Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои  ташвишовари  ҷомеа ин, ба равияҳои экстремистии динӣ шомил шудани баъзе ҷавонон ва наврасон мебошад.

Бояд гуфт, уи тероризму экстремизм хатари ҷиддӣ ба амнияти ҳар кишвар буда, он аллакай ба аксарият давлатҳо реша рондааст. Яз тарафи дигар бошад паҳн гаштани он ва ташкили чунин созмонҳои ифротӣ ҷавонони миллати моро низ ба коми хеш кашида истодааст. Дар тинати эшон ҳисси бадбини нисбат ба Ватан модар ва сарзамини поку муқаддасро тарбия намуда аз онҳо сипаре барои маҳви Ватан месозанд. Умуман дар бораи терроризм фикру ақидаҳо мухталифанд ва аз ҷониби таҳлилгарон ва олимони ин соҳа ба таври васеъ шарҳ дода шудаанд.

Дар тамоми Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои ӯ дар мулоқот бо аҳли зиё, ҷавонон дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу равияҳои бегона ба хотири ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст.

Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат оиди ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум кардааст. Натиҷаи ҳамин тадбирандешиҳо буд, ки фаъолияти ғайриқонуни ва ифротии собиқ ҲНИТ ошкор карда шуда, фаъолияташро дар кишвар мамнӯъ карданд. Ҳадафи давлату Ҳукумати кишвар аз он иборат аст, амният ҳамеша таъмин бошад, аз ин хотир ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмиллалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард.

Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи  чораҳо андешида шуда истодаанд. Дар ҳақиқат имрӯзҳо таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат нисбати мардум бениҳоят хос аст. Пас мо насли калонсолро мебояд, ки фарзандонамонро ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпараст тарбия намоем.

Абдусаломова М, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Дар ҳамаи давру замонҳо давлату халциятҳои алоҳида ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллии худ ва расидан ба ҳадафҳои умумибашариву ҳалли муаммоҳои ҷаҳонӣ ба  ҳамгироиву иттиҳод ва эътимоду боварӣ ниёз доранд.

Барои ҳар кадоми мо маълум аст, ки имрўзҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳониро падидаи номатлуб дар садаи нав ба ташвиш овардааст. Яъне зоҳир шудани ташкилоти террорию ифротӣ барои амнияти тамоми аҳолии курраи замин хатари ҷиддиро таҳдид менамояд.

Аз он, ки афзоиши ташкилотҳои террористи ба назар мерасаду он қариб дар тамоми мамолики рӯи замин доман паҳн мекунад, албатта мардуми башардӯсти миллати тоҷикро низ аз ин муаммо бетаъсир намегузорад. Чун мо хабару воқъаҳои мудҳишеро дар барҳамии куштору фасодкориҳои ифротгароён дар кишварҳои дигар мешунавем, ҳисси нафратамон зиёд гашта, худро дар мубориза бо чунин ифротгароён дар канор нахоҳем гирифт.  Зеро миллати фарҳангдӯсту башардӯсти мо аз гузаштаҳо тарафдори сулҳу субот дар рӯи замин буду барои маҳви баъзе ифротгарон талошҳои зиёде ба сомон расонидаанд.

Бояд дарк намуд, ки терроризм, имрўз аз ҷумлаи зуҳурот ва таҳдидҳои муҳимтарини ҷомеаи башарӣ мебошад. Бинобар ин мо бояд ҷидду ҷаҳди якҷояро барои барҳам додани ин зуҳуроти шармовар густариш бахшем. Дар асл ҳодисаҳои даҳсолаҳои охир собит намуд, ки терроризм дар ҳақиқат ҳам таҳдиди асилест ба тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат даъват ба амал оварда, таъкид намуданд: “Бояд тадбирҳое андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими  ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд”.

