Яке аз масъалахои асосӣ ва муҳимтарини рӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар айни ҳол ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ қарор дода шудааст, ин ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо нерӯи барқ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш  оид ба рушди босуръати гидроэнергетикӣ гуфтаанд, ки «… рушди имрўзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад… Аз ин лиҳоз, мо бунёди нерўгоҳҳои барқи обиро мавриди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши нерўи содиротии кишвар медонем».

Дар мамлакат, дар чанд соли охир, дар ҳалли ин масъала, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пешравиҳои назаррасе амалӣ гаштанд. Масалан, иқтидорҳои мавҷудаи  энергетикии “Норак”, “Сангтуда-1”, “Сангтуда-2”, баланд  бардошта шуд, маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба кор оғоз кард. Табиист, ки дар ин радиф корҳои зиёдеро метавон номбар кард.  Бунёди иншооти аср – неругоҳи барқи обии “Роғун” бошад, дар партави ин корҳо боис ба қайди махсус буда, идомаи кор дар он ба ифтихор ва ғурури миллӣ табдил ёфтааст.

Неруи барқ ва истеҳсоли ҳарчи бештари он барои  пешрафти  иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ, ҳалли масъалаҳои  камбизоатӣ, умуман таъмини рӯзгори шоистаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ нақши босазое дорад.

Неругоҳи барқи обии “Рогун” таърихи нимасра дорад. Барои ин кифоя аст, хотиррасон кунем, ки марҳилаи аввалини корҳои тайёрии сохтмони НБО соли 1976 оғоз ёфта буд.  Нахустин сохтмончиён моҳи сентябри соли 1976 ба Роғун омада, ба кор шурӯъ карданд.

Бояд қайд кард, ки  маҳз давраи истиқлолият ва ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам оварданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузурги барои халқи тоҷик тақдирсоз  аз нав эҳё гарданд.

Дар таърихи даврони истиқлоли сохтмони ин иншооти бузург лаҳзаҳои хотирмон хеле зиёданд. Ин лаҳзаҳо дар хотири ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ нақш бастаанд ва дар таърихи даврони истиқлоли ҷумҳурӣ бо хатҳои заррин инъикос хоҳанд гардид. 

Масалан, метавон ёдовар шуд, ки 29 октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” оғоз гардида буд. Ҳамон рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсан, дар паси чанбараки булдозер қарор гирифтанд ва дар муддати анқариб якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд. Бо ин амал  ба бунёди сарбанди ин нерӯгоҳи азим оғоз бахшиданд. Ин лаҳзаҳо аз тариқи тамоми шабакаҳои ҷумҳурӣ нишон дода шуданд, Дар ин рӯзҳо, пас аз тамошои ин лаҳзаҳо фазои кишварро ҳолати фараҳбахше фаро гирифта буд. На фақат дар васоити ахбори умум, балки дар кӯчаю бозорҳои шаҳру ноҳияҳо низ ин лаҳзаҳои нотакрор мавриди муҳокимаи умум қарор гирифтанд. Дар ниҳодҳои гуногуни ҷамъиятиву давлатӣ бо ифтихори баланди миллӣ одамон аз ин лаҳзаҳо ёдовар мешуданд.

16 ноябри соли 2018 бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба кор дароварда, ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар такони ҷиддӣ хоҳад дод, оғоз бахшида буданд. Ин лаҳзаҳои нотакрор низ аз хотири ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳанд шуд. Дар шаҳрҳои калон, мардум ин лаҳзаҳоро дастҷамъона аз тариқи мониторҳои калон, ки дар маркази  шаҳрҳо насб карда шудаанд, тамошо кард. Шодию сурури одамҳоро ҳадду канор набуд. Майдонҳоро ифтихори миллӣ фаро гирифта буд. Дар ҷабини ҳар тамошобин ҳисси ифтихори миллӣ ва умед аз ояндаи дурахшони кишвар баръало аён буд.

Пас аз ба истифода додани агрегати якум на он қадар вақти зиёде гузаштааст, лекин аллакай, то имрӯз дар нерӯгоҳ зиёда аз 600 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол гардида, ба низоми энергетикии кишвар интиқол дода шудааст.

