Устуворӣ ва садоқати ҷавонон барои давлати навбунёд заминаи хуб мегузорад. Вале, шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.
Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд, ки давлати мо Тоҷикистон соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона аст. Дар баробари ин аксарияти мардуми Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом буда, дорои фарҳанги бой ва урфу одатҳои миллӣ мебошанд. Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад.

Бояд кайд кард, ки яке аз сабабҳои шомилшавӣ ба чунин гурӯҳҳо истифодаи телефонҳои мобилӣ ва интернет мебошад. Имрӯз мо зиёиён бояд ба ин гуна зуҳуроти нангин мубориза барем ва фарзандони худро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоем. Ба қадри Ватан - Модар бирасем ва арзишҳои миллии мардуми тоҷикро ҳифз намоем.

Мо аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро агар маҳкум накунем фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо зиёд хоҳад шуд.

Имрӯз вазифаи ҳар шаҳрвандаи баору номус аст, ки ба хотири пойдории миллати азизи худ талоош намояд, якпорчагии марзу бумро пос дошта, гироми шуморад.

Мавлонова М

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Таърихи зиндагии инсони гувоҳи он аст, ки дар ҳамаи давру замон ќишри пешрави ҷомеа – равшанфикрону зиёиён барои сохтани давлат ва ҷомеаи адолатпарвар, озодихоҳ, инсонгаро, мардумсолор ва ҳувиятсоз бо неруҳои муҳофизакор, истибдоди ва аќибмонда шадидан мубориза бурда, дар ин роҳи муќаддас ва ифтихорманд ҷонбозиҳо кардаанд.


Албатта, масири муборизот дар ҳавзаҳои сиёсию мадании башари якранг ва муштарак нест ва тарзу шеваи ибтикороти сиёси, фарҳанги, фикри ва иҷтимоии равшангарон тайи таърихи инсони, бо назардошти шароиту вазъ мутафовит аст.

       Мусаллам аст, ки зиёиён ва равшанфикрон бо ҷаҳолат, хурофот, таассуб, суннаписанди ва вопасгаройи, ки умдатан, бо иртиҷоъпарасти ва муҳофизакори тавъаманд (иртиҷойи --вежагии он ки ба ќавонин ва суннатҳои гузашта пойбанд аст ва бо дигаргуни ва пешрафти ҷомеа мухолифат мекунад, дар ҷиҳати ҳифзи вазъи гузашта мекўшад ва бар зидди низому усули нав ва мутараќќи талош меварзад – ниг.: Анвари Ҳасан. Фарҳанги кучаки Сухан. Ба сарпарастии Ҳасан Анвари. -Теҳрон: Сухан, 1383.-С.45; муҳофизакор – он ки тарафдори аќоид ва суннатҳои кўҳна ва мухолифи таѓйиру дигаргуни аст – ниг.: Анвари Ҳасан. Фарҳанги кучаки Сухан. Ба сарпарастии Ҳасан Анвари.-Теҳрон: Сухан, 1383.-С.925), ҳамвора дар муборизаву муќовимати шадид қарор гирифта, умдатан, алайҳи хурофотиёну мутаассибон мешӯранд. Ин шӯришу муќовимати ҳадафмандона хатти машши зиёиро аз табаќоти дигари иҷтимои  ҷудо мекунад. Роҳу масири ҳаракати зиёи дар ҳар давру замоне муайян ва мушаххас аст: ҳалли мушкилот ва масоили  фикри, аќидати, иҷтимои, фарҳанги ва сиёсии ҷомеа ва дар зимн, огоҳ кардани ҷомеа аз хатар ва вабои доимо таҳдидкунанда  –  хурофоту таассуби диниву дунявӣ. Дар ин амр зиёи бо гарави ҷон рисолати иҷтимои, фикри ва дар маҷмўъ, инсониашро сомон медиҳад.

