Тоҷикон аз аҳди қадим то ба имрӯз миллати соҳибтамаддуну бофарҳанг, озодихоҳ, сулҳпарвар, бунёдкор, инсондӯст буду ҳаст ва хоҳад монд. “Рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек” шиори гузаштагони мо буд, ки имрӯз низ маънӣ ва моҳияти худро дар замони соҳибдавлатӣ,  соҳибистиқлолӣ гум накардааст.

Мутаасифона ҷомеаи имрӯзаро гурӯҳи ифротгароён халалдор месозанд, зери ниқоби ислом амал карда хуни мардуми бегуноҳро мерезонанд. Ифротгароӣ-роҳ ба сӯи гумроҳӣ мебарад. Ифротгароӣ дар кадом шакле, ки набошад- динӣ ё дунявӣ онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Ифротгароӣ, эктремизму терроризм асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон карда ба амнияти ягон минтақа ё тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳам ҷомеа ва ҳам давлат мубориза баранд. Фаҳмиши зарурати дар ҷомеаи тоҷик баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқи фарҳангӣ муҳим аст. Арзиши ҳуқуқи инсон ва таҳаммулро мардуми мо бояд пешаи ёрии худ донанд, бо ин роҳ мақоми иҷтимоии худро бифаҳманд, муноқиша ва низоъҳоро тавассути роҳҳои ҳуқуқӣ ва ба таври осоишта ҳал карда тавонанд.  Ҳамин роҳ мардумро ба муқобили ифротгароӣ хуб тайёр мекунад.

Ислом дини ифротгаро нест. Исломро бояд ба маънии аслиаш шинохт, зеро ки дини мубини ислом дини покӣ, росткорӣ, худотарсӣ буда пайравони худро ба покӣ, ҳақиқат, адолат ва ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу ваҳдат ҳидоят мекунад. Лекин мутаассифона аксарият мансабталошону ифротгароён исломро бозичаи сиёсӣ гардонида, мардумро ба гумроҳӣ меандозанд. Касоне, ки тасдиқ ба дил, иқрор ба забон, амал ва аҳкому аркони дин ва қабули анбиё алайҳиссалом ва дигар аҳкоми шариатро доранд, метавон онҳоро инсони диндор номид. Мусулмонон бояд аз дини худ фахр намоянд. Дини мубини ислом ба ягон ҳизб ва ташкилотҳо пайравӣ намекунад ва ниёз надорад. Ислом бе имон ба даст намеояд. Ислом зуҳуроти ифротгароиро мақбул ва тарафдорӣ намекунад. Кирдори ваҳшиёна, қотилона ва хоинонаро маҳкум сохта, мардумро муттаҳид месозад, муқобили золимону ҷоҳилон аст ва ҳамаро ба баробарӣ ва бародарӣ даъват мекунад. Шахсоне, ки ба дини ислом пайравӣ мекунанд мусулмон меноманд, ки маънояш барпо кардани сулҳ аст. Шиори дини ислом бо сулҳу салоҳ зиндагӣ кардан ва байни ҳамдигар ҷангу ҷидол накардан аст. Аз ин лиҳоз дини исломро барпокунандаи сулҳу ваҳдат меноманд. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон сулҳу осоиштагӣ ва фазои оромӣ пойдор мебошад. Мо мардуми бошарифу бонанги тоҷик аз ин неъматҳои даврони истиқлолият шукргузорӣ намуда, бар зидди ҳама гуна ифротгароиву ноадолатӣ, терроризму экстримизм муқобил ҳастем ва намегузорем касе фазои сулҳу осоиштагии давлатамонро ноором созад.

 

Насулоев У.У.

ДПДТТХ

Наҳзатиҳои ватанфурӯшу беимон, ки носипосии хеш бар қадри Ватану ватандорӣ норасида, арзишҳои миллииамонро пушти по задан хостанд. Ҳазор аҳсант ба он давлатҳое, ки солҳои қабл ба халқи тоҷик, мардуми тоҷик, ба сулҳҷӯву сулҳпарвар будани ин миллати замоне азияткашида боварӣ ҳосил намуда, сарпарастии сулҳро ба ӯҳда гирифта ба ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанги бародаркуш хотима гузоштанд. Маълум буд, ки ҳатто ҳамон вақт бо тинати нопоки бархе аз одамон миллати мо гирифтори чунин бесару сомонаи гардид.   Пӯшида нест, ки имрӯз онҳо боз ба по хестаанду ҷои хешро надониста истодаанд. Мақсад  ва ҳадафҳо, ки гурӯҳҳои иртиҷои дар ниҳоди худ мепарваранд онҳоро бо мисолҳои возеҳ баён намуд, ки ягонагии онҳо дар вайрон намудани сохтори конститутсионии миллату халқиятҳо мебошанд. Аз ҷумла таъкид кардан бамаврид аст, ки   иштироки ҷавонони тоҷик дар ин ҷангҳо ягон маънои ҷиҳодро надорад. Танҳо дар зеҳну мафкураи онҳо бадбинӣ ва нотавонбиниро талқин месозанд. Исломро ба сиёсат омезиш медиҳанд, ки куллан хатост. Дар асл аъзоёни он мусулмонҳоро даъват менамоянд, ки Худоро ҳамеша ёд кунад ва аҳкоми шариатро василаи асосии кору зиндагии худ донанд. Аммо асли мақсади онҳо барпо намудани хилофат аст.

Мо мардуми саодатманди тоҷик чунин нафарони ифротию пайрав ба гурӯҳҳои терористӣ экстремистиро наҳоҳем бахшид, зеро онҳо хиёнаткори Ватан – Модар мебошанд.

Бузургони миллат ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар медонанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хоинонаи ашхоси хиёнаткорро маҳкум намуда, ба онҳо нафрат доранд. Ҳаром бод шири модар ба чунин ҷавонони маслакгумкарда.

Рафтори разилонаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз бархи ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарову ситезаҷӯ шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад. Хиёнаткорон ватан надоранд. Онҳо танҳо манфиати худро дар мадди аввал гузошта падару модарро дар охир танҳо мегузоранд. Ҷавонони раҳгумзадаву тираақл аслан на аз таълимоти ислом бохабаранду на аз сиёсати гурӯҳҳои манфиатхоҳ.

Давлатҳои исломии Ироқу Шом аслан макони терроризми ҷаҳонӣ ва барангезандаи хавфу хатари навбатӣ ба тамоми инсоният маҳсуб меёбад. Ҷавонони кишвар бояд воқиф бошанд, ки ДИИШ аз салафия сарчашма мегирад ва он соф террориятию ифротгаро буда, хилофи дини ислом аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихию фарҳангӣ ба арзишҳои динӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Мисоли равшани он бо забони адабии тоҷикӣ нашр шудани китоби муқаддаси Қуръон мебошад. Инчунин даҳҳо китобҳои динии дигар нашр шудааст, ки барои баланд шудани маърифти динии шаҳрвандони кишварамон мусоидат менамояд.  Ин мисолҳо далели онанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлоли давлатӣ тамоми шароитҳоро дар доираи қонун муҳайё намудааст, то мардуми кишварамон суннатҳои динии худро иҷро намоянд. Ҳамзамон ин ҳама далели муҳаббат ва эътиқоди баланду маҳками Президенти кишвар ба дини мубини ислом мебошад. 

Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро масъалаи доғ аст. бинобар он ҳар яки моро зарур аст, ки алайҳи ин амал мубориза барем.

 

Темурова М.Қ.

ДПДТТХ

Яке аз сабабҳои рӯ ба ифротгарӣ овардани ҷавонони имрӯза фиреб, надонистани қонун, бесаводӣ, хурофотпарастӣ, дониши пасти сиёсӣ, надоштани таҳсилоти олӣ ва дигар омилҳо мебошанд.

Бо вуҷуди ғамхориҳои пайвастаи  давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар тафаккури бархе аз наврасон ва ҷавонони имрӯза ифтихори ватанхоҳиву ватанпарварӣ хеле кам мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, барои аз байн бурдани ин зуҳурот бояд аз ҷониби ҳамаи доираҳо иқдом гирифта, барои баланд бардоштани тафаккур, худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ дар ниҳоди ҷавонон барномаҳои вижа роҳандозӣ карда шаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳо ва Паёму суханрониҳои худ ба масъалаи баланд бардошатни тафаккур, худшиносӣ ва ҳуввияти миллиро дар ниҳоди ҷавонон пайгирона дунболгирӣ мекунанд. Бинобар он зарур аст, ки омӯзиши асарҳо ва суханрониҳои Сарвари кишвар ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.

Имрӯз дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар бо мақсади нигоҳ доштан ва муҳофизат намудани дини мубини ислом аз ҳама гуна ғояҳои ҳаракату ҷараёнҳои номатлуб, ки динро таҳфиф мекунанд, аз тарафи олимону ходимони дин мавзӯъҳои ахлоқии диниро пайваста таҳқиқу баррасӣ намудан лозим аст.

Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.

Барои он ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд масъулияти баланди ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар дар байни насли ҷавон васеъ ба роҳ монда шавад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар ниҳоди онҳо парваридани ҳисси меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватан, нишон додани нақши харобиовару фоҷиабори номатлуби террористию экстремистӣ, баланд бардоштани зиракии сиёсии шаҳрвандон ва ғайра метавонанд, омилҳои муассистарини мубориза  ба муқобили равияҳои экстремистию террористӣ бошанд.

 

Нуриддинова З.

Ҳамаи мардуми равшанфикри дунё хуб дарк намудаанд, ки экстремизм ва терроризм чӣ гуна барои мавҷудияти башарият хатар дорад. Давлатҳои абарқудрат, ба монанди ИМА, Русия, Хитой ва дигарон такя ба боигарии худ карда, то ин ё он дараҷа бехатарии худро таъмин карда истодаанд. Ба фикрам барои чунин амалиётҳо маблағҳои хеле калон сарф мегардад. Бо вуҷуди ин, экстремистон амалиётҳои терористии худро дар ин давлатҳо гузаронида истодаанд, яъне пеши тероризм ва экстремизмро танҳо бо сарфи маблағи калон гирифта намешавад. Экстремистон пеш аз ҳама ба шуури инсон ҳар гуна идеологияҳои ифротиро ҷой мекунанд. Онҳо идеологҳои пурқувват доранд. Ғазабовараш он, ки аз китоби Қуръони бузург баъзе сураҳоро нодуруст маънидод карда, зери ниқоби ислом вайронкориҳои зиёд карда истодаанд.

         Бояд гуфт, ки давлати солим ва ҷомеаи солим мехоҳад ҳаёти хушу озодона дошта бошад. Ҳамин аст, ки барои ҷовидонии демократия дар кишвар талош меварзанд. Ва арзи чунин ташклотҳои террориистиву экстремистӣ ва ифротиро комилан маҳкум меанмоянд, зеро миллати тоҷик дар ҷаҳон танҳо ҷонибдори суботи воқеист.