9 сентябри соли 2019 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваст. Дар роҳи  расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ боз як қадами устуворе гузошта шуд. Дар ин рӯзи таърихӣ бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳ баргузор гардид. Пас аз пахши тугмачаи рамзӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  суханони оташбори “Тоҷикистон ба пеш”-ро такрор ба такрор ба забон оварданд, ки Тоҷикистони азизро бо тамоми сокинонаш ба ларза оварданд. Ин суханон то ҳадде бамаврид гуфта шуданд ва то ҳадде баланд садо доданд, ки аз онҳо ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси кишвар ба ваҷд омад ва сипосу эҳтиром, меҳру муҳаббат дар дили ҳар яки онҳо нисбати ватани азиз ва пешвои муаззами он бамаротиб афзуд.

Пас аз ба хотир овардан ва таҳлили ин се лаҳзаҳои нотакрор, беихтиёр мисраҳои зерин аз қаъри қалби ҳар як шаҳрванди бо нангу номус ба нуги забон омада, дар фазои орому осоиштаи кишвар ба парвоз меоянд.

Номи туро нависем,

Эй қаҳрамони ваҳдат.

Бо оби ноби тилло,

Дар тоқи қасри миллат.

 

Ғуломнабаиев С. Ғ.

Мудири кафедраи ДПДТТХ

 

 

Ватани азизу маҳбуби мо Тоҷикистонро ҳамчун миллату давлати куҳанбунёду соҳибфарҳанг дар арсаи байналмиллалӣ шинохтаву эътироф намудаанд. Дар ҳамин радиф бояд тазаккур дод, ки ин ҳама обрӯву нуфузоте, ки кишвари мо мақоми ҷаҳонӣ пайдо намудааст, маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Пас вазифаи имрӯзаи мо мардум дар он аст, ки ба хотири пойдории ин арзишҳо фаъолият намоем на ба хотири он, ки асосноку беасос бо ошӯбгариву гирдиҳамоии ҷудоиандоз ба ин неъматҳои кишварамон, озодиву ободии он зарба занем.

Маврид ба зикри хос аст, ки имрӯз бояд ҳар кадом аз шаҳрванони баору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафароне хиёнаткору бадрфторон ва кӯрнамаконро маҳкум намоем. Нагузорем, ки ин нохалафон, наҳзатиёни мухолиф хадафҳои нопоки хешро бо воситаи мо амали созанд ва аз номи шаҳрвандони бегуноҳи кишвар дар ҷомеа доғ гузоранд. Макони ин наҳзатиҳои дарбадару ғулом, ки мамлакатҳои ғарб гаштааст аз ҳамон макон садо баланд кардани шудаанд, яъне нияти ба наздики гирдиҳамоӣ доранд. Ҷоизи зикр аст, ки ин ягон гирдҳамоии оддӣ набуда, давоми нақшаи ошӯби дар зиндони шаҳри Хуҷанд сар зада мебошад.

Хизмат ба ватан дар роҳи ҳақиқату адолат барои ҳар кадоме аз шаҳрвандони миллат шараф аст. Ҳимояи обрӯву нуфузи байналмилалии он бошад, вазифаи ҳар мардуми баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Аз ҳамин лиҳоз барои ҳар кадоме аз мардуми шарифи миллати тоҷик ба хусус аз ҷавонони оқилу доно даъват ба амал меоварам, ки хоҳ дар дохили кишвар ва ё хоҳ дар хориҷ иқомат дошта бошанд, ҳам ба фитнаву дурӯғи ин исломгароёне, ки аз рӯӣ «исломшиносӣ» - ашон дар қарни гузашта миллатамон, наздик ба ҳали таназзулёби рӯ ба рӯ гашт, бовар накунанд. Баракси ҳолат бар қасди он душманоне, ки миллати моро, Истиқлолияту ваҳдати милии моро барҳам додан меҳоҳанд, илму дониш омӯхта, бо маърифти баланду маданияти миллати тоҷик бар он ақӣдаҳои ифротии наҳзатиҳо зарбаи ҳалокатбор зананд.