 Ҳамаи ин даъватҳои Сарвари давлат шаҳрвандони кишварро ҳушёр ва водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба  воқеаҳои ба амаломадаи  кишварҳои ҷангзада ҷиддан эътибор  зоҳир намуда, ба касе иҷозат надиҳем, ки чунин падидаҳо  ҳаёти ҷомеаи кишвари моро халал ворид намоянд. Мо бояд неруи созандагӣ, фаъолияти худро баҳри ҳифз ва таҳкими осоиштагии Ватани маҳбубамон равона созем.

Абдусаломова М, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 Давлати Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол аст ва мардумонаш низ бо шарофати он озодона зиндагонӣ мекунанд. Назарам бар он аст, ки ватанфурӯшоне дар кадом хориҷи мамлакат зиндагонӣ карда аз рӯзгори мардуми мо “нигаронӣ” доранд, гуфтаниам, ки шумо аввал худро аз зиндони кулфат озод намоед. Озодии мардуми тоҷикро фикр мекунанд дар кишвар онҳое, ки масъуланд. Гузашта аз ин мардумони кишвар аз суботу сулҳ комилан розианду шукри даврон мекунанд.

Андешаҳои шуморо иваз кардан мебояд, на ҳама мисли шумост, ки ватанфурӯши кунад, вале шумо  боз ҳам ба ҳамаи ин неъматҳои насибкардаи Худо изҳори ношукрӣ намуда, мехоҳед ин суханони “дилсӯзона”атонро воситаи ба шуриш оварадани марудм истифода кунед.

Тоҷикистони тозаистиқлол, демократӣ ва ягона ҳанӯз аз даврони соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гаштанаш дастовардҳои бениҳоят муҳиму тақдирсозро шарафёб шуд. Албатта ҳамаи ин аз якдиливу якзабонӣ ва дар ҳалли масоили ҷомеа ва рӯзгор аз якмаромии мардумони фарҳангсолораш дарак медиҳад. Зеро мардуми тоҷик дарк менамояд, ки миллатчигӣ кардану маҳалгаро будан ба ояндаи миллати азизамон хатари басо бузургеро таҳдид мекунад. Аз ҳамин лиҳоз ҳамеша талош бар он меварзад, ки якзабону якмиллат ва як қавм шуда, ворисони арзандаи гузаштагонамон бошад.

Мо бояд ҳиввияти миллии худро аз даст надиҳем. Ватанро бештар аз ҷон дӯст дошта, онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Ба он муборизахоҳони наҳзати нишон дода тавонем, ки мо миллату мардуми сарбаландем ва ба баландиҳо меравем.

Таи рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоие, ки аз ҷониби наҳзатиҳо идора ва роҳандозӣ када мешавад, навору маводҳои таблиғи харарктери ифротидоштаро беш аз пеш паҳн карда истодаанд. Яке аз чунин намоиш ё худ “силсилаи чорабинии таблиғотӣ”и онҳо буд, ки тазоҳуроте дар якҷоягӣ бо муовини роҳбари Паймони миллии  Тоҷикистон Алим Шерзамонов ташкил ва гузаронида шудааст. Аҷоибаш дар он аст, ки бо шиору овезаҳо он ҷамъомадагонро тавре оро додаанд, ки гӯё молеро аз гардан баста бошанд. Ва бо дилпурии зиёд иброз медоранд, ки онҳо ба хотири озодии мардуми миллати мо дар кишвар талош дошта бошанд. Ман ба онҳо тавсия медиҳам, ки авал худ аз дасти он наҳзатиҳои мардумфиреб озод гардед, ки шумоёнро чун нӯкар истифода карда истодааст.

Аслан тамоми мардум қатъиян бар зидди онанд, ки кадом як нафари бенишоне аз дигар мамлакат миллати моро назорат намояд. Дар хақиқат чӣ тавр фаъолият намудани аъзоёни собиқ ҲНИ баръало барои мардуми мо эҳсос шудааст ва ягон ҷои зарурат нест, ки нисбати мардуми мо ин қадар “ғамхорӣ” кунанд.

Манзура Машарипова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд