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолият доштанд ба ҷуз аз гуфтор барои Тоҷикистон чӣ намуданд, ки акнун аз Аврупо?

Мо насли ҷавони Тоҷикистон бо дарки он ки ватани моро ба ҷуз мо каси дигар обод намекунад, ба тафриқа аз Шумо, на гуфтори беҳуда балки амалро пешаи худ намуда, мекӯшем, ки дар ҳама ҷода

идоракунии мамлакат, истеҳсолот, хоҷагии қишлоқ, варзиш, санъат ва ғайра мавқеи худро дарёфт кунем ва дар он мавқеъ баҳри беҳбудии ватан меҳнат намоем, зеро Ватандорӣ ба кирдор аст, на гуфтор!

 

Ба хотири оромиву субот, ваҳдати миллӣ бунёди давлати ягонаву иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои он дар ҷомеаи мо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат мардуми тоҷик имрӯз хушиқболу босаодат зиндагонии орому осударо паси сар мекунанд. Ба ҳамин хотир ҳифзу нигоҳдошти зарраи хоки Ватан қарзи ҳар як шаҳрванди баору номус ва поквиҷдонаш аст.

Давлату Ҳукумати кишвар бо талоши зиёде барои интихоби равиши зиндагонии шоиста камари ҳиммат баста, барои мардум ва некӯаҳволии онон кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд, то мардум аз чизе танқисӣ надошта бошанд.

Мо медонем, ки дар баробари ин ҳама заҳмату талошҳои бевосита дар кишвар бархе нерӯи сохтае пайдо шуда истодаанду ҷавонони моро ба ташкилоти ифротии худ мегараванд. Дар ҳамин раванд вазифаи мо аз он иборат аст, ки бояд худро шиносем ва гузаштагони худро шиносем, ки онҳо хело Ватандӯсту зиррак буданд ва манфиатҳои миллиро аз манфиати хеш боло медиданд.

Ин ватан, ин сарзамин хоки муқаддаси мост. Замине, моро сафо бахшидаву зиндагониамонро нусрат бахшид.

Мо халқи тоҷик ба он мухолифоне, ки зидди мо тӯхмат мезананд, бори дигар иброз медорем, ки ҳар кадоми мо ҷонибдори сулҳу субот дар ҷаҳон буда, терроризм ва экстремизмро қатъиян маҳкум менамоем.

       Имрўз вазифаи ҳар яки мо калонсолон аз он иборат аст, ки ҷавонон ва насли наврасро дар рўҳияи ҳушёрии сиёсӣ, ҳуввияти миллӣ, худшиносию миллатдўстӣ тарбия намуда, ба онҳо фаҳмонем, ки ҳеҷ неъмату сарват болотар аз ваҳдату сулҳу озодӣ нест.

Ман ба ҳамаи мардумони ҳушёру зирак ва масъулиятшинос гуфтаниам, ки асло ба суханони ин фиребгарону хиёнаткорон бовар накунанд.

 

Рашидов Н.

ДПДТТХ