Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид менамоянд, ки терроризму экстремизм чун вабои аср миллату Ватан ва дину мазҳаб надорад.

Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи наврасону ҷавонон ва ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон  кардааст.

Дар тамоми суханрониҳо ва вохӯриҳои Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир ба самтҳои асосии вазъи ҳаёти мардуми кишвар, зарурати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ғамхории холисона зоҳир намудан ба ҷавонон, танзими анъанаву маросимҳои миллию динӣ, таъмини риояи муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва нишон додани осори пурарзиши гузаштагон дар тақвияти истиқлолият ва пойдории фарҳанги миллӣ супоришҳои судманд пешниҳод мегардад. Махсусан, соли 2017 соли Ҷавонон эълон гардидан, ин як иқдоми неке буд, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Хушбахтона, ҷавонони ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо насли хушбахтанд, ки дар фазои озоди соҳибихтиёрӣ фаъолият мекунанд. Ташаббуси навбатии Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосири тоҷик ва соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 барои пешгирӣ намудани шиддати ифротгароӣ ва рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон мусоидат мекунад ва мақсаду ҳаваси онҳоро барои анҷоми корҳои неку писандида афзун мегардонад.
-Мутаассифона, баъзе ҷавонони тоҷик низ ба гумроҳию гумномӣ меравад, аз наслу мақсади таблиғгарон хабар надоранд. Пӯшида нест, ки иттилоот дар бораи ин падидаи номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм дар шабакаҳои интернетӣ зиёд аст. Аксар ҷавонони беандеша ба тавассути сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ба ин гуруҳҳо шомил мегарданд. Яъне ин ҷавонон оқибати амалҳои номатлубро дарк намекунанд ва аз оқибати каҷравӣ ва худкушиҳои бемаънии дигарон сабақ намегиранд.
Ҳаёти худ ва дигаронро дар зери хатар мегузоранд.Чаро ҳаёти кӯдакону занону мардон ва ҷавонони бегуноҳ барои як роҳгумзада дар хатар бошад? Онҳо чӣ гуноҳ доранд?Ҳар яки онҳо бо як орзуву умед ба дунё омадаву дар зиндагӣ нақшҳои зиёде доранд. Сад афсӯс, ки қатли инсонҳо барои террористон воситаи фаъолияти навҷавонмардонаашон қарор гирифтааст.

Имрӯз, ки мо дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва дунявӣ зиндагӣ мекунем, таълиму тарбияи насли наврас мақсаду мароми асосии пешгирифтаи давлату ҳукумат буда, рушди ояндаи ҷомеаро бе тарбияи дурусти он душвор мегардонад.

Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои муҳими террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест,ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд.

Хулоса, мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс террорист - ватан, дин, мазҳаб надорад.

Мо бояд ҳар нафас шукри ин неъмати Худованд чун Истиқлолияти давлатиро кунем, ки ба ин ганҷи бебаҳо ва сулҳу суботи кишвар шарафёб гаштаем. Ватани тозаистиқлоли мо дар ин муддати на он қадар тўлонӣ ба пешравию дастовардҳои бузург ноил гашт, ки бори дигар аз сиёсати хирадмандонаи роҳбари муаззами кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Малика Косимова, устоди кафедраи иқтисодиёти соҳавии ДПДТТ, омӯзгори калон

 


 

Дар замони истиқлолияти давлатӣ дар кишвари зебову биҳиштосои мо шароити хуби зиндагони фароҳам оварда шуд. Ин аст, ки мардуми кишвар бо шукргузорӣ аз ин даврони пешрафту тараққиёти кишварр сарфарозу ифтихорманданд.

Боиси хушиқболиву сарафрозиҳои мо ҷавонон, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату ҳукумати кишварам таваҷҷӯҳи худро нисбати мо ҷавонон хело боло бардошт. Албатта мо ҷавонон низ дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллатро дарк менамоем.

Мутаассифона душманону хиёнаткорони миллат ба мисоли асри гузашта, ба таври худ ангезаи шӯру ғавғо бардоштанианд. Хосатан Кабирӣ, ки дар гузашта раиси собиу ҲНИ буду имрӯз бо номи Паймони миллӣ ташкилоти ифротӣ дорад, хело аз ҳаддаш гузаронида истодааст. Дар асл ӯ бояд донад, ки бо ном иваз кардани онҳо ҳеҷ гоҳ виҷдони онҳо иваз намешавад. Ташкили Паймони миллии ба ном Тоҷикистон танҳо ниқобест ба рӯи онҳо, ки худро ҳамчун мусичаи бегуноҳ вонамуд созанд. Аммо чунин найрангу ғалатҳоро имрӯзиён тоқат надоранд. Ҳамин буд, ки фаъолияти ғаразноки наҳзатиҳоро манъ карданд. Ва аз ин ҳамаи марудми тоҷик хурсанд ҳам ҳаст, ки бо мамнӯъ гаштани фаъолияти он нобакорон амнияти миллат бештар таъмин гардид. Зеро мардуми тоҷик акнун нафаси озод кашида метавонанд, бидуни чунин ҷинояткорон вайронкорон.

 Ватандӯстиву ватансозӣ ва созандагиву бунёдкорӣ вазифаи ҳар як ҷавонмарди масъулиятшинос аст. Оне, ки қарзи худро дар назди Ватан содиқона адо мекунад, пас қарзи фарзандиро низ барои модар адо кардааст. Зеро Ватан низ мисоли модар аст, азиз аст, чун барои ҳар яки мо оғӯши гарм мекушояд. Моро танҳо содиқ будану вафодорӣ мебояд, чун ҳамин асолат ҷавонмардии ҳар кадоми моро вонамуд месозад. Хиёнату ҷаҳолат аз рӯи одоби ҷавонмардона нест, зеро он танҳо хасоили онҳоеро дар бар мегирад, ки ифротгаранду террорист. Онҳо Ватан надоранд. Онҳо модар надоранд. Онҳо танҳо ба қавли худашон “шеф” доранд, ки тамоми ҳаёти онҳо дар дасти онҳост.