       Мубориза боартишибузурги хурофотию ифротгаро ҷабҳаи муборизаи зиёиёни асили миллиро, чи дар гузашта ва чи дар шароити феъли ташкил дода ва медиҳад. Дар асрҳои миёна ҳавзаҳои дарсии файласуфони мутафаккирони миллӣ боиси огоҳмандии баъзе табақоти иҷтимоӣ ва як идда насли ҷавони ҷомеа гардида буд, вале муҳитҳои мадраси, ки дар онҳо улуми дуняви (фалсафа, таърих, адабиёт, табииёт, риёзиёт, ҳандаса, нуҷум, ҷуѓрофиё, кимиё ва амсоли инҳо) тадрис мешуданд, мавриди таҳоҷуми сиёси, мафкурави ва ҳатто физикии хушкандешони мазҳаби ќарор мегирифтанд ва таҳдиду фишори амиќ болои тоифаи ба истилоҳ, файласуфону ҳакимон, ки дар ќолаби зиёиёну бузургони милли инсиҷом меёбанд, ҷидди мушоҳида мешуд. Эътирозоту интиќодоти бузургони асримиёнагии милли, мисли Рўдаки, Даќиќи, Фирдавси, Ибни Сино, Носири Хусрав, Суҳраварди, Мавлоно Ҷалолуддини Балхи, Саъди, Ҳофиз ва дигарон, ки алайҳи хушкандешии мазҳаби сурат гирифта, фиребу найранги ононро рўйирост фош месохтанд, намунаи боризи муборизаи зиёиёни бумӣ дар таърихи милли маҳсуб меёбад. Бузургони милли дар таърих мисоли зиндаи шахсиятҳои мубориз алайҳи беадолатиҳои иҷтимои ва дини-мазҳаби буданд ва ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ нагузошта ва намегузоранд, ки ниҳоди ҷаҳолатписанд ормонҳои милли ва мардумиро зери по кунад ва роҳи тараќќиёту рушди инсониро бо муште хурофоту таассуби мазҳаби бубандад. Ба сухани дигар, ҳаракати зиёигарии миллӣ дар асрҳои миёна бо селаи хурофотиёни дини-мазҳаби муќовимат карданд ва тавассути пофишориҳои илми ва фарҳанги иҷоза надоданд, ки рўҳи илму дониш ва огоҳи шикаста гардад.

       Мутаассифона, имрӯз зуҳуроти хашини тундгаройии динӣ ва мазҳабӣ бо шаклу қолибҳои нав давлат ва ҷомеаҳои миллиро таҳдид мекунад. Муҳаќќиќон бар ин назаранд, ки зуҳуроти номатлуб ва хашини бунёдгаройи (фундаментализм), тундгаройи (радикализм), ифротгаройи(экстремизм) ва даҳшатафкани(терроризм) дар маҳрумиятҳои фикри, иҷтимои, иќтисоди ва фарҳанги реша дошта, ќишрҳои камфаъол ва камзарфияти иҷтимои ба ин гурўҳҳо шомил мегарданд ва дар натиҷа, миёни ҷомеа, бахусус ќишрҳои осебпазири иҷтимои зўроварию ҳуҷум, истибдод ва хушунаттавлид мекунанд. Аз ин рў, дар кишварҳои Шарќи мусулмони бештар масоили маҳрумиятҳо ва нобаробариҳои иҷтимои, иќтисоди, фикри ва моддию маънави матраҳанд ва бар мабнои он нафрату бадбини ва ифротгаройии дини-мазҳаби дар ҷомеа ташаннуҷ пайдо мекунад. Мафкураи истеъмории дини-мазҳаби дар ҷавомеи суннати хурофот ва таассубро барангехта, ба ин васила зеҳнсозиҳои дини матраҳ ва мутадовил мегарданд. Зеҳнсозиҳои дини-мазҳаби (ин гуна зеҳнсозиҳо, одатан бар мабнои бадбинию зўровариҳои иҷтимои сохта шуда, таассуб-фанатизми дини-мазҳабиро дар шакли шадид ва тундутез ривоҷ медиҳанд) тадриҷан вусъат намуда, паҳнои иҷтимоъро фаро мегиранд ва дар шакли террорҳои аќидати (мафкурави) ва ҷисмони буруз мекунанд. Мушкил инҷост, ки минбаъд бадбинию танофури дини-мазҳаби дар ҷомеа зеҳнсозӣ мешавад ва бинишҳои мардум ва табақоти иҷтимоиро шакл медиҳад. Бо мурури замон ин навъи бинишҳои хурофоти ва таассубӣ доираи нуфузро тавсеа мебахшанд ва аз як табақа ба табақаи дигари иҷтимоӣ интиќол меёбанд.

       Дар зимн, ифротгаройи ё ба истилоҳ экстремизм дар шароити феълии ҷаҳонишави ва ташаннуҷи бархўрдҳои дини-мазҳаби ва сиёсию тамаддуни  ба як анъанаи нописанд ва хушунатбор  табдил ёфта, дар кунҷу канори сайёраи замин, махсусан манотиќи гуногуни Шарќи мусулмони нооромию бесуботии сиёси, иҷтимои, иќтисоди ва фарҳангиро ба дунбол меоварад. Аммо ин нукта, аслан абарќудратони ҷаҳониро ба ташвиш намеоварад, баръакс, тибќи хоҳиш ва тарҳҳои сохтаи онҳо роҳандози мешавад ва натиҷатан, ба коми онҳо анҷом мепазирад. Дар ин замина, як нуктаро таъкид кардан ҳукми зарурат аст: ќудратҳои бузурги сиёси ҳамеша ба ҷомеаҳое иртибот мегиранд ва тарҳҳои сиёси роҳандози менамоянд, ки зарфиятҳои тангу маҳдуди иҷтимои, сиёси, фарҳанги, маърифати ва иќтисоди дошта, дастнигари дигаронанд. Ба сухани дигар, ҷомеаҳое, ки  ба гирдоби хурофту таассуби суннати ва дақиқтараш, «ҷаҳли мураккаб» гирифторанд, аз назари равони, ахлоќи, фарҳанги, сиёси сахт осебпазир буда, бо вазиши муќаррарии боди ҳангомаю тавтеа ваҳшонияташонро буруз мекунанд ва дар пайи даҳшат овардан, тахриб сохтан ва мутазалзил кардани давлатҳо ва ҷомеаҳо гом бармедоранд.

         Пурсиши ин ки “Чаро фундаментализм, терроризм, экстремизм ва радикализми дини дар кишварҳои Шарќи мусулмони реша давонда истодааст?”, метавонад посухҳои мухталиф дошта бошад. Агар, аз як тараф, баъзе қудратҳои ҷаҳони, ба хотири бароварда сохтани ниёзҳои сиёсию иқтисодӣ аз гурӯҳҳои террористӣ ба сифати бизнеси мувофиќ ва сердаромад корбаст кунанд, аз ҷониби дигар,аксари мусулмонони дунё аз назари огаҳи ва иттилоъ, маърифат ва биниш аќибмонда буда, донишу ҷаҳоншиносии онҳо бештар рўйи эҳсосу тасаввурот ќарор дорад. Ва, азбаски аксарияти ҷомеаҳои Шарқи мусулмонӣ зарфиятҳои маҳдуди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва эҷодӣ доранд, ғолибан таҳти таъсири ақидатии созмону гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ қарор мегиранд ва дар бунбасти маънавӣ ба сар мебаранд. Аз ин ҷост, ки дар сурати бурузи интиќодоти фикрию ақидатӣ, ки ба он ҳанўз ҷидди одат накардаанд, ҳассосият ва вокуниши шадид нишон медиҳанд. Ба ин далел, нахуст бояд механизмҳои ҷалби ҷомеаҳои ақибмонда ва вопасгароро ба низомҳои сиёсии дуняви ҷустуҷӯ ва пайдо кард. Танҳо дар сурати ворид гардидани ҷомеаҳои баста ва консервативӣ ба муҳитҳои муътадилу бози  иҷтимоӣ, эҷоди ва фарҳанги мушкилоти бурузи шадиди ҳассосияту эҳсосоти контролнашавандаи мазҳабиро коҳиш медиҳад ва роҳи ташаккул ва рушди тафаккури интиқодиро, ки бар мабнои истиқлоли фикрию эҷодӣ зуҳур мекунад, ҳамвор месозад.

       Шароити муосири сиёсӣ ва геополитикӣ аз насли зиёиёни асили тоҷик масъулиятмандӣ ва кори фаъоли шабонарўзиро таќозо менамояд, то сатҳи хатарҳои минтақавӣ ва глобалие, назири  ифротгаройӣ, тундгаройӣ ва даҳшатафкании дини-мазҳаби, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, коҳиш ёбад ва таваҳҳуми он баданаҳои иҷтимоиро сироят накунад. Махсусан, дар шароити давлатсозии миллӣ масъулияти зиёии тоҷик бештар мегардад, чаро ки душманони мафкуравӣ ва фурсатталабони дохилию хориҷӣ бар он талош меварзанд, ки ҷомеаи тоҷикро дар ҳоли карахтии фикрӣ ва бунбастҳои ақидатӣ нигоҳ доранд. Табақаи зиёӣ бошад, дар ҳамкории пайваста бо ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва пуштибонии иҷтимоӣ ҷомеаро аз дарун тағйири сифатӣ медиҳад ва ба пеш – ба сӯйи амалӣ сохтани ормонҳои миллӣ  раҳнамоӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, гузаштан аз назария ба амалия сарҳадафи кори равшанфикри дар шароити феъли мебошад. Он чи ки гуфта мешавад ва тарѓиб мегардад (манзур шиорзани ва назарияпардозии хушку холии як идда зиёиён аст), бояд сараввал дар зиндагии шахсии худи мо, амалан татбиќ гардад. Дар ҳоле ки мо, аксаран аз марзи назарияпардозӣ ба сарҳадди амалиягароӣ по наниҳодаем, мароми таѓйироти сифатии ҷомеа зери суол мемонад. Кор кардан бо ҷомеа, омўзиши ҳаматарафаи афкори иҷтимои, мушоҳида, таҷриба, дарёфти механизмҳои фаъолсозии иҷтимои, коркарди гузинаҳо (алтернатива)-и гуногун ҷиҳати ҳалли мушкилоти  иҷтимои, фикри, фарҳанги, равони, ахлоќи, сиёси-мафкурави силсилаи тадбирҳоеанд, ки бояд дар сархатти барномаҳои фикрӣ, эҷодӣ, ҳунарӣ ва мадании аҳли зиё ва фарҳанги кишвар қарор дошта бошанд.

Н. Нуров,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

 душанбе, 25 ноябри соли 2019, соати 17:33

 

 

 

 

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.[1]

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳиби истиқлолият шуданаш дар тадбирҳои муштараки мубориза зидди ҷинояткории трансмиллӣ ва муташаккилона фаъолона ширкат меварзад. Терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷиноякории трансмиллӣ ва муташаккилона аст. Тоҷикистони имрўза  ба истиқрори сулх ва созгории миллӣ комёб шудааст, амалиёти террористӣ бошад ба сулҳу оромии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ки ин ҷараёни бонизоми ислоҳотро халалдор месозад. Таҳлили сабабу шароити содир шудани амалиёти терроризм дар мамлакати мо нишон медиҳад, ки аксарияти онҳо дар заминаи экстремизми динӣ, ҳамчунин ба хотири расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ содир шудаанд. Терроризми ҳозира хусусияти байналхалқӣ касб кардааст. Ба ин баробар авҷ гирифтани амалиёти террористӣ дар минтақаҳои гуногуни кураи замин шаҳодат медиҳад. Вақтҳои охир ҷаҳон шоҳиди он гардид, ки террористони байналхалқӣ зери ливои экстремизми сиёсӣ ва таассуби динӣ таҷовузкорона ва фаъолона амал мекунанд.

Тоҷикистон тарафдори чунин нуқтаи назар аст, ки мубориза зидди терроризм яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа мебошад. Хавфи авҷ гирифтани терроризми байналхалқиро на фақат ҳамсояҳои мо дар минтақа, балки амалан тамоми ҷомеаи ҷаҳон баробар дарк намудааст. Дар ин вазъият андешидани тадбирҳои қатъиро ба таъхир гузоштан мумкин нест. Зимни ин баробари тақвият бахшидани фаъолияти зиддитеррористӣ ҳамдастию ҳамкории тамоми давлатҳоро қавӣ гардондан ва ба низом даровардан лозим аст. Вобаста ба ин дар мубориза зидди  ин зуҳуроти манфии ҳаёти байналхалқӣ ҷидду ҷаҳди муштараки тамоми давлатҳо зарур аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мубо­риза бар зидди терроризми байналмилалиро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини ам­нияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Мубориза бар зидди терроризм ба ошкор намудан, пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ногузирии ҷазо барои ҳама гуна ҷиноят, ҳифзи ҳуқуқи инсон ба амнияти шахсӣ, сарфи назар аз миллият, шаҳрвандӣ, эътиқоди динӣ, ақида ва нуқтаи назар равона гардидааст. Инчунин тибқи Созишномаҳои байналмилалӣ Ҷумҳу­рии Тоҷикистон вазифадор аст дар қаламрави худ ба фаъолияти террористӣ, ки муқобили манфиатҳои дигар давлатҳо ва шаҳрвандони онҳо нигаронида шудааст, роҳ надиҳад, ба тер­рористон паноҳгоҳ фароҳам наорад, низоми самарабахши муборизаро зидди маблағгузории терроризм таъсис диҳад ва таблиғоти террористиро пешгирӣ намояд.

Терроризми имрўза ба ман­фиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ташкил дода­ни низоми  ягона ва муосири мубори­за бар зидди терроризмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад.

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои хеш (ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар сатҳи байналмиллалӣ) доир ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм ақидаҳои худро иброз намудаанд. Аз ҷумла, дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2018,  суханронӣ дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014, суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рўзи милитсияи тоҷик соли 2018, суханронӣ дар конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Мубориза бар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ» соли 2000 дар Вена, суханронӣ дар сессияи Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид соли 2008 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералӣ – иштирокдорони ҷаласаи 28 – уми Шўрои ҳамохангсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 16 – уми прокуророни генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай соли 2018, суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзўи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» соли 2018 ва ғ.

Дар конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Мубориза бар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ», ки 14 апрели соли 2000 дар Вена баргузор гардида буд,  чунин иброз намуданд: «»Аз замоне, ки Тоҷикистон соҳиби истиқлолият шуд дар тадбирҳои муштараки мубориза алайҳи хавфи афзояндаи ҷинояткории трансмиллӣ оид ба терроризм ва гардиши маводи мухаддир фаъолона ширкат меварзад. Тоҷикистон ҳамчун мамлакате, ки амалан ба масъалаи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор рӯ ба рӯ омадааст ва ҷузъи ҷудонопазири ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ мебошад, барои ташаббусҳо ва иқдоми оқилона амал намуда, бар зидди терроризм мубориза бурда, алайҳи ин зуҳурот қатъиян талош меварзад ва саҳми худро гузошта истодааст. Терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷинояткории муташаккилона аст. Ҳоло, ки Тоҷикистон ба истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб шудааст ва бо роҳи эъмори давлати демократии дорои иқтисодӣ, бозоргонӣ пеш меравад, амалиёти террористӣ содир намудани қувваҳои муайяни душман ба сулҳу оромии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ки ин ҷараёни бонизоми ислоҳотро халалдор месозад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати зидди террористиро пеша кардааст, зеро дар рафти ҷанги шаҳрвандии соли 1992 фоҷеаи террористиро аз сар гузаронида, аз даҳшати он хуб хабардор мебошад. Эмомалӣ Раҳмон 3 апрели соли 2008 дар сессияи Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гардид, дар баромади худ қайд карда буданд: «Имрӯз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмиллалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад. Тоҷикистон нуқтаи назари онро, ки  мубориза  бар  зидди  терроризм, яке  аз  проблемаҳои  муҳимтарин, ки  имрӯз инсоният дучори он гардидааст, дастгирӣ  менамояд. Мо терроризмро  дар  тамоми  шаклҳо  ва  зоҳироташ   маҳкум карда ва зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ меҳисобем»[2].

Дар Паёми соли ҷории худ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2018с.) Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин суханронӣ намудаанд: «Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам. Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаддас мешуморад ва эҳтиром менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боби алоҳида бахшида, дар он тамоми хуқуқу озодиҳои дар Эъломияи ҳуқуқи башар пешбинӣ шударо таҳким додааст ва барои риояи онҳо кафолатҳо муайян кардааст.

Дар самти пурзўр намудани мубориза бар зидди терроризм аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи тадбирҳои пурзўр кардани мубориза бо терроризм» қабул карда шудааст. Аз ҷониби Маҷлиси Олӣ барои пешгирӣ ва мубориза намудан бо терроризм чунин қонунҳо қабул гардидааст: Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»;  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона».

Инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни ҷиноятӣ амал мекунад, ки он ба стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгў буда, мубориза бар зидди терроризмро таъмин менамояд.

Дар муддати солҳои 2006-2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ташкилотҳо ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ эътироф гардидаанд, ба монанди «Аль-Қоида", «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ харакати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурўҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати Ансоруллоҳ»,  «Равияи динии Салафия», «Гурўҳи 24», «Ҳизби наҳзати ислом», ки фаъолияти онҳо дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.           

 

 

Раҳматова М. М.

ДПДТТХ

         Дар чунин шароити бесару сомон ва ноамн байни кишварҳои дунё Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну суббот шинохта шуда, диққати меҳомонони дохиливу хориҷро ҷалб менамояд.


Табиати нотакрор, сулҳу субботаш ва ҳавои софу беғубораш ҷаҳонгардонро мафтун намуда, дубора онҳоро водор месозад, ки ба кишвари мо баргашта, аз тамошояш ба ваҷ биёянд.

         Бинобар, заҳмати шабонарӯзии мақомотҳои дахлдори мамлакат дар Тоҷикистон амн пойдор буда, аз он омӯзиши марказҳову ташкилотҳои  таҳлиливу тадқиқотӣ оид ба амну суббот шабоҳат медиҳанд.

         Маркази таҳлилии Gallup дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё кишварҳоро радабандӣ карда, Тоҷикистонро дар зинаи дуюми амнтаринҳо ҷой додаст.

         Дар ҳақиқат, солҳои охир ташкилотҳои минтақавию ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишварҳои амтарини рӯи замин шинохта баҳои баланд доданд, ки ҳатто бисёре аз кишварҳои дунё ба шаҳрвандонашон барои сайёҳату истироҳат Тоҷикистонро тавсия ва пешниҳод менамоянд.

         Ҳамзамон, шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон солҳои охир афзудааст. Аз руи маълумотҳо танҳо дар соли 2018 наздикии як миллион сайёҳ ба кишвари мо ташриф овардааст.

         Бояд тазаккур дод, ки дар баробари Маркази таҳлилии Gallup  маҷаллаи бритониёии Global Finance низ дар як раддабандӣ Тоҷикистонро кишвари амни Осиёи Марказӣ донистааст.

         Бояд мо тоҷикистониён аз тинҷиву оромии кишвар миннатдорӣ намуда, баҳри боз ҳам оромӣ ва гулгулшукуфоии мамлакат саҳмгузор бошем. Тоҷикистон ба пеш!     

 

 

Комрони Дилбарзод

Ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Ва ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик, пойдор мондани истиқлолият  хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарози аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии сиёсати кунунии Ҷумҳуриамон саҳми сазовореро гузоранд.

Мо бояд донем, ки бобоҳову бибиҳоямон, гарчанде ки синну солашон калон буд, барои имрӯзи озодӣ солҳо ҷангиданду мубориза бурдаанд, ҳоло ҳар яки моро мебояд, ки чун гузаштагони худ ба наслҳои оянда як миллату давлати тинҷу оромро созем, то он ки онҳо низ моро ҳамчун аҷдодони тоҷвар шиносанд ва нагузоранд, ки миллат аз рушд боз монаду туъмаи дигарон шавад.

Мутаассифона, таи солҳои охир на танҳо дар дигар кишварҳо, балки дар кишвари мо низ чандин нафарон симои воқеии худро, ки дар хақиқат бадхоҳон ва экстремистони аслӣ онҳо буданд, бо вуҷуди ин ки ҳамаи он афродон соҳиби вазифаҳои баландмартаба буданду соҳибмансаб, аммо боз ҳам ба ҳамаи ин неъматҳои насибкардаи Худо изҳори ношукрӣ намуда, хостанд халқро ба иғвову дасиса бархезонанд. Ҳамон халқеро, ки ҳоло ҷавон асту мустақилияташро бар ивази ҳазорҳо ҷони абармардони шуҷои миллат ба даст овардааст, ҳоло ҳама экстремисти диниро, ки бадхоҳон эътироф менамоянд, халқи мо тарафдори озодиву ваҳдат, сулҳу амният ва истиқлолият  онро пурра маҳкум менамоем ва дар муттахидии якдигар онро шикаст медиҳем, ба хотире ки он ба амнияти миллии мо бехатарии ҷиддӣ таҳдид менамояд.

Аммо Кабирӣ ва кабири барин бедину беимонон мехоҳанд, ки бобоёни моро, ки алайҳи торикиву зулмат, бесаводиву фунтдаменталӣ мубориза мебурданд, имрӯз душмани миллат ном баранду босмачиҳои ғоратгару зинокор ва хуни мардумхӯрро қаҳрамон.

Ин ҳама аз ношукриву носипоси ва аз бединӣ аст.

 

Назарова Ш.Н.

Устоди ДПДТТ