Мутмаинам, ки дар радифи гуфтаҳои дар боло зикр кардаам, тамоми ҷавонони кишвар, ки ояндаи миллати тоҷикро бино месозанд, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дарк ва ба хотири пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар миқёси кишвар талош варзида саҳми босазо хоҳанд гирифт, зеро пеши роҳи чунин ошӯбгаронро танҳо қувваи пешбарандаи халқ, яъне ҷавонони саодатманди диёр бо заковату матонати мардонагии хеш гирифта метавонанд. Ҷавонони азиз, ҳама вақт кӯшиш намоед то ба боварии давлату Ҳукумати кишвар, хосатан, мардуми миллати тоҷик содиқ бимонед.

 

Мавлонова М.

мутахассиси шуъбаи ВАО

Ҳафтаи сипаришуда, бо тасмимоти Созмони аҳдномаи ҳамкори дар Аврупо ё ба истилоҳ САҲА  дар шаҳри Варшава нишасти анъанави, ки ҳамасола вобаста ба вазъи демократия, озодии баён, аҳзоби сиёси ва дар маҷмўъ перомуни раванди рушди ҷомеаи шаҳрванди дар кишварҳо баргузор мешавад анҷом ёфт.


Дар ин нишаст дар баробари кишварҳои дигар аз ҷониби Тоҷикистон низ ашхоси расмию ҳолдон, мутахассисони таҷрибадида ва муассисони созмону ташкилотҳои ҷамъияти иштирок намуда, аз раванди фаъолияти созмону ташкилотҳои ҷамъияти ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёси маълумот пешниҳод намуданд.  

Моҳиятан ин нишасти таоруфи барои иддае аз иштирокдорон муаррифии амалкарди кишварашон, вазъи фаъолияташон дар кишвари иќомат дар як соли сипаришуда ва дурнамои фаъолияташон дар солҳои оянда бошад, аммо барои иддаи дигар ин навъ ҳамоишот минбари ҳисобот додан бар моликону сармоягузорони худ ва майдони ҳузуру намоиши худ дар ҷомеа мебошад.

Аслан афроде, ки аз нишасту ҳамоишоти САҲА ба ҳайси минбари намоишии худ истифода менамоянд, гурўҳу нафароне мебошанд, ки дар кишварҳои дигар бо ҷурмҳои гуногун, аз ќабили таҷовус ба номус, хиёнат ба Ватан, ќочоќи маводи мухаддир, ќатлу куштори инсонҳо ва ё бо ҷурми фасади моли муттаҳам мешаванд, вале бо дастгирии доираҳои манфиатдор фаъолиятҳои худро ҷанбаи сиёси, фарҳанги, ҳизби ва гуманитари бахшида, дар ин ё он кишвар ва аксаран дар давлатҳои аврупои паноҳгоҳ мегиранд ва дар як сол як маротиба дар ин навъ нишастҳо иштироки густарда намуда, шахси худро ҳамчун ҷабрдида нишон медиҳанд. Ва аксаран талош мекунанд, ки дар ин чанд рўз аз худ «фаъоли сиёси», «пешвои дини», «роҳбари ҳизби», «адвакат», «рўзноманигор», «нависанда», «шореҳ» ва чандин тахассуси дигар бисозанд ва худро ҳамчун опозитсия муаррифи созанд.

Агар ҳамоиши мазкурро аз диди таҳлил масъалагузори намоем суолҳое пайдо мешаванд, ки посух пайдо намудан ба онҳо лозим ва ҳатми мешавад, ки яке аз онҳо ин аст: Барои кишварҳои аврупои чи лозим аст, ки ҷинояткоронро дар кишвари худ паноҳгоҳ бидиҳанд, онҳоро сарпарасти намоянд ва аз онҳо ҳимоят намоянд? Таҳлилгарон бар ин бовар ҳастанд, ки аз нигоҳи нишондодҳои таърихи кишварҳои аврупои ҷонибдори намудан аз дуздону ќаллобон, ҳаннотону садрўяҳо ва ҷинояткорони ашадиро як усули таърихии худ дар муносибатҳои давлатдори ва сиёсатҳои фароминтаќави медонанд. Ва ин фирќаи ҷиноятпеша яке аз авлавитҳои онҳо дар сиёсатҳои минтаќавияшон мебошад.

Ба бовари аврупоиҳо дуздону ҷинояткорон яке аз тоифае ҳастанд, ки баъд аз муаммову мушкилоти зиёд ва пайгириҳои ќонуни аз пушташон дар зиндаги чизе ҷуз зинда мондан ва озод будан намехоҳанд. Ва ин фирќаи ҷиноятпеша бо баҳои зиндагии худ ба ҳама кор омода ҳастанд. Ҳатто агар ба ќатли модари худ бошад. Зеро онҳо мадюн ҳастанд. Таърих ҳам собит намудааст, ки ин муносибат дар сиёсатҳои Наполеон, Мусаллини ва Фитлер бараъло намоён буда, онҳо аз ҷинояткорон дастаҳои махсуси таблиѓотию ташвиќоти омода менамуданд. Масалан таъсис намудани «Фронти Туркистон» дар замони Гитлер, ки ҳадафи аслии он ба даст овардани афкори мардумони Осиёи Маркази дар набарди бузург маҳсуб мешуд.

Ин тарзи муносибат ҳоло дар сафи неруҳои ДОИШ дида мешавад, ки аз миёни афроди мутааллиќ ба кишварҳои Осиёи Миёна дастаи мусаллаҳи Хуросон бунёд шудааст.

Бо нигоҳдоштани афроди ҷиноятпешае, ки дар Тоҷикистон бо ҷурмҳои сангин ва ҳатто терроризм мутаҳам мешаванд фарз меравад, ки Аврупо дар садади барангехтани ҷангу низоъ дар Тоҷикистон мебошад. Зеро ҷонибдори аз ҷиноятпеша, баробар ба ҷиноят аст, ки имрўз аврупоиҳо бо пуштибони аз ҷинояткорони фирори худро дар сафи ҷинояткорон ќарор додаанд.  

 

Аслиддин Шарипов, рӯзноманигор

 

Алим Шерзамонов, дабири Анҷумани озодандешон, Шарофиддин Гадоев, намояндаи Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломӣ баёнияи таъсиси эътилофи Паймони миллии Тоҷикистонро дар шаҳри Варшава имзо карданд.

Ин роҳбарони мухолифин, ки худро роҳбарони бо ном ватандӯст мегӯянд, пас куҷост он ватандӯстии онҳо майдон аз далер аст, биёед ба Тоҷикистон марҳамат кани аз боло гузаред некии шумо куҷост ба мардуми барҷомонда, камбағал, ятимон? То мо шуморо ватандӯсту нексиришт, озодандеш, ғамхори миллати тоҷик гӯем. Охир мисли рӯбоҳ аз паси парда истода, бо ёрдамчиёни худ, ки дар аврупо бо маблағҳои хоҷагонатон зиндагӣ доред баромадҳо намуда, мардумро ба гумроҳӣ бурда истодаед. Боз ким-кадом як паймони миллӣ созмон додаед, ин чӣ маънӣ дорад Тоҷикистон ба ягон созмон ниёз надорад. Инро хуб дар хотир нигоҳ доред ватанфурӯшон! Мегӯед ки мо ҳам дар комиссияи оштии миллӣ дар вақташ ҷонбозиҳо кардем. Пас чаро сулҳро созмон дода боз бар зидди он баромад мекунед?

Ин магар аҳмақӣ нест, боз худро Кабирӣ як роҳбари ба гуфти худ созмони  пурнуфуз аст. Магар эй ҳаммаслакони Кабирӣ бесаводро дар сари худ мезанед. Биёед ба Тоҷикистон ба шумо ҷои кор ҳаст зарур нест, ки аз пуштаи як бесавод дар гурезу таҳлукаву азоб монед. Охир он лидерони озодандеш биёед ватанро обод созем, на аз паси вайронии он бошем . Пешвои миллатамон дар барқарор кардани истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ҷонбозиҳое карданд, ки ба мисли Спитамену Шераку Темурмалик аст, ки насли ояндасози миллати мо аз ин қаҳрамониҳо фахр намуда барои ободии миллати худ саҳмгузор мегарданд. Ба ҳамин тартиб Кабирӣ М. рӯирост изҳор мекунад, ки Паймон бо мақсади пуршиддат намудани вазъи иҷтимоии ҷомеа, барҳам задани суботу амният дар мамлакат, таҳрифу бадном кардани фаъолияти мақомоти давлатии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии ҷаҳон, омода намудани замина барои ҷалби шаҳрвандон ва истифода намудани онҳо дар фаъолияти террористӣ ба коркарди идеологии мафкураи шаҳрвандони Тоҷикистон машғул мешавад.

Самти интихобнамудаи стратегияи иттилоотӣ ва ҳадафҳои ниҳоии он бараъло маълум буда, дар порае аз суханони Кабирӣ М. оид ба омодагии Паймон баҳри ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод намудани роҳи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ нишон дода шудааст.

Иқрори Кабирӣ М. худ гувоҳӣ медиҳад, ки барҳам додани сохти конститутсионӣ ҳадаф, муҳтаво ва муҳаррики аслии Паймон мебошад».

Ҳамин тавр, Паймони миллӣ – ТТЭ ҲНИ аст, ки зери номи нав мехоҳад фаъолиятҳои террористии худ ва ҷиноятҳои содирнамудаашро пинҳон намояд. Аммо бояд дар хотир дошт, ки бо иваз кардани номи худ ТТЭ ҲНИ ҳадафҳои ҷиноятӣ ва алоқааш бо ташкилотҳои террористии байналмилалиро тағйир надодааст.

Маҳз аз ин сабаб, коршиносон таъкид мекунанд, ки «бозии элитаи сиёсии ғарбӣ бо ТТЭ ҲНИ ва дар заминаи он ташкили созмони нав, мисли «Паймони миллӣ» метавонад натиҷаи ноустувор ва ё баръакс ба бор оварад. Дар ниҳоят террористони ТТЭ ҲНИ-и бо пули андозсупорандагони давлатҳои ғарбӣ ташаккул ёфта, ҳар лаҳза метавонанд аз зери назорат хориҷ шаванд ва мисли силоҳро сӯйи хоҷагони худ гардонанд, ки назирашро аз таърихи амалиёти пинҳонии мақомоти махсус мушоҳида кардан мумкин аст. Дар он ҳолат «ТТЭ ҲНИ ба хор ё зиребае дар дили Аврупо табдил меёбад, ки халосӣ аз он кори душвор хоҳад буд».

 

Норов И.

Омӯзгори ДПДТТХ

 

Миллати тоҷик аз азал ободкору созанда ва сулҳхоҳу тамаддунофар буданд. Ҳамин рисолати мардумони тоҷик ва миллати соҳибистиулолбуд, ки то кунун мо ба дастовардҳои беназире қариб дар ҳамаи соҳаҳо шарафёб гардидаем. Хушбахтиовар он аст, ки имрӯз натиҷаи ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бори дуюм шоҳиди он гаштем, ки дар ҳақиқат миллати мо ба истиқлолияти комили энергетикӣ расида истодааст. Ба истифода додани чархаи дуюми НОБ-и Роғун як воқеаи ниҳоят муҳиму тақдирсоз ва ҷашни хираду нури оянда аст. Мо миллати ободем ва давлати пойдор ҳам ҳастем, чун мамлакати мо дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун миллати рӯ ба тараққӣ ниҳода ҷойгоҳи амиқи худро ёфтаем. Аммо имрӯзҳо нафаронеро вомехӯрем, ки ношукрӣ аз ин даврони соҳибистиқлолӣ намуда, майл бабегонапарстӣ мекунанд. Намеандешанд, ки оқибати он даҳшати зиёд меоварад, аввал ба худашон ҷабр мекунанд баъдан ба мардумони миллат. Инак мо боз ба пирӯзиву муваффақият расидем, чун кишварамон пеш мераваду аз пешравиҳою музаффариятҳо бархурдор аст. Аминем, ки маҳз бо шарофати Пешвои миллат, диёрамон аз имрӯз дида бештар зебою ободтар мегардад ва ҳамаи чор ҳадафи асосии давлат дар партави сиёсати ин марди хирад дар амал татбиқ хоҳад гашт. Бигзор ҳамеша Тоҷикистон осмони софу беғубор ва сулҳи абадӣ дошта бошад ва аз нури Роғун кошонаи ҳар тоҷику Тоҷикистонӣ мунаввар гардад.

Абдукодир А.

Декани факултети сохтмон ва нақлиёт