Шукри даврони истиқлолият аст, шукри сулҳу субот ва якдиливу якзабонӣ, ки мардумони миллати мо соҳиби фарҳанги бойи адабиёту санъат ва дигар арзишҳои миллӣ ҳастанд ва бисёр мехоҳам қайд намоям, ки нафарони зиёде ба хотири муқаддас доштани ин мамлакат корҳои хотирмонеро паси сар намудаанд ва як анъаноти некеро ба имрӯзиён ҳадя сохтаанд.

Сарафрозем, ки мо соҳиби мустақилият ҳастем, Президенти кишвар, сарвари фархундасоз барои мо ҷавонон ғамхорихои зиёд изҳор менамоянд ва мо кӯшиш менамоем, ки ҷавобан ба ин ғамхории ворисони арзандаи паҳлавонону мутафаккирони аҷдодони хеш мегардем ва бо заковату матонати мардонагии хеш руҳияи бадхоҳони миллатро шикаст дода, баҳри тараққиёт ва рушди кишвар беихтиёр тамоми қувваи худро сарф хоҳем намуд, кӯшиш намуда тавре кор мекунем, ки барои анҷоми амалҳои мухолифӣ ягон асос намонад.

Мардуми шарифи Тоҷикистонро лозим аст, ки ҷонибдории давлатдории демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаи худ бошанд, барои ҷомаи амал пӯшидаи орзуҳои ҳазорсолаи миллат ва рӯй ба инкишофу пешравӣ овардани Ватани азизамон, ки хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, бо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгарон ва радикалии динӣ муборизаи беамони худро эълон доранд.

Наҳзатиҳоро мебояд, ки ба ин дурӯғу васвасаҳои бемаънои худ ва ҳамнишинонат хотима диҳанд, то чакрае аз дараҷаи инсонияташон осор монад ва агар ин корро карда натавонистанд, пас бидонанд, ки ин ҳаёту зиндагӣ аз они нохалафон нест, зеро хиёнати ватан худ норшукронро беватан мекунад. Агар нону намаки Ватан хостед, онро пос медоштед, арзишҳои он ва ахлоқи ватандориро гироми медоштед. Огоҳ бошед, ки ин макон, ин зарраи ихок азони онҳое, ки соҳибватананд на хиёнаткор.

 

Мавлонова М

 ДПДТТХ

Масъалаи  шомилшавии  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ  ва ифротгарою тундрав имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро баташвиш овардааст. Бисёр ташкилоту ҳаракатҳои экстремистӣ таъсис ёфтаанд, ки дар ин ё он давлат зуҳур намуда, ҷавонони соддаю ноогоҳро ба доми фиреби худ мекашанд.  Афсӯс, ки дар байни онҳо шаҳрвандони ҷумҳурии мо ҳам ҳастанд. Аз ҳамин лиҳоз барои мухолифони кишвар, ки бо ҳар гуна суханони авомфиребона суи мардуми мо тӯҳмат мезананд гуфтаниам, ки ҳар мухолифе бар зидди қоидаву қонуниятҳои кишвар амал карда бошад, карда аст. Ин барои кори касе ва ба миллате монеа набуд.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик аз азал бомаданияту бофарҳанг ва меҳандӯсту Ватанпарвар буд. Қаҳрамонҳое дошт, ки  ба хотири ояндаи миллати худ, машаққатҳои зиёд кашида буданд, яъне имрӯзи моро бар ивази ҷони хеш хариданд. Муҳимтар аз ҳама мо озоду соҳибиқболем. Ва Истиқлоли давлатиро дорем.

Пешвои муаззами миллат бошанд, сарвари арзандаву оқили кишвари мост. Сарваре, ки умри миллатро наҷот бахшидаву халқро ба озодӣ бароварда. Мардумони дар замони ҷанг гурезаро аз хоки Афғонистон баргардонида ва ба зиндагониашон саодат бахшиданд. Ва хушбахтиовар он аст, ки бо нисори чунин ғамхориҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо нафар фарзандоне, ки ҳамроҳи волидон ба хоки миллати ҷангзадаи Суриёву Ироқ пайвастаанд, бо ташаббусҳои башардӯстонаву меҳрубонона ба Ватан баргардониданд.