Юсупова Маҳбуба муаллим коромӯз кафедараи Иқтисодиёти соҳавӣ

 

Дар ҳамаи давру замонҳо давлату халциятҳои алоҳида ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллии худ ва расидан ба ҳадафҳои умумибашариву ҳалли муаммоҳои ҷаҳонӣ ба  ҳамгироиву иттиҳод ва эътимоду боварӣ ниёз доранд.

Барои ҳар кадоми мо маълум аст, ки имрўзҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳониро падидаи номатлуб дар садаи нав ба ташвиш овардааст. Яъне зоҳир шудани ташкилоти террорию ифротӣ барои амнияти тамоми аҳолии курраи замин хатари ҷиддиро таҳдид менамояд.

Аз он, ки афзоиши ташкилотҳои террористи ба назар мерасаду он қариб дар тамоми мамолики рӯи замин доман паҳн мекунад, албатта мардуми башардӯсти миллати тоҷикро низ аз ин муаммо бетаъсир намегузорад. Чун мо хабару воқъаҳои мудҳишеро дар барҳамии куштору фасодкориҳои ифротгароён дар кишварҳои дигар мешунавем, ҳисси нафратамон зиёд гашта, худро дар мубориза бо чунин ифротгароён дар канор нахоҳем гирифт.  Зеро миллати фарҳангдӯсту башардӯсти мо аз гузаштаҳо тарафдори сулҳу субот дар рӯи замин буду барои маҳви баъзе ифротгарон талошҳои зиёде ба сомон расонидаанд.

Бояд дарк намуд, ки терроризм, имрўз аз ҷумлаи зуҳурот ва таҳдидҳои муҳимтарини ҷомеаи башарӣ мебошад. Бинобар ин мо бояд ҷидду ҷаҳди якҷояро барои барҳам додани ин зуҳуроти шармовар густариш бахшем. Дар асл ҳодисаҳои даҳсолаҳои охир собит намуд, ки терроризм дар ҳақиқат ҳам таҳдиди асилест ба тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат даъват ба амал оварда, таъкид намуданд: “Бояд тадбирҳое андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими  ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд”.

 Ҳамаи ин даъватҳои Сарвари давлат шаҳрвандони кишварро ҳушёр ва водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба  воқеаҳои ба амаломадаи  кишварҳои ҷангзада ҷиддан эътибор  зоҳир намуда, ба касе иҷозат надиҳем, ки чунин падидаҳо  ҳаёти ҷомеаи кишвари моро халал ворид намоянд. Мо бояд неруи созандагӣ, фаъолияти худро баҳри ҳифз ва таҳкими осоиштагии Ватани маҳбубамон равона созем.

Абдусаломова М, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои  ташвишовари  ҷомеа ин, ба равияҳои экстремистии динӣ шомил шудани баъзе ҷавонон ва наврасон мебошад.

Бояд гуфт, уи тероризму экстремизм хатари ҷиддӣ ба амнияти ҳар кишвар буда, он аллакай ба аксарият давлатҳо реша рондааст. Яз тарафи дигар бошад паҳн гаштани он ва ташкили чунин созмонҳои ифротӣ ҷавонони миллати моро низ ба коми хеш кашида истодааст. Дар тинати эшон ҳисси бадбини нисбат ба Ватан модар ва сарзамини поку муқаддасро тарбия намуда аз онҳо сипаре барои маҳви Ватан месозанд. Умуман дар бораи терроризм фикру ақидаҳо мухталифанд ва аз ҷониби таҳлилгарон ва олимони ин соҳа ба таври васеъ шарҳ дода шудаанд.

Дар тамоми Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои ӯ дар мулоқот бо аҳли зиё, ҷавонон дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу равияҳои бегона ба хотири ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст.

Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат оиди ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум кардааст. Натиҷаи ҳамин тадбирандешиҳо буд, ки фаъолияти ғайриқонуни ва ифротии собиқ ҲНИТ ошкор карда шуда, фаъолияташро дар кишвар мамнӯъ карданд. Ҳадафи давлату Ҳукумати кишвар аз он иборат аст, амният ҳамеша таъмин бошад, аз ин хотир ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмиллалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард.

Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи  чораҳо андешида шуда истодаанд. Дар ҳақиқат имрӯзҳо таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат нисбати мардум бениҳоят хос аст. Пас мо насли калонсолро мебояд, ки фарзандонамонро ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпараст тарбия намоем.

Абдусаломова М, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Тоҷикистони тозаистиқлол, демократӣ ва ягона ҳанӯз аз даврони соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гаштанаш дастовардҳои бениҳоят муҳиму тақдирсозро шарафёб шуд. Албатта ҳамаи ин аз якдиливу якзабонӣ ва дар ҳалли масоили ҷомеа ва рӯзгор аз якмаромии мардумони фарҳангсолораш дарак медиҳад. Зеро мардуми тоҷик дарк менамояд, ки миллатчигӣ кардану маҳалгаро будан ба ояндаи миллати азизамон хатари басо бузургеро таҳдид мекунад. Аз ҳамин лиҳоз ҳамеша талош бар он меварзад, ки якзабону якмиллат ва як қавм шуда, ворисони арзандаи гузаштагонамон бошад.

Мо бояд ҳиввияти миллии худро аз даст надиҳем. Ватанро бештар аз ҷон дӯст дошта, онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Ба он муборизахоҳони наҳзати нишон дода тавонем, ки мо миллату мардуми сарбаландем ва ба баландиҳо меравем.