Дар хамин радиф вазифаи ҷоноҷони ҳар кадом аз мардуми ба ору номуси миллат дар он аст, ки бо азму иродаи қавӣ, бо масъулияти ватандорӣ ва бохудогоҳии миллӣ, бахотири ояндаи дурахшони миллати хеш дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, мо низ кушишу заҳмат намоем.

 

Рашидов Н. Ҷ.

ДПДТТХ

Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан омадем.

                                             Ҷалолиддини Румӣ

 

Аз ин мисраҳои Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ бармеояд, ки одамият бояд бо ҳам муттаҳид бошад, яъне дар зери ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунад на дар тафриқаву ҷудоиандозӣ. Мавлоно мегӯяд, ки мақсади ба дунё омадани мо барои васл кардан, муттаҳид кардан, ваҳдат кардан ва дусту бародар зиндагӣ намудан мебошад. Ингуна зиндагӣ кардан ба мардум бахт меорад, баръакси он бошад рӯзи сахт меорад.

Мардумро ба гуруҳҳо ҷудо намудан, тафриқа андохтан ва фитна барпо намудан ин бузургтарин гуноҳ ба ҳисоб меравад.

Ду неъмати аз ҳама бузург аст, ки мо бояд ба қадри он расем тани сиҳат ва хотири ҷамъ ва ин ҳар ду бо сулҳу ваҳдат ва тинҷиву амонӣ вобастагии калон дорад. Истиқлолияту ваҳдат ба мо ин неъматҳои бузургро дод мо бояд ҳам бо забон ва ҳам бо амал ба қадри он расему кӯшиш кунем то аз даст наравад.

Ҳангоми ба қадри ҳамаи инҳо расидан ва хуб амал кардан рушди устувори кишвар дар оянда таъмин мегардад.

Бо вуҷуди ин ҳама боз хоиноне ёфт мешаванд, ки бар ватани худ хиёнат мекунанд ва ба қадри ин қадар неъматҳо намерасанд мисли Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳаммаслаконаш. Хиёнат ба ватан ва тафриқаву фитнаандозӣ гуноҳи азим ва нобахшиданӣ аст. Боз ин гуна шахсон худро боимону боахлоқ меҳисобанд. На чунин нест зеро шахси боимон ватанашро дӯст медорад ва ба ватан хиёнат намекунад. Борои он, ки дар ҳадисе омадааст, ки дуст доштани ватан аз имон аст.

Давлате, ки миллати тоҷик баъди ҳазор сол бо ин қадар заҳматҳои бениҳоят зиёди фарзандони фарзонааш ба мисли Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон ба даст овардааст ба он хиёнат кардан, монеи рушду тараққиёти он шудан ва ҳатто барои пешрафти он кӯшиш накардан низ аблаҳӣ ва ҷоҳилию гумроҳӣ аст.

Ҷавонони мо бояд аз наслҳои гузаштаамон илҳом бигиранд ва пайрави онҳо бошанд, чунки миллати тоҷик хеле шахсиятҳои бузург дорад, ба монанди: Абуабдуллоҳ Рудакӣ, Абуали ибни Сино, Умари Хайём, Имом Абуҳанифа, Абулқосим Фирдавсӣ, Имом Бухорӣ, Бобоҷон Ғафуров ва садҳои дигар.

Ин шахсиятҳои бузург хизматашон на танҳо ба миллати мо, балки ба дигар халқиятҳо ва ҳатто ба тамоми башарият расиддаст. Масалан китобҳои Абуалӣ ибни Синоро тамоми табибони дунё истифода мебаранд, Абуабдуллоҳ Рудакӣ сардафтари адабиёти тамоми форсизабонони дунё мебошад, мисраҳои Саъдӣ дар болои дари Созмони Миллали Муттаҳид, ки қариб 200 давлати дунё аъзои ин созмон мебошанд ва ин созмон созмони бонуфузтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад, навишта шудааст. Имоми Аъзам соҳиби мазҳаби мо, ки қариб 60 фоизи мусулмонони дунё пайрави ин имоми бузург мебошанд, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст. Имом Бухорӣ муаллифи китоби Саҳеҳи Бухорӣ мебошад, ки ин китоб муътабартарин китоб баъди Қуръони Карим аст ва тамоми донишгоҳҳои исломии дунё аз он истифода мебаранд.

Пас имруз айб аст, ки ҷавони тоҷик яъне наберагони ин шахсиятҳои бузург ҷоҳилу бесавод бошаду ба ҳар хел ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб дохил шуда, гумроҳ шаванд.

Мо ҷавонон имрӯз дигар наметавонем Сино, Рудакӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ғафуров бошем, аммо мо метавонем мисли онҳо шавем. Яъне аз мероси илмӣ ва ашъори пурғановати ин бузургонамон истифода бурда, мо метавонем Сино, Рудакӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ғафурови замон бошем.

Имрӯз, ки асри 21, асри илму техника ва технология мебошад, мо ҷавонон бояд фарҳанги техникӣ дошта бошем, яъне барои пешрафти илму техника саҳмгузор бошем.

Интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро бо манфиъат истифода барем, на барои сарфи беҳудаи вақту бар зарари худ.

Фарҳанги тоҷиконаи худамонро ҳам дар либоспӯшӣ, ҳам дар ахлоқ ва ҳам дар фарҳанг гум накунем. Мо кӯшиш намоем, ки фарҳанги худамонро ба дараҷаи аъло расонем ва дигарон ба мо тақлид кунанду пайрав шаванд. Яъне фарҳанги волои худамонро ба дигар миллатҳо муаррифӣ намуда, паҳн намоем.

Хулоса, ҷавонон коре кунанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ватани азизамонро дар ин замони пурҳассос пуштибонӣ кунанд ва ба давлати муттарққии ҷаҳон табдил диҳанд. Ҳамаи ин бо роҳи илму дониш, амалӣ намудани он ва ахлоқи хуби инсонӣ ба даст оварда мешавад.

Дар мавриди масъалаи таҳияи пешниҳодҳо ва масъалагузориҳо барои таъмини рушди устувори кишвар дар оянда мо бояд хеле зиёд тафаккур намоем. Барои он ки кишвари мо рушди устувор кунад аввал бояд ба қадри он дастовардҳое, ки истиқлолияту ваҳдат ба мо дод расем то аз даст наравад.

Барои он ки аз даст наравад пеш аз ҳама ба ин неъматҳо шукрона бояд кард. Шукронаи фақат ба забон гуфтан не, зеро фақат ба забон шукр гуфтан ин шукри комил ҳисобида намешавад. Мо бояд ҳадафи ин неъматҳоро, ки Худо додааст фаҳмида онҳоро бо ҳадафҳои хуб истифода барем бар акси он истфода бурдан ношукрӣ мебошад. Шукр куни неъматат афзун шавад, вар накунӣ аз кафат берун шавад.

 

 Ашуров С.

ДПДТТХ

Ба хотири оромиву субот, ваҳдати миллӣ бунёди давлати ягонаву иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои он дар ҷомеаи мо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Агар ташкилотҳои динӣ дар доираи қонун барои озодӣ ва ҳуқуқҳои динӣ фаъолият баранд, ҳаргиз монеа эҷод намешавад. Вале, мутаассифона, баъзан қувваҳои рўи кор меоянд, ки зери ниқоби ҳомии дини мубини Ислом, ғаразҳои сиёсию идеологии худро амалӣ кардани мешаванд, ҷавонон, занонро раҳгум занонидан мехоҳанд ва ба ҳамин сабаби нооромии ҷомеа, халалдоршудани амнияти ҷамъиятӣ ва миллӣ мегарданд.

Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби мо талош мекунад, ки муттаҳид намудани тамоми гурўҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишварро ҳадафи асосӣ қарор диҳад. Асос ҳамин Ваҳдат аст. Миллати тоҷикро худшиносию таҳаммулпазирӣ ба хушбахтию саодат